Комиссари олии СММ хостори таҳқиқи фаврии ҳамла ба як мактаби Эрон шуд

Пайомади ҳамлаи мушакӣ ба мактаби духтарона дар Миноб. Тасвир аз телевизиони давлатии Эрон. Рӯзи 28-уми феврали 2026

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал хостори фавран нашр кардани натиҷаҳои таҳқиқи ҳамла ба мактаби Миноб дар Эрон шуд.

Волкер Турк 27-уми март дар нишасти изтирории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, масъулияти гузарондани ин "таҳқиқи фаврӣ, бетарафона, шаффоф ва комил" бар уҳдаи касоне аст, ки ин ҳамларо анҷом додаанд.

Нишасти изтирории Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар бораи ҳамла ба мактаби Миноб бо дархости Эрон, Чин ва Куба баргузор шуд.

Мақомҳои Амрико пештар гуфтаанд машғули таҳқиқ дар бораи ҳамла ба ин мактаб ҳастанд.

Волкер Турк

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар айни ҳол аз он нигаронӣ кард, ки "мардуми Эрон миёни даргирӣ ва саркӯб дармондаанд". Ӯ гуфт, "ҷанг масъулияти мақомоти эрониро барои риояи ҳуқуқи башар кам намекунад".

Ба иттилои расмӣ, рӯзи 28-уми феврал дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба мактаби духтарона дар шаҳри Миноби вилояти Ҳурмузгони Эрон дастикам 175 нафар, аз ҷумла 168 кӯдак кушта шудаанд.

Чанд расонаи амрикоӣ аз ҷумла рӯзномаи Ню-Йорк-Таймс гузориш додаанд, ки тибқи натиҷаҳои пешакии ИМА, «як мушаки Томоҳавки Иёлоти Муттаҳида ба далели хато гирифтани ҳадаф ба мактаби ибтидоӣ бархӯрдааст”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: HRW аз Амрико ва Исроил таҳқиқи ҳамла ба мактаби Минобро талаб кард

Ду мақоми амрикоии огоҳ аз масъала ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, далелҳое вуҷуд доранд, ки нишон медиҳанд нерӯҳои амрикоӣ ба "маълумоти пешина" такя кардаанд. Бо ин ҳол, ин мақомҳо ҳушдор доданд, ки ин арзёбӣ натиҷаи пешакӣ аст.

Пит Ҳегсет, вазири дифоъ ё ҷанги Иёлоти Муттаҳида ва Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷӣ таъкид кардаанд, ки Иёлоти Муттаҳида "қасдан" ғайринизомиёнро ҳадаф қарор намедиҳад.

Баъзе гузоришҳо нишон медиҳанд, ки дар канори мактаби Миноб як пойгоҳи нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорон қарор дорад.

Наворҳо аз ҷойи ҳодиса ва гузоришҳои таҳқиқотии аввалия ба он ишора мекунанд, ки ба мактаб бо мушаки навъи “Томоҳавк” задаанд. Ин силоҳро нерӯҳои ИМА ба кор мебаранд ва дар шурӯи ҳамлаи муштараки Амрикову Исроил ба Эрон аз он истифода шудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, пештар гуфта буд, ки Эрон мумкин аст "масъул"-и ин иттифоқ бошад, ҳарчанд Эрон мушаки “Томоҳавк” надорад.

Дар нишасти рӯзи ҷумъаи Шӯрои ҳуқуқи башар, Аббос Ароқчӣ вазири хориҷаи Эрон гуфт, "ҳеҷ кас наметавонад бовар кунад, ки ҳамла ба мактаб қасдан набудааст".

Аббос Ароқчӣ

Ароқӣ бо ҷиноят хондани ин ҳамла гуфт, "наметавон онро пинҳон кард ва набояд бо сукут ва бетаваҷҷуҳӣ бо он бархӯрд намуд".

Дар ҳоле, ки мақомоти амрикоӣ аз таҳқиқи ин ҳамла хабар доданд, Аббос Ароқчӣ афзуд, ки зарба ба мактаби Миноб "қасдан, огоҳона ва ҳисобшуда" аст, ки аз сӯи Амрико анҷом шуд.

Дар нишасти рӯзи ҷумъаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қатъномае қабул нашуд, аммо намояндагони кишварҳои мухталиф бо маҳкум кардани ин ҳамла хостори таваққуфи ҷанг дар Ховари Миёна шуданд. Намояндагони чанд кишвар, аз ҷумла Туркия, Итолиё ва Албания ба мавзӯи нақзи ҳуқуқи башар дар дохили Эрон ва афзоиши эъдомҳо ишора карданд.

Намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар нишаст ширкат надоштанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Манбаъҳо: Конгресс ҳамларо ба як мактаби Эрон таҳқиқ мекунад

Намояндаи Чин, Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро барои ҳама ба Эрон сахт танқид карда гуфт, "ин ҳамлаҳо бидуни иҷозаи Шӯрои Амният анҷом шуд ва иллати аслии ин фоҷеа аст". Намояндаи Куба низ ҳамла ба мактаби Минобро "ҷинояти ҷангӣ" хонд.

Ин дуввуми нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар робита ба ҷанг дар Эрон аст. Рӯзи чоршанбеи 25-уми март Шӯрои ҳуқуқи башар бо дархости Баҳрайн нишасте баргузор карда, дар он ҳамлаҳои Эронро ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи форс маҳкум кард.