Ҷустуҷӯйи марзбонони ғарқшуда дар сарҳад бо Афғонистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷустуҷӯи ду марзбони тоҷик дар рӯдхонаи Панҷ, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, идома дорад. Афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола рӯзи 24-уми июл дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба рӯдхонаи сероб афтодаанд.