Дар вилояти Хатлон барои мубориза бо малахи марокашӣ омода мешаванд. Пойи ин ҳашароти гиёҳхӯр имсол барвақттар ба ҷануби Тоҷикистон расидааст.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон вазъиятро нигаронкунанда хонд. "Паҳншавии малах дар ҳудуди вилоят дар масоҳати 74 ҳазор гектар зиёдтар мушоҳида шудааст. Ин масоҳати бениҳоят зиёд аст".
Малахи марокашӣ соли гузашта ба аксар шаҳру ноҳияҳои Хатлон ҳамла кард ва ба киштзору зироатҳои мардум зиён расонд.
Ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷумлаи минтақаҳои осебпазир аст. Имсол барои нест кардани малахи марокашӣ дар ин гӯшаи вилояти Хатлон ният доранд, ки дастгоҳ харанд.
Фаррухиддин Набизода, раиси ин ноҳия мегӯяд, "мо бояд мошинаи тамғаи "Тойота" бихарем, ки дар пушташ бояд дастгоҳи дорупошӣ дошта бошад. Мо бо корхонаи мубориза бар зидди малах мулоқот доштем, онҳо моро бо дору таъмин мекунанд".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Малахи "марокашӣ" дар Хатлон бедодӣ мекунад
Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳам аз рӯи даст гирифтани чораҳо барои мубориза бар зидди малах мегӯянд. Ба иттилои ин ниҳод, то аввали моҳи ҷорӣ беш аз 8140 гектар замине, ки дар он малах паҳн шудааст, дорупошӣ шуд. Мақомот мегӯянд, ки барои ин кор даҳҳо адад техника ва садҳо кормандро сафарбар кардаанд.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷуми малахҳоро ба тағйироти иқлим ва чанд омили дигари экологӣ рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ин мушкил ба амнияти хӯрокворӣ ва эътидоли иқтисодии кишвар таҳдид мекунад.
Малахи марокашӣ, ба гуфтаи мақомот, асосан аз Афғонистон ба Тоҷикистон меояд. Пештар ин лашкари азим танҳо дар ноҳияҳои наздимарзӣ дида мешуд, аммо соли гузашта то Кӯлобу Ховалинг расид ва ҳар сол миқёси зарараш бештар мешавад.