Тақсими қудрат дар Афғонистон то куҷо имкон дорад?

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъди имзои созиш дар Кобул

Муомилаи байни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бар сари тақсими қудрат дар Афғонистон оё куҷо метавонад нуқтаи таммат дар бӯҳрони сиёсии интихоботӣ дар ин кишвари ҷангзадаи ҳамсояи Тоҷикистон шавад?

Вазъи ногувори иқтисоди Афғонистон ва афзоиши ҳамлаҳои Толибон аз як сӯ ва фишорҳои байналмилалӣ баъд аз тӯл кашидани раванди интихоботӣ дар ин кишвар аз сӯи дигар, ду номзади мақоми раёсати ҷумҳуриро водор сохт, ки ба созиш бирасанд. Дар натиҷаи ин созиш, ки рӯзи 21 сентябр имзо шуд, акнун Ашрафғанӣ Аҳмадзай - раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ - раиси иҷроӣ ё нахуствазир эълон шудаанд.

Вале чунин ба назар мерасад, ки мухолифатҳо ҳанӯз дар паси парда боқӣ мондаанд ва ҳар як аз ҷонибҳо барои ба даст овардани бартарӣ талош хоҳад кард. Дар мусоҳибае аз Қосимшоҳ Искандаров - таҳлилгари тоҷики умури Афғонистон дар Душанбе пурсидем, бо назардошти чунин рақобатҳо ҳукумати нави Афғонистон ноком нахоҳад шуд?

Искандаров: Бале, чунин нигарониҳо вуҷуд дорад. Муборизаҳои интихоботӣ ва изҳоротҳои тунде, ки аз тарафи номзадҳо садо доданд, вазъиятро хеле ҳассос кардааст. Гурӯҳҳое ҳастанд, ки мухолифи ин созишнома буданд. Чунин омилҳо аз фаъолияти начандон муассири ин ҳукумат ҳушдор медиҳанд. Албатта, нигарониҳо вуҷуд доранд. Вале ҳам аз ҷониби ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ҳам аз ҷониби ситоди Аҳмадзай кӯшиш шуд, ки созишнома имзо шавад ва мувофиқае дар бораи ташкили ҳукумати ваҳҳдати миллӣ ба вуҷуд ояд.

Озодӣ: Ба назари шумо тарафкашиҳо, масалан дар сатҳи волиҳои вилоятҳо ва вазироне, ки аз ин ё он гурӯҳ сари кор ҳастанд ё хоҳанд буд, идома хоҳад ёфт?

Искандаров: Баъзе аз изҳороти волиҳои саршинос ва таъсиргузор дар сиёсати имрӯза шунида шуд. Гарчӣ онҳо бо имзои созишнома то охир мувофиқа накардаанд ва нигаронӣ доранд, ки ҳаққи райи мардум нодида гирифта шуд ва ғайра, вале ба хотири сулҳу субот дар кишвар бо созишнома розӣ ҳастанд ва фикр намекунам, ки онҳо ягон фаъолияти зидди ин созишнома ё алайҳи ташкили ин ҳукумат анҷом диҳанд. Ҷонибҳо дар ин бора ба мувофиқа расидаанд.

Озодӣ: Бубинед, дар ҳеҷ кишвари дунё тақсими қудрат таҷрибаи хуб надоштааст. Масалан, дар Ироқ, Қибрис, Зимбабве, Ирландияи Шимолӣ ва амсоли он тақсими қудрат натиҷаҳои дилхоҳ надодааст.

Искандаров: Вале дар ҳеҷ кишвари дунё ба ин шакл интихобот нашудааст ва шаш моҳ давом накардааст. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки ин ҷо мувофиқаи сисёсӣ ба даст омадааст, яъне ин ҷо райи мардум нест. Ин мувофиқаи сисёсӣ аст, ки ҷонибҳо ба он ризоят доданд. Метавонем бигӯем, ки он мисли конфронси Бонн буд. Он ҷо зери фишори ҷомеаи байналмиллалӣ ва кишварҳои бузурги зидахли қазияи Афғонистон ба мувофиқа расида буданд. Дар натиҷаи он идораи муваққате ба раҳбарии Ҳомид Карзай ба вуҷуд омад ва то ҷое он тавонист, ки то ин вақт ҳукуматдорӣ кунад. Ин ҳам ба ҳамин шакл аст. Ман фикр мекунам, ки ин мувофиқаи сисёсӣ байни ду гурӯҳ аст, ки бо мусоидат ва то ҷое зери фишори ҷомеаи байналмиллалӣ, аз ҷумла СММ, Амрико ва кишварҳои дигар ба даст омад.

Озодӣ: Раиси мунтахаб ё эълоншудаи Афғонистон Аҳмадзай шахсест, ки барномаҳои рушди иқтисодиро муаррифӣ мекунад ва кобинаи вазирон ба сарпарастии оқои Абдуллоҳ бояд ин барномаҳоро иҷро кунад. Фикр мекунед, ки ин барномаҳоро кобина ба сарпарастии оқои Абдуллоҳ комилан қабул хоҳад кард?

Искандаров: Ҳам раиси иҷроия ва ҳам раиси ҷумҳур дар мувофиқа бо якдигар кору фаъолият хоҳанд кард, яъне ба хотири ояндаи кишвар. Агар барномаҳое, ки қобили қабул ва ба нафъи кишвар бошанд, ман фикр мекунам, ки байни онҳо мухолифати зиёде нахоҳад буд. Вале ба ҳар сурат, чунин нигарониҳо ва кашмакашҳо вуҷуд хоҳад дошт.

Озодӣ: Агар мо ба дурнамои вазъи сиёсии Афғонистон нигоҳ кунем, метавонем бигӯем, ки оё омили Толибон ва таҳдиди онҳо ин ду раҳбари ба ҳам рақибро муттаҳид хоҳад кард?

Искандаров: Ин омил ҳам ҳатман таъсиргузор ҳаст ва метавонад, ки ин ду раҳбари ба ҳам рақибро то ҷое наздиктар кунад. Толибон душмани ҳар ду ҷониб ҳастанд. Толибон ҳам ба муқобили Аҳмадзай изҳорот пахш мекарданд ва ҳам ба муқобили доктар Абдулло. Ин ду раҳбар изҳор доштаанд, ки онҳо қарордоди амниятиро бо Амрико имзо хоҳанд кард. Агар ин қарордод бо Амрико имзо шавад, Толибон аксуламал нишон хоҳанд дод ва муборизаро бар зидди ин давлат давом медиҳанд.