Калисои Украина эъломияи худмухториро ба даст овард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Калисои православии Украина аз усқуфи аъзам Бартоломей санади расмиеро гирифт, ки ба тобеияти 330-солаи ин калисо ба Калисои православии Русия хотима дод. Эъломияи худмухториро, ки аз ин пештар имзо шуд, дар маросими махсус дар шаҳри Истанбул ба Эпифаний, усқуфи нави Киев рӯзи 6-уми январ супурданд.