Аз нигоҳи таҳлилгарон, ба назар мерасад, ки Русия нороҳат буданаш аз мушкилҳои болоро намоиш надодааст, ҳарчанд воқеъан ҳам, аз ҷумла, аз хуруҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ сахт нигарон аст. Бо вуҷуди ин, аз нигоҳи коршиноси масоили низомӣ Павел Фелгенгауер, Кремл имрӯзу фардо барои ба ин созмон баргардонидани Ӯзбакистон талоше нахоҳад кард:
Ӯзбакистон дар ин созмон мушкилот эҷод мекард, зеро аксар вақт аз имзои санадҳои муштарак сарпечӣ менамуд, дар Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ бошад масъалаҳо бо ризояти ҳама тасвиб мешаванд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки Русия барои баргардонидани Ӯзбакистон ба ин созмон талоше ба харҷ нахоҳад дод, ҳарчанд аз ин пеш эълом доштанд, ки агар баргаштан мехоҳад, хуш омадааст. Фикр мекунам, ки имрӯз онҳо аз робитаҳои дуҷониба кор хоҳанд гирифт.
Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, ҳам мегӯяд, ки Кремл ҳам аз хуруҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ҳам аз наздикшавияш бо НАТО сахт нигарон аст. Маскав мушкили хуруҷи Ӯзбакистон аз ин созмонро, ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар робита бо се мавзӯи басо муҳими дигар баррасӣ мекунад:
Он нуктаро байид намедонам, ки миёни онҳо, аввалан мавзӯи қудрат дар Ӯзбакистон ва кафолати Маскав барои режими феълӣ баррасӣ шудааст. Сониян, мавзӯи ба роҳ мондани равуои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ фақат бо шиносномаи хориҷӣ ва баъдан ҷорӣ кардани раводид, ки барои Ӯзбакистон басо муҳим мебошад, матраҳ шудааст. Ва ниҳоят, муносибатҳо бо Ӯзбакистон дар пасманзари робитаҳои ин кишвар ва Русия бо Иёлоти Муттаҳида аз масъалаҳои муҳими дигари ин гуфтугӯҳо будааст.
Дар робита ба ин мавзӯъҳо миёни Маскаву Тошканд чӣ тиҷорате сурат гирифт ва дар оянда сурат мегирад, гуфтан душвор аст, аммо, меафзояд Артем Улунян, аҷаб нест, ки Кремл аз ин ба баъд, аз фишор болои Ӯзбакистон кор бигирад, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ ин кишвари Осиёи Миёнаро аз даст доданӣ нест. Агар Тошканд сиёсати мустақилона аз Маскавро идома диҳад, шояд Русия даст ба тадбирҳои муҷозоткунанда занад ва ба хотири аз байн бурдани режими феълии Тошканд ба умури сиёсии Ӯзбакистон дахолат ва аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Ислом Каримов пуштибонӣ кунад.
Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд, Кремл дар остонаи беруншавии нерӯҳои НАТО аз хоки Афғонистон аз тағйири мавқеъ кардани Каримови пешгӯинашаванда ҳарос дорад. Дар тӯли беш аз 20 соли истиқлолияти Ӯзбакистон Ислом Каримов борҳо шеваи рафтораш нисбат ба Русияро бо назардошти наздикшавӣ ё фосилагириаш бо Амрикову Аврупо тағйир додааст.