Латифи Пидром: Манзур аз тағйир ин нест, ки "Калашников" бигиранд

Латифи Пидром ҳангоми мусоҳиба дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе

Панҷ сол пеш, 15-уми августи соли 2021, низоми ҷумҳурият дар Афғонистон фурӯ пошид ва гурӯҳи "Толибон", ки дар ниме аз ҷаҳон созмони ифротгарову террористӣ аст, дубора дар ин кишвар ба қудрат расид.

Баъзе аз кишварҳо ва чеҳраҳои пуштибони "Толибон" мардумро қаноат медоданд, ки онҳо дар муқоиса ба ҳукуматдории аввали худ тағйир кардаанд ва бо мардуму дунё рафтори дигаргуна хоҳанд дошт. Дар панҷ соли гузашта ба истиснои як ё ду кишвар, ҷомеи ҷаҳонӣ ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохт ва ин гурӯҳ худу Афғонистонро дар инзиво қарор дод.

Чаро "Толибон" дубора ба қудрат расид? Вазъи мардум, бавижа занону духтарон, дар Афғонистон чӣ шуд? Сарнавишти Афғонистон ба куҷо мекашад? Мухолифини "Толибон" чӣ кор карда метавонанд? Посухи ин ва пурсишҳои дигарро аз раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, адиб ва назарияпардози шинохташуда, Латифи Пидром, пурсидем.

“ГУФТАНД, МО БО ТОЛИБОН ГАП МЕЗАНЕМ, АММО...”

Радиои Озодӣ: Панҷ сол пеш, ҳангоми суқути ҷумҳурии исломии Афғонистон, шумо бо ҷамъе аз сиёсатмадорон дар Покистон будед. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳастед. Аз он рухдод чӣ ёддоштҳое доред?

Латифи Пидром: “Вақте дар моҳи августи соли 2021 ҳокимияти Афғонистон суқут кард, мо як сафаре ба Покистон доштем. Он сафар қабл аз ин барномарезӣ шуда буд. Ман аз Душанбе рафта будам, бақия аз Кобул омаданд. Тасаввур ин буд, ки мақомоти Покистон дар воқеъ бар “Толибон” нуфуз доранд ва “Толибон” аз инҳо ҳарф мешунаванд ва дастур мепазиранд. Он вақт як-ду вилоят монда буд, ки Толибон ҳанӯз нарасида буданд, яке Бомиён ва дигаре Панҷшер. Баҳси мо бо раҳбарони Покистон, аз ҷумла раиси ISI (Хадамоти истихборот), раиси ситоди артиш ва нахуствазир, раисҷумҳур ва вазири умури хориҷии он кишвар ин буд, ки ҳадди ақал ин ду вилоят аз тариқи тафоҳум ҳал бишавад. Ба як роҳҳалҳои муносиб бирасем. Покистониҳо аввал ҳарфашон ин буд, ки “мо бо Толибон гап мезанем”. Агар шавад, шумо баргардед ба Афғонистон ва бо Толибон гуфтугӯ кунед. Аммо рӯзи дувум комилан мавзеашон тағйир кард. Ҷавид Боҷуво, раиси ситоди артиш гуфт, мо бо Толибон дар тамос ҳастем, вале алъон Толибон намепазиранд, ки шумо бо онҳо гуфтугӯ кунед. Ҳоло қудрат дар ихтиёрашон ҳаст ва табиатан онҳо Толибони чанд рӯз пеш нестанд. Баъд Боҷуво гуфт, мо фикр намекардем, ки Кобул ба ин суръат суқут мекунад, ҳадди ақал назари мо ва амрикоиҳо ин буд, ки 6 моҳ ё якуним сол тӯл бикашад, ки Толибон Кобулро бигиранд. Мо дидем, ки наметавонем бо покистониҳо ба тафоҳум бирасем. Покистониҳо ҳам бисёр хушҳол буданд, ки Толибон Кобулро гирифтаанд. Файз Ҳамид, раиси ISI (Хадамоти истихборот), низ он вақт дар меҳмонхонаи “Серена”-и Кобул қаҳваашро нӯши ҷон карда буд. Гуфтанд, ҳар касе аз куҷое омада буд, баргардад. Ман ба Душанбе омадам, бақия ба Туркияву Инглистону ҷойҳои мухталиф рафтанд. То алъон вазъият ин тавр аст.”

Лаҳзае аз гуфтугӯи Иршод Сулаймонӣ (рост) бо Латифи Пидром (чап)

Радиои Озодӣ: Агар ҳузури имрӯзаи “Толибон”-ро дар қудрати Афғонистон як таърифи мушаххас бидиҳем, чӣ аст?

Латифи Пидром: “Шумо вақте дар робита бо қудрат гап мезанед, аз назари ҳуқуқӣ ва ҳам аз назари фиқҳи исломӣ мо як истилоҳ дорем. “Аъмоли назорати муассир". Маънояш ин аст, ки як қудрати дохилӣ, як ҳизб, як гурӯҳ, чап, рост, мусалмон, коммунист ё марксист меояд, ҳокимиятро соқит мекунад, қудратро дар ихтиёри худ мегирад. Аъмоли назорати муассир аз назари ҳуқуқи байналмилал то замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1992 як асли пазируфташуда буд. Ба ин маъно, ки агар як гурӯҳи инқилобӣ меомад, инқилоб мекард, қудрати сиёсиро мегирифт, Созмони Милал ба расмият мешинохт. Масалан, Ветнам, Куба, ҳамин тавр шумо ҳисоб кунед, Камбоҷа, Лаос. Инҳо дар ҷангҳои чирикӣ омаданду қудратро гирифтанд. Аъмоли назорати муассир маънояш ин аст, ки оё нерӯе, ки қудратро гирифт, метавонад як амнияти сартосарӣ таъмин бикунад ё на? Агар он замон шумо метавонистед амнияти сартосарӣ таъмин бикунед, Созмони Милал ба расмият мешинохт, сарфи назар аз инки чап ҳастед ё рост. Машрӯияти демократӣ баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ матраҳ шуд, бахусус баъд аз ҷанги Никарагуа. Амрикоиҳо омада, гуфтанд, чун чапҳо, нерӯҳои чирикӣ омаданду қудратро гирифтанд, мо низомҳоеро, ки аз тариқи инқилоб, ҳоло чӣ инқилобҳои тудаӣ ё ҷангҳои чирикӣ ба қудрати сиёсӣ бирасанд, ба расмият намешиносем, чун машрӯияти демократӣ надоранд. Толибон дар миёнаи ин дуто масъала алъон афтоданд. Ба лиҳози ҳуқуқӣ: яке машрӯияти демократӣ, ки надоранд, аммо аз назари исломӣ ғалаба доранд. Яъне ба қудрат омадаанд, гирифтанд ва ин ғалабаро доранд. Вале аз назари мо ба далоили ғасб ва ба далоили эъмоли султае, ки дар манотиқи шимол мекунанд, мо мегӯем ғайридемократӣ аст.”

ЧАРО ҶАҲОН ТОЛИБОНРО БА РАСМИЯТ НАШИНОХТ?

Радиои Озодӣ: Дар ҳар сурат, фикр мекунед, ки дар ин панҷ сол чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибонро ба расмият нашинохт ё чаро Толибон муваффақ нашуданд дигаргуна будани худашонро собит кунанд ва машрӯияти байналмилалӣ ё минтақаӣ касб кунанд?

Латифи Пидром: “Бубинед, бо таваҷҷуҳ ба он чӣ алъон дар Ховари Миёна, дар Фаластин, дар Ғазза, дар Амрикои Лотин, дар Венесуэла ва ҳамин тавр кишвари худи мо мебинам. Масъала ин нест, ки ҳоло демократия дар ин кишварҳо муҳаққақ мешавад ё на. Худашон ҳам намегӯянд, ки ҳадафи мо пиёда кардани демократия аст. Ҳоло ман дигар намехоҳам зиёд ишора бидиҳам, шумо беҳтар аз ман медонед инҳоро. Аммо як баҳона ҳаст: масъалаи занон, ҳуқуқи занон, ҳаққи кор, ҳаққи иштиғол, интихобот ва он машрӯияти демократӣ, ки ман хидмати шумо арз кардам. Онҳо ба ҳар ҳол заминае буд, абзорҳое буд, ки муттакӣ ба он абзорҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибонро ба расмият нашинохт. Дувум, Толибон дар хеле масъалаҳо ҳам натавонистанд канор биёянд. Масалан, бо Созмони Милал, бо UNAMA, дафтари вижаи СММ барои Афғонистон ва бахусус масъалаи ҳуқуқи занон ва инҳо. Ин як тарафи қазия буд, масъалаи ҳуқуқӣ, масъалаи сиёсиаш. Аммо тарафи дигар ин аст, ки ба назари ман, зиёд ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ моил набуд. Бибинед, ҳамеша, аз замоне ки Афғонистон сохта шуда, ҷаъл шуда. Ҳамеша маҳалли буҳронҳои бисёр ҷиддӣ будааст байни Русия ва он замон Ингилистон, алъон Чину инҳо. Ҳоло кишварҳои мухталиф метавонанд аз ин нукта, аз ин ҷо истифода бикунанд. Яъне баҳси давлатсозӣ барои кишварҳои калон ҳам матраҳ набуд. Барои инки агар мехостанд, як давлати қонунманд ин ҷо шакл бигирад, ин давлати қонунманд ва машруъ бояд посухгӯ мебуд. Алъон дар Афғонистон як сохторе ҳаст, ки метавонад мавриди истифодаи қудратҳо қарор бигирад, бидуни ин ки посухгӯ бошад.”

Радиои Озодӣ: Агар ман фикри шуморо дуруст гирифта бошам, яъне мехоҳед бигӯед, ки Толибон ба он хотир ба расмият шинохта нашудаанд, ки ин барои қудратҳо зиёд муҳим набуд?

Латифи Пидром: “Дақиқан.”

Радиои Озодӣ: Агар муҳим мешуданд, оё қудратҳо метавонистанд рӯйи “Толибон” фишор биёваранд ва масъалаҳое мисли мушкили занону духтаронро ба онҳо таҳмил кунанд?

Вақте занҳо... дарс намехонанд, кор намекунанд, шумо ҷомеаи маданӣ сохта наметавонед. Ин як асли ҷомеашиносӣ аст ва ин хатарнок, фоҷеабор аст. Шумо бо як ҷомеаи примитив, ибтидоӣ, ақибмонда ва рустоӣ сару кор доред.

Латифи Пидром: “Агар, воқеан мусаммам мебуданд барои ин ки ин қазияро яктарафа бикунанд, мисле ки дар соли 2001 карданд, метавонистанд асар бигузоранд. Аммо бо таваҷҷуҳ ба буҳронҳои калоне, ки дар сатҳи минтақа, дар Укроин, дар Эрон, дар Халиҷ аст, бисёр ба ин масъала напардохтанд.”

Радиои Озодӣ: Шумо чанд ҷо ишора кардед ва дар баҳси ҳукумати Толибон мавзӯи канор задани занону духтарон, як бахши муҳимми ҷомеаи Афғонистон, яке аз масъалаҳои ҷиддӣ аст, ки матраҳ мешавад. Барои як кишвар нодида гирифтани ниме аз ҷомеа чӣ пайомадҳо дошта метавонад? Махсусан барои ҷомеаҳои суннатие мисли Афғонистон?

Латифи Пидром: “Аввалин баҳсе, ки ба лиҳози ҳуқуқӣ мусаллам аст, мутобиқи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ҳаққи ҳаёт, ҳаққи кор, ҳаққи озодӣ аст. Ин ҳаққи башарӣ, ҳуқуқи инсонӣ аст. Бигзарем аз ин ки ин чӣ қадар барои Афғонистон муфид аст ё нест, Толибон доранд ин ҳаққи мусаллам, ҳуқуқи инсонӣ ва ҳуқуқи башарро дар воқеъ нодида мегиранд. Яъне лагадмол мекунанд. Ин як баҳси инсонӣ ва ахлоқӣ аст. Аз ин назар, коре, ки Толибон анҷом медиҳанд, мусалламан қобили дифоъ нест. Аммо пайомадҳояш чист? Пайомадҳояш ин нест, ки ҳоло занҳо дарс намехонанд. Пайомадҳояш ин аст, ки алъон шумо дар заминаҳои илмии тахассусӣ, бемористонҳо, зани мутахассис надоред, ки агар як хонуме бемор мешавад, биравад пеши пизишкон (духтурон)-и зан муолиҷааш бикунад. Баъд дар заминаҳои мухталиф, Афғонистон, ҳоло омор ҳам ки надорем, саршуморӣ нашуда, 40 миллион ҷамъият дошта бошад, вақте 20 миллион одамҳои як кишвар дар воқеъ таътиланд, бекоранд ва кор намекунанд, хуб шумо як нерӯи азими башариро доред фалаҷ мекунед. Як нерӯи азими инсониро доред аз байн мебаред, сарфи назар аз он баҳсҳои ҳуқуқибашарӣ. Бинобар ин, шумо ақиб мемонед, наметавонед пеш биравед вақте 20 миллион ҷамъияти шумо кор намекунад, дарс намехонад, мадраса намеравад... Вақте занҳо, 20 миллион, ҳоло кам ё зиёди Афғонистон дарс намехонанд, кор намекунанд, шумо ҷомеаи маданӣ сохта наметавонед. Ин як асли ҷомеашиносӣ аст ва ин хатарнок, фоҷеабор аст. Шумо бо як ҷомеаи примитив, ибтидоӣ, ақибмонда ва рустоӣ сару кор доред.”

“АЪЛЪОН БАРОИ ЧӢ МЕХОҲӢ БИҶАНГӢ?”

Радиои Озодӣ: То таҳаввулоти охир дар Бадахшон ва ҷойҳои дигар, яке аз корҳое, ки Толибон бо он бисёр менозиданд, ин буд, ки “мо ба ҷангу хунрезиҳои калон поён додем ва амният овардем”. Ҳоло амнияти “Толибон” аз нигоҳи шумо дар хатар афтодааст?

Латифи Пидром: “Бидуни шак. Бибинед, аввал қудратҳо ба лиҳози ҷомеашиносӣ мутағайиранд, яъне зоти қудрат ин тавр аст. Дар баландмуддат ё кӯтоҳмуддат ишколе надорад, вале алъон ҳаводисе, ки дар Бадахшон эҷод шуд, дар воқеъ ҳушдори калон барои Толибон буд, ки наметавонад ин гуна идома биёбад. Як норизоятии сартосарӣ дар кулли кишвар нисбат ба Толибон, албатта, вуҷуд дорад, бахусус масъалаи занон, таҳсил, кор ва фақр. Ва бидуни шак, худашон ҳам мутаваҷҷеҳ ҳастанд, ки доранд бо ҳаракатҳои худбахудии мардум мувоҷеҳ мешаванд, ҳатто агар созмонёфта ҳам набошад. Вале ин хашмро, ки дар Бадахшон мебинед, дар хеле вилоёт дар баробари Толибон дорад забона мекашад. Инҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ин тавр наметавонанд ҳукумат бикунанд, бахусус Бадахшон дар воқеъ як ихтори бисёр муҳимме буд барояшон.”

Радиои Озодӣ: Вале як чизе, ки дар баробари ҳамин таҳаввулот бисёр сару садо баровард, изҳори назар ё мавзеъгирии шумо буд. Шумо бо ин ҷабҳаҳое, ки алайҳи Толибон эълони ҷанг ва мубориза карданд, ҳамсадо нашудед ва онҳоро ба навъе мудохилаи хориҷӣ таъриф кардед.

Ин одамҳое, ки алъон мегӯянд, мо мехоҳем Афғонистонро озод кунем, яке аз авомили фурӯ афтодани Афғонистон дар ихтиёри Толибон буданд.

Латифи Пидром: “Бубинед, ман як таҷрибае дорам, таҷрибаи зистии худи ман дар Афғонистон аст. Ман вакили порлумон будам, масъулияти ҳизбро дорам. Ҷабҳаҳоеро, ки эълони ҳузур карданд, мешиносам, яъне мисли ин ки алъон шумо рӯбарӯи ман нишастед, ин тавр мешиносам. Баъзе аз одамҳое, ки дар ин ҷабҳаҳо ҳузур доштанд ва иддао доштанд, ки барои ҷунбиши озодибахш мубориза мекунанд, на ҳамаашон, бархе аз онҳоеро, ки ман дар бораашон мегӯям, кормандони қаблии Шӯрои амнияти ҳукумати Ашраф Ғанӣ (раисҷумҳури собиқи Афғонистон) буданд. Ин одамҳое, ки алъон мегӯянд, мо мехоҳем Афғонистонро озод кунем, яке аз авомили фурӯ афтодани Афғонистон дар ихтиёри Толибон буданд. Ба хотири суистифода, ба хотири ҷиноят, барои зарандӯзӣ, ба хотири ин ки масъули вазоратҳои дифоъ, амният, дохила буданд, фирор карданд. Бубинед ман Эрон будам, яке аз дӯстони эронӣ мегуфт, бисёр ҷолиб аст, аввалин одамҳое, ки мо дар марзи Афғонистону Эрон бо инҳо бармехӯрдем, ҷенеролҳои артиши шумо буданд. Кам ҳам набуданд, 10 ҳазор ҷенерол, 5 ҳазор ҷенерол, ҳар кас, ки меомад, мегуфт: "ман ҷенерол будам." Ин ҳама ҷенерол дар ин кишвар ва қабл аз одамҳои одӣ, қабл аз сарбозонашон фирор карданд. Хуб, бубинед, инҳо масъуланд. Вазирони дифоъ фирор карданд, раисони ситоди артиш фирор карданд, ҳамин одамҳое, ки алъон доранд мегӯянд, мо бо Толибон меҷангем, масъулони дараҷаи яки мамлакат ба лиҳози низомӣ буданд. Ман баҳсам ҳамин буд, аммо ту, ки меҷангӣ, алъон барои чӣ мехоҳӣ биҷангӣ? Бароямон рӯшан бикун, ки ба хотири эҷоди як давлати демократӣ, як сохтори федеролӣ, ҳуқуқи ақвом дар як вазъияти ҷадид мехоҳӣ биҷангӣ ё мехоҳӣ дубора баргардӣ дар Кобул ва дубора масалан вазири дифоъ бошӣ? Агар чунин чизе ҳаст, ман ин ҷангро таъйид намекунам. Он бачаҳое, ки дар Бадахшон ҷангиданд дар Яфтал, ман мешиносам, бачаҳои худи Яфтали Бадахшон буданд. Ба ҳеч созмоне, кишваре шабакае робита надоранд. Вале бархе аз ҷангҷӯёне, ки иддао карданд, мо дар фалон вилоят, дар Бадахшон дорем меҷангем, ман мешиносам, ки ба куҷо робита доранд. Ман баҳсам ин аст, ки агар қарор аст касе кушта бишавад, ҷавононе, ки бояд ҷонашонро бисупоранд, фидо бикунанд, ин бор мо бояд сохторе эҷод кунем, ки ҳар як мардуми Афғонистон дар инҷо ҳузурашонро бубинанд ва тасмимгирӣ бояд дохилӣ бошад, бояд миллӣ бошад, бояд мардум тасмим бигиранд, ҳатто агар дер бошад, дур бошад, сахт бошад. Вақте кишвари дигаре аз берун барои шумо меояд низом месозад, хуб боз фардо агар ҳарфашро нагирифтед, шуморо соқит мекунад. Ин масъала буд, ки ман мухолифат кардам. Баъд як идда мухолифони мо ин тавр таблиғ карданд, ки Пидром гуфтааст, аслан набояд бо Толибон ҷангид. Ман баҳсам ин набуд.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷабҳа, Шӯро, Ҳизб... Аз даъвоҳои бузург то парешонии мухолифони "Толибон"

Радиои Озодӣ: Оё ин баҳс матраҳ нест, ки инҳо мехоҳанд хатоҳои пешинашонро ҷуброн кунанд? Яъне ба ин натиҷа расиданд, ки баъзе хатоҳое карданд.

Латифи Пидром: “Шумо дар сиёсат, дар фиқҳ, дар илм як-ду истилоҳ доред, мегӯянд ҳусни феъл ва ҳусни фоил. Ҳусни феъл ба маънои ин аст, ки коратон кори дуруст бошад. Ҳусни фоил ин аст, ки шумое, ки ин иддаоро доред, худатон чӣ тавр ҳастед? Ин нест, ки шумо 10 сол, 20 сол ҷиноят бикунед, одам бикушед, қатл бикунед, баъд биёед бигӯед, хуб, ҳоло мо як иштибоҳе карда будем, моро бубахшед. Ин тавр намешавад. Мо ҳаққулъабд (ҳаққи бандаҳо) дорем, ҳаққуллоҳ (ҳаққи Худо) дорем. Инҳо бояд ҳаққулъабди худро посух бигӯянд ба мардум. Одам, ту моро таслими Толиб кардӣ, ҳоло мехоҳӣ ба ту чизе нагӯем? Яъне чӣ? Ин чӣ мантиқ дорад? Иштибоҳ кардӣ, бирав зиндон. Як одаме, ки 20 сол меояд ва ақлаш намерасад, ки кишварро чӣ тавр идора бикунад ва иштибоҳ мекунад бо он ҳама мушовири амрикоӣ ва мутафаккири калоне, ки НАТО дар канорат аст, дар як ҳафта, ки шикаст ҳам хӯрдӣ, ақл аз куҷо пайдо кардӣ, ки ҳоло ту боз Афғонистонро мехоҳӣ наҷот бидиҳӣ? Як ҷойҳое мову шумо дар ахлоқиёт мегӯем ин нисоб вуҷуд дорад. Як ҳаддеро мешавад бахшид. Дар таъзир (ҷазои фиқҳӣ, ки салоҳияти қозӣ аст) ҳам ҳамин тавр аст дар ислом. Ман мехоҳам бигӯям, ки ахлоқиёт як ҳадде дорад. Як ҷое шумо метавонед бибахшед, як ҷое нисоб вуҷуд дорад, ки наметавонед бибахшед.”

ҶОЙГОҲИ ҶАРАЁНҲОИ МУХОЛИФНИ ТОЛИБОН ДАР КУҶОСТ?

Радиои Озодӣ: Шумо чӣ қадар бовар доред ба муваффақияти кори инҳо, муборизаи инҳо дар муқобили Толибон?

Латифи Пидром

Латифи Пидром: “Мубориза бо Толибон як фикр аст. Як китобе ҳаст бо номи "Ноумедии тавъам бо хушбинӣ", яъне баъзе вақтҳо хушбиниҳои зиёде ҳам аз назари ҷомеашиносӣ табоҳкунанда аст. Яъне мегӯянд, ки хушбинӣ ҳам бояд ҳад дошта бошад. Ноумедӣ ҳам ҳад дорад, хушбинӣ ҳам ҳад дорад. Ман, шахсан назарам ин аст ба қавли Мао Тседун раҳбари инқилоби Чин, ки "на қиёми мутлақ, на пирӯзии сареъ". Мешавад бо Толибон мубориза кард ё Толибонро маҷбур кард ба ислоҳот, мутаҳаввил бишаванд, ки он Толибони аввал нахоҳанд буд ё мешавад сарнагунашон ҳам кард. Қатъӣ нест, ки ҳатман Толибон мемонанд, вале ин ки фардо ва пасфардо ва соли дигар сарнагун мешаванд, на. Барои ин ки ҳанӯз як чунин оппозиситюне, ки воқеан битавонад бадил (ивазкунанда, алтернатива) бошад, нест. Бадил ба ин маъно нест, ки аз назари низомӣ соқит бикунед. Бадил, яъне вақте ки сарнагун мекунед: омӯзишу парвариш, бонк, кор, бемористон, давлат, қувваи мусаллаҳ, ҳуқуқи занон, инро битавонад мудирият бикунед ба ҳайси як давлати мудерн. Агар натавонед, чӣ тавр? Алъон ҷараёнҳои мухолифи Толибон дар чунин ҷойгоҳе нестанд, ки воқеан битавонанд ба суръат ин корро анҷом бидиҳанд. Барои ҳамин ҳам, барномаҳои хеле аз инҳо рӯшан нест. Дар амри сиёсат дуто чиз хеле муҳим аст: садоқат ва шаффофият. Барои раҳбарии сиёсӣ ва ҳукумронӣ шаффофият бисёр муҳим аст, яъне шумо барномаатонро бояд барои мардум бигӯед, ки чӣ кор мехоҳед бикунед, ки баъд мардум аз шумо дифоъ мекунанд ё намекунанд. Ҳоло инҳоро вақте мегӯед барнома чист, намегӯянд. Мегӯянд боз қудратро, ки гирифтем, боз мегӯем барномаи мо чист. Ин дуруст нест.”

Радиои Озодӣ: Ҳамин ҳам як баҳс аст. Шумо яке аз эродҳое, ки аз инҳо мегиред, мегӯед, ки инҳо барнома надоранд, тарҳ надоранд. Агар гирифтем, ки инҳо бо тарҳи федеролизми шумо мувофиқат карданд, ки барои федеролиза кардани Афғонистон мубориза мекунанд ва Толибонро сарнагун мекунанд, он замон шумо дар куҷо ҳастед?

Ман мегӯям, ки паштунҳо ба унвони як халқ, ба унвони як мардум мавриди эҳтиром ҳастанд, аммо ҳалақоте, ки дар раъси раҳбарии инҳо ҳаст, тамомиятхоҳ ҳастанд. Мо бо ҳалақоти шовинистӣ даргир ҳастем ва қабул намекунем.

Латифи Пидром: “Он замон ҳам ман бо одамҳое, ки ҷиноят карданд, аз онҳо кумак нахоҳам хост. Яъне, инҳо бояд посух бидиҳанд. Бинед, як одам омада, миллионҳо долларро гирифта, садҳо нафарро кушта, ба қатл расонда, баъд алъон меояд, ки дар канори ту ҳастам. На, ин тавр намешавад.”

Радиои Озодӣ: Баъд роҳи таҳаққуқ пайдо кардани тарҳи федеролизми шумо дар куҷост?

Латифи Пидром: “Афғонистон 40 миллион ҷамъият дорад. Қарор нест, ки садто низомӣ агар омад хушҳол буд, хушҳол набуд, дунё ба ҳам меафтаду ба ҳам мехӯрад. Роҳи ҳаллаш ҳамин аст. Бубинед алъон мо рӯи як Қонуни асосии федерол кор мекунем, ки ниҳоӣ ҳам кардем. Ман имрӯз ба намояндаи Афғонистон дар Созмони Милал ҳам фиристодам, ки ҳоло агар онҷо баҳс мешавад, онро ҳам матраҳ бикунанд, дар борааш гап бизананд. Мо бо чандто аз ақвоми муҳими кишвар шомили узбекҳо, балуҷҳо, хидмати шумо арз шавад, ки шомили тоҷикҳо ва ҳазораҳо ин баҳсро дорем, қонунро тамом кардем. Назарам ин аст, ки ин қонунро ҳамагонӣ бикунем. Мо дар қонуни асосие, ки дорем, Толибонро мутааллиқ ё дар воқеъ мазҳари қавми паштун ба таври куллӣ инкор намекунем, барои ин ки мардуми Афғонистон ҳастанд. Мо барномаамон ин аст, ки ин тарҳи федеролизм карданро матраҳ мекунем дар сатҳи байналмилалӣ, дар сатҳи миллӣ ва аз паштунҳо, ки Толибон бошанд, даъват мекунем. Ман вақте мегӯям Толиб, яъне паштунҳо дар воқеъ. Як баҳси дигареро ман ҷудо аз ин мавзуъ бигӯям, ки мухолифатам бо бархе аз ин ҷараёнҳо ҳамин аст. Мегӯянд, ки мо алайҳи Толибон мубориза мекунем, аммо намегӯянд, ки мо алайҳи шовинизми паштун мубориза мекунем. Барои чӣ ин корро мекунанд? Ба хотири ин ки мехоҳанд муомила бикунанд, чун аз паштунҳо метарсанд. Ман мегӯям, ки паштунҳо ба унвони як халқ, ба унвони як мардум мавриди эҳтиром ҳастанд, аммо ҳалақоте, ки дар раъси раҳбарии инҳо ҳаст, тамомиятхоҳ ҳастанд. Мо бо ҳалақоти шовинистӣ даргир ҳастем ва қабул намекунем.”

“ИН НАСЛРО ДИГАР АЗ ДАСТ ДОДАЕД”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, ба андешаи шумо, ҳоло ки зиёд хушбин нестед, ки мухолифини Толибон дар чанд соли оянда метавонанд, муваффақ шаванд, сарнавишти Афғонистон зери ҳокимияти Толибон ба куҷоҳо мекашад?

Латифи Пидром: “Мутаассифона, фоҷиабор аст. Яке ҳамон ки ман хидмати шумо гуфтам, масъалаи занон. Вақте занон панҷ сол дарс намехонанд, фоҷиа аст, ин ҷуброн намешавад. Яъне шумо ин наслро дигар аз даст додаед, қобили ҷуброн нест. Ин дигар воқеан, фоҷиабор аст. Ва агар бимонанду идома диҳанд, инҳо дунболи паштуниза кардани Афғонистон ҳастанд. Алъон дар шимол, дар Бадахшон омаданд, мехоҳанд як кишвари паштунӣ бисозанд ва инкор ҳам намекунанд. Борҳо ба мо гуфтаанд, ки шумо тоҷикҳо давлат доред дар Тоҷикистон, эрониҳо, форсизабонҳо доранд, узбекҳо, туркманҳо доранд, мо паштунҳо давлат надорем. Мо мехоҳем як давлат бисозем, ки муаррифи паштунҳо бошад. Агар бимонанд, мусалламан як давлати паштунӣ хоҳанд сохт, ки корро душвор хоҳад кард. Аммо дар айни ҳол мубориза ҳам идома пайдо хоҳад кард, шакке вуҷуд надорад ва ин хатари бисёр калонест, ки аз қабоил, аз манотиқи Покистон биёранд паштунҳоро дар шимоли Афғонистон ҷобаҷо бикунанд. Алъон дар Помир оварданд, дар Бадахшон оварданд ва ин камарбанди амниятиро барои эъмоли ҳокимияти паштунҳо агар бисозанд, дар он мавқеъ вазъияти ақвоми дигар мусалламан бисёр ноҷӯр хоҳад буд.”

Радиои Озодӣ: Ҷойгоҳи насли нави сиёсатгарҳои Афғонистон, касоне мисли Аҳмад Масъуд ва ин баъд ҷабҳаҳои Сипоҳиёни меҳан ва чизҳое, ки эҷод шуд, дар он сурат дар куҷо қарор хоҳад дошт?

Латифи Пидром

Латифи Пидром: “Афғонистон ҷомеаи ҷавон аст, яъне, тақрибан мутобиқи омори Созмони Милал 68 дарсад ё бештар ё дар ин ҳудуд ҷавонон ҳастанд. Вале дар амри сиёсӣ танҳо масъалаи физикӣ нест, бахусус алъон дар асри ҳуши маснуӣ фосилаҳо миёни навобиғ, миёни мардуми одӣ, миёни рӯшанфикрон ва миёни наслҳо дар воқеъ кам шуда. Яъне, алъон вақте шумо як насли ҷадид мегӯед, агар шумо 50 соли пеш дар Тоҷикистон мегуфтед насли ҷадид, як маъное дошт. Як насли донишманд мегуфтед, маъно дошт, ба ин маъно, ки 20 сол як одам дарс хонда, омада, заҳмат кашида, китоб хонда ба ин ҷо расида. Як одами дигар мехоҳад то ин ҷо бояд бирасад, ин ҷо як фосила аст. Алъон шумо рӯйи ин миз аз қуруни вусто то кунунро метавонед ҳамзамон дошта бошед, бахусус бо ҳуши маснуӣ. Алъон шумо таърих кор надоред. Шумо як мавқее таърих мехондед, бояд мерафтед дар китобхонаи миллӣ, ҳоло телефони шумо як миллион китоб дохилаш ҳаст. Бинобар ин, дар Афғонистон масъалаи насли ҷадид ҳам бояд мубтанӣ бар як назарияи сиёсӣ бошад. Ин тавр нест, ки чун насли ҷадиданд, илзоман масоили бисёр назарии сиёсии калон ҳам ҳамзамон лиҳоз мекунанд. Ҳузури физикӣ барои ҷомеа ба танҳоӣ кифоят намекунад, яъне шумо сад дарсад насли ҷавон дошта бошед, вале вақте барнома надоранд, чӣ кор мехоҳад бикунад? Назарияи сиёсиаш, барномааш чист? Бо онҳо кори зиёде намешавад. Як потенсиали бисёр хубе ҳаст, аммо мутаассифона ҳанӯз ба далели он сохторҳои қабилаӣ, ақибмондагӣ ва хеле мулоҳизоти дигари калоне, ки вуҷуд дорад, ҳанӯз ҷараёнҳое, ки шумо фикр бикунед, мубтанӣ бар ин сохторҳои наслӣ шакл гирифта, ҳанӯз вуҷуд надорад. Ва ҳамон суннатиҳо ҳанӯз бештар нуфуз доранд дар хеле манотиқи худашон.”

“ВАҚТЕ НАЗАРИЯ НАДОРЕД...”

Вақте назария надоред, он қутбнаморо надоред, мехоҳед амал бикунед, хуб, мешавад як ҷанги дохилии дигар. Амал бояд мубтанӣ бар як назария бошад. Шумо як инқилоби бидуни назария барои ман нишон бидиҳед?!

Радиои Озодӣ: Вале дар Афғонистон дида мешавад, ки бисёриҳо зиёд дунболи ба истилоҳ назарияҳо ё ниҳодсозӣ ва сохторсозӣ нестанд, бештар мехоҳанд, ки насле ё нерӯе амалан дар саҳна бошад ва битавонад, ки тағйире дар зиндагии онҳо биёрад.

Латифи Пидром: “Шумо, вақте амал мегӯед, ман иттифоқан хеле бо ин бармехӯрам. Аз ман суол мекунанд, ки шумо баҳс не, амал бикунед, амал. Бубинед, як таърифе Маркс аз амал дорад, як таърифе Ҳегел ва як таърифе Паёмбар аз амал дорад. Амали сиёсӣ, кори сиёсӣ илзоман ва қоидатан ин нест, ки ҳатман шумо як туфанг дар дастатон бошад ё набошад. Вақте Маркс мегӯяд, ки фалосифа ҷаҳонро тафсир мекарданд, масъала бар сари тағйири ҷаҳон аст. Манзураш аз тағйири ҷаҳон ин набуд, ки бираванд Калашников бигиранд. Манзураш аз тағйири ҷаҳон ин буд, ки сохтори сармоядорӣ чӣ тавр иваз бишавад, ҳизби коммунист чӣ тавр сохта бишавад, пролетариат дар куҷо қарор бигирад, ҷойгоҳи занҳо, ҷойгоҳи ҷавонҳо куҷо бошад? Масъалаи тағйире, ки Карл Маркс матраҳ мекунад, як чизи назарӣ аст. Дар амал дар майдон будан, бубинед, аз назари фиқҳӣ, аз назари шаръӣ, аз назари исломӣ, фалосифаи мусалмон, амале, ки огоҳӣ пушти сараш набошад, яъне ирода набошад, амал ҳисоб намешавад. Яъне амал он чизе ҳаст, ки қаблан назария барояш вуҷуд дорад. Барои ҳамин, ҳеч чизе сохта намешавад тайи 20 сол. Вақте назария надоред, он қутбнаморо надоред, мехоҳед амал бикунед, хуб, мешавад як ҷанги дохилии дигар. Амал бояд мубтанӣ бар як назария бошад. Шумо як инқилоби бидуни назария барои ман нишон бидиҳед?!”

“ҲАР ДУ МЕРОС ДАР ХАТАР АСТ”

Радиои Озодӣ: Агар ин баҳсро ҷамъбандӣ кунем, чизе, ки дар рӯзҳои аввали ба қудрат расидани Толибон дар расонаҳо таблиғ мешуд, ин мероси моддии бархе раҳбарони Афғонистон буд. Шояд ин корҳои таблиғотӣ ҳам буд. Қасру кушкҳо, дороиҳо аз сиёсатмадорони замони ҷумҳурият ва аз он пештар – даврони муҷоҳидинро бисёр калон мекарданд. Ҳатто гуфта мешуд, ки масалан, хонаи шумо дар ихтиёри Толибон аст. Ҳоло вазъият чӣ тавр аст бо моликияти шумо? Дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон мероси моддии раҳбарони сиёсии Афғонистон дар хатар аст ё мероси фикриву сиёсӣ ва низомиашон?

Латифи Пидром: “Бубинед, ҳар ду меросашон дар хатар аст. Мероси мулкиашон, ки Толибон аксарият ғасб карданд, гирифтанд. Хуб, баъзеҳояшон ҳам робита доранд бо Толибон, ҳоло намегӯям хонаашонро нагирифтанд, вале эҳтимолан як тавре хостанд муҳофизат бикунанд,. Ба таври куллӣ, алъон Толибон ҳайатҳое таъйин карданд, заминҳое, ки марбути давлат буд, доранд онҳоро мусодира мекунанд. Албатта, як нуктаро набояд, воқеан одам инкор бикунад. Ман дар айни ҳоле ки мегӯям Толибон сарзаминҳои моро дар шимол ғасб мекунанд, сарзамини тоҷикҳо, узбекҳо ва инҳо дар масири паштуниза кардан ҳастанд, ҳарфи дурусте ҳаст ва маҳкум аст. Аммо заминҳоро ҳам қумандонон ғасб карданд, ки воқеан моли давлат буда. Яъне ба назари ман, ҳоло Толибон, ки давлати машрӯе нестанд, шояд бигӯянд ин давлат машрӯъ нест, вале ҳар касе, ҳар иқтидоре, ки агар биёяд ва заминҳое, ки ғасб шуда, мулки давлат аст, моли давлат аст ва рафта барои шахси худаш, зану бачаи худаш дуруст карда, баргардонад ба байтулмол, ба назари ман, кори дурусте ҳаст. Чун шумо ҳақ надоред милкиятҳои давлатиро ғасб бикунеду барои худатон хона бисозед. Ва мутаассифона, яке аз далоили фурӯпошии он низом ҳамин масъала буд. Яъне ҳеч ҷое чизе вуҷуд надошт ба номи минтақаи сабз ва номи милки давлатӣ, сарзамини давлатӣ, ки фармондеҳон ва раҳбарҳои муҳтарами танзимӣ ғасб накарда бошанд. Яке аз ин бузургҳои калон, ки шумо исм гирифтед, як шаҳристон, як вулусволиро, ки баробари нисфи Душанбе аст, гирифта буд барои худаш девор карда буд. Фурудгоҳ дошт, масҷид дошт, донишгоҳ. Аз куҷо карда буд? Масалан, қабл аз ҷиҳод ин одам ҳазинаи сафараш то фалон кишварро надошт. Ва ҳамин тавр ҳисоб бикунед ҳамаашонро. Ба ҳар ҳол ин қобили дифоъ нест, ин фасод аст.”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол ҷолиб аст, ки бо ҳамин хонаҳо ё чизҳое, ки аз шумо гирифтанд, чӣ шуд? Масалан чизҳои шахсӣ ва васоиле, ки доштед, инҳо амн ҳастанд, нестанд?

Мо шикаст хӯрдем, воқеан, тоҷикҳо шикаст хӯрданд. Хеле ба ақвоми дигар кор надорам - узбакҳо, ҳазораҳо онҳо бузургҳои худашонро доранд, рӯшанфикрони худашонро доранд, аммо мо воқеан шикаст хӯрдем.

Латифи Пидром: “Баъзе ҷойҳоеро, ки гирифтанд, қуфл заданд ва алъон дар телевизион, ки нишон медиҳанд, вале мумкин аст баъзеҳо ҳам ғорат шуда бошад, тороҷ шуда бошад. Вале ман, ки дар Кобул хонаи шахсӣ ва қасру инҳо надоштам, ҳеч гоҳ надоштам, алъон ҳам надорам. Ман як хона дар Дарвоз дорам, тамом.”

“ВОҚЕАН, ТОҶИКҲО ШИКАСТ ХӮРДАНД”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, шумо чӣ қадар хушбин ҳастед ё мехоҳед бовар дошта бошед, ки мардуми Афғонистон ба саодат ва хушбахтӣ мерасанд?

Латифи Пидром: “Хуб, умед як чизи фалсафӣ ҳаст, шумо наметавонед ноумед бошед. Табиатан мо ноумед нестем ва намешавад ноумед буд. Як муборизаи душвор рӯ ба рӯ ҳаст ва ба назари ман, бисёр табиӣ ҳаст иттифоқ меафтад. Мешавад, одам шикаст мехӯрад, меафтад, аммо муҳим ин аст оё ирода доред, ки дубора рӯи мафсалҳои худатон истода бишавед ё на? Мо шикаст хӯрдем, воқеан тоҷикҳо шикаст хӯрданд, хеле ба ақвоми дигар кор надорам - узбакҳо, ҳазораҳо онҳо бузургҳои худашонро доранд, рӯшанфикрони худашонро доранд, аммо мо воқеан шикаст хӯрдем. Аммо ин нест, ки ноумед ҳастем, дубора бояд бархезем ва дуруст истода бишавем, на барои наҷоти худи тоҷикҳо, барои наҷоти кулли кишварамон. Ман умедворам ба ин, вале сахт аст, кор мехоҳад ва назария, то ин ки мо битавонем ба як тафоҳум, лоақал бо бахше аз ин нерӯҳо бирасем. Чун дар масоили ихтилофӣ нест, ки шумо мушкил доред, ҳамеша мушкил дар иҷобиёт аст. Яъне ҳама муттафиқулқавланд, ки толиб бад аст, хуб нест, аммо чӣ чизе бояд ҷойгузинаш бошад, ихтилоф ин ҷост. Дар иҷоб ҳамеша ихтилоф эҷод мешавад. Мушкили ман ҳам бо раҳбарҳо сари ин масъалаи иҷоб аст, яъне алъон, ки толиб нест, пас чӣ? Ин як баҳс аст, вале умедвор ҳастем барои мубориза, ки аз ин вазъ берун биёем.”

Порае аз навори мусоҳибаро дар инҷо бинед. Видеои комилро дертар дар Ютуб мегузорем

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Порае аз навори мусоҳиба бо Латифи Пидром