Гурӯҳе аз тоҷикон ба сокинони чанд гӯшаи Украина, ки дар сардии зимистон рӯзҳои сахтро паси сар мекунанд, кумак кардаанд. Дар ним моҳи охир ҳаво дар ин кишвар, ки бар асари ҳамлаҳои Русия сохторҳои барқрасонӣ ва гармдиҳиаш вайрон шудааст, аз 12 то 22 дараҷа сард аст.
Муҳаммадраҳим Холов, тоҷики муқими Харков, аз ҷумлаи онҳоест, ки қисме аз ёрии хайрхоҳонро ба сокинони маҳаллӣ мерасонад. Аксари онҳо соҳибкорони тоҷики муқими Харков будаанд, ки пас аз оғози ҷанг дар Украина бо хонаводаҳояшон ба Аврупо кӯчиданд.
“Ним моҳ боз ҳудуди 20 тан ба қадри тавон ба сокинони Харков кумак мефиристанд. Бародарон худашон дар Олмон ҳастанд. Либосҳои зимистона, хӯрок ва барои таваллудхона дору ва маводи зарурӣ фиристоданд. Мо бурда расондем,” -- гуфт ӯ.
Мардуми Украина зимистони сардтарин дар чор соли таҷовузи Русия ба хоки ин кишварро пушти сар мекунанд. Русия бе ист, аз замину осмон, бо мушаку бесарнишинҳо ба ин кишвар ҳамла карда, сохторҳои гармидиҳӣ ва барқрасониро хароб кардааст. Аксари сокинон ба хотири наҷоти ҷон шабу рӯзро дар зеризаминиҳои сард мегузаронанд.
Муҳаммадраҳим Холов гуфт, "чанд рӯз пеш як тоҷики хайрхоҳ се гӯсфанд кушт ва онро хомшӯрбои тоҷикӣ пухта ба сокинон тақсим кардаанд."
Гурӯҳе аз паноҳандагони тоҷик ҳам дар Аврупо мегӯянд, ба кормандони сохторҳои барқрасонӣ дар Киев чанд рӯз хӯроки гарм додаанд. Паноҳандагони тоҷик мегӯянд, то оғози ҷанг Украина як кишвари амн барои тоҷикони паноҳҷӯ буд ва ҳоло дар лаҳзаҳои сахт бояд ба онҳо ёрӣ кард.
Илҳомҷон Ёқубов, паноҳандаи тоҷик дар Аврупо гуфт, “ин камтарин хидмати тоҷикон мебошад, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор дасти ёрӣ дароз мекунем, ки ғизои гарм ба кормандони соҳаи барқ ва мардум дода шавад.”
Русия чор сол пеш ба Украина бедалел ҳамла кард ва ин кишвари дар ҳоли рушдро ба харобазор табдил дод. Ҳазорон нафар дар ҳамлаҳои Русия кушта ва миллионҳо нафар гуреза шудаанд.
Ҳанӯз поёни ҷанг маълум нест. Ҷабри онро мардуми одие мекашанд, ки дар паноҳгоҳҳо мунтазири кумак ва хатми ҷанг ҳастанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кумаки тоҷикон ба мардуми Украина дар рӯзҳои сард