Кумаки хайрхоҳони қазоқ ба сокинони пойтахти Украина

Як гурӯҳ аз ихтиёриёни қазоқ дар яке аз маҳаллаҳои пойтахти Украина дар чанд дег палав пухтаанд. Дар доираи ин иқдом ба даҳҳо сокини Киев, ки дар пайи ҳамлаҳои Русия бе барқу гармӣ монданд, хӯроки гарм расонда шуд.

Дар пойтахти Украина ҳарорати ҳаво ба сифр наздик шудааст. Даҳҳо нафар ва асосан пиронсолон барои гирифтани палав, ки асосан аз биринҷу гӯшт омода мешавад, саф кашидаанд.

Марат Дарминов, яке аз ин ихтиёриён, аз он дареғ мехӯрад, ки дар Украина чунин фоҷеа рух дод.

"Ин фалокат аст, ки мутаассифона дар Украина рух дод, на гармӣ аст, на нерӯи барқ. Ҳамватанони ман аз расонаҳо бохабар шуданд, ки дар Украина чунин фоҷеа рух додааст ва бояд ба одамон кӯмак расонем. Инҳо одамони одии Қазоқистон ҳастанд, ки хостанд аз ин роҳ ба мардум ёрӣ кунанд",-афзуд Марат Дарминов.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кумаки тоҷикон ба мардуми Украина дар рӯзҳои сард

Чунин ёриҳои башардӯстона барои сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла Николай Шкребко ҳаётан муҳим аст. Дар хонаи ин марди 74-сола чанд рӯз боз гармӣ нест.

Ташаббускорон ин иқдоми худро як навъ дастгирии маънавӣ барои гурӯҳе аз сокинони Киев арзёбӣ мекунанд. Он ҳам дар шароите, ки пойтахти Украина бо буҳрони шадиди энергетикӣ дучор аст.

Марат Дарминов аз ташаббускорони ин иқдоми хайрия мегӯяд, "албатта бо як табақ палав мушкили инҳо ҳал намешавад, аммо ин як навъ дастгирии маънавӣ аст. Дар шароити имрӯза ин муҳим аст, ки одамон фикр накунанд дар ин лаҳзаи мушкил танҳо мондаанд.”

Аз ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар шаҳри Киев боз ҳам поин мешавад. Тибқи пешбинии ҳавошиносон, ҳарорат то 12 дараҷа сард хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ихтиёриёни қазоқ ба сокинони Киев хӯрок доданд