Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе меоранд

Чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистонро дар гӯрҳои дастаҷамъӣ зери хок кардаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми май бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар бораи ҳамкориҳои феълӣ ва ояндаи Тоҷикистону Русия гуфтугӯ кардааст.

Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷӣ, хабар дод, ки Сироҷиддини Муҳриддин бо ҳадафи ширкат “дар маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад” ба Русия рафтааст. Маросим имрӯз баргузор мешавад ва қарор аст, Сироҷиддини Муҳриддин фардо бо турбат ва ё хоки ин се нафар ба Тоҷикистон баргардад.

Ҳарсе, ки аз бузургтарин, таъсиргузортарин чеҳраҳои таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, дар соли 1937 қурбонии туҳматҳои беасоси низоми Иосиф Сталин, диктатори бераҳми Иттиҳоди Шӯравии собиқ зери унвони "душмани халқ" шуданд. Онҳоро дар канори Маскав кушта ва дар қабрҳои дастҷамъӣ зери хок карданд.

Баъди марги Сталин, дар солҳои 1950-ум ҳар сеи онҳо расман бегуноҳ эълон карданд. Нусратулло Махсум, сиёсатмадори барҷаста ва аввалин раҳбари давлати Тоҷикистон буд ва ӯро "меъмори аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол" меноманд. Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта як ҷумҳурии мухтор дар қаламрави Узбекистон буд, бо талошҳои Нусратулло Махсум ба ҷумҳурии алоҳидаи мустақил дар таркиби Шӯравии он замон табдил ёфт.

Ӯро соли 1933 бо фишори Маскав ва туҳматҳои сиёсӣ аз мақомаш барканор карда ба Маскав бурданд. Дар авҷи таъқибҳои сталинӣ дар соли 1937 бо иттиҳоми сохтаи "миллатгароӣ" ва "зиддиинқилобӣ" боздошт карданд ва рӯзи 1-уми ноябри соли 1937 дар Маскав бо тирандозӣ ба қатл расонданд. Соли 2006 ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Шириншоҳ Шоҳтемур, намояндаи давлатӣ ва сиёсӣ ва аз ҳамсафони наздики Нусратулло Махсум буд. Саҳми ӯро дар муттаҳид кардани заминҳои парокандаи тоҷикон ва исботи ҳуввияти таърихии мардум бисёр зиёд медонанд. Баъд аз Нусратулло Махсум, раиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Ӯ ҳам қурбонии репрессияҳои сталинӣ шуд. Шириншоҳ Шотемурро соли 1937 дар Маскав дастгир карданд ва пас аз шиканҷаҳои зиёд, рӯзи 27-уми октябри соли 1937 ба қатл расониданд. Соли 2006 ба ӯ низ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Нисор Муҳаммад, яке аз рӯшанфикрон ва сиёсатмадорони аҳли Афғонистон буд, ки ба Осиёи Марказӣ омад ва тақдирашро бо Тоҷикистон пайваст. Аввалин вазири маорифи Тоҷикистон буд ва аз ин рӯ саҳми Нисор Муҳаммадро дар бунёди аввалин мактабҳои муосири тоҷикӣ, ҷалби мардум ба мактабу таҳсил, чопи китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ва ҷалби зиёиёни бузурге чун Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба корҳои давлатӣ фавқуллода зиёд медонанд.

Нисор Муҳаммадро ҳам мисли Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур, соли 1937 бо иттиҳоми сохтаи "ҷосусӣ ба фоидаи Афғонистон ва Инглистон" ва "мавзеъгирии зиддишӯравӣ" дар Маскав боздошт ва ҳамон сол бо тирандозӣ куштанд. Яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ҳоло ба номи ӯст.