Кайҳоннавардони русу амрикоӣ ва ҷопонӣ ба ҷойи лозимӣ расиданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Се кайҳоннавард баъди ду рӯзи партоб ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ расиданд. Антон Шкаплеров аз Русия, Норишиге Канаӣ аз Ҷопон ва Скот Тингл аз Амрико рӯзи 19-уми декабр бо киштии кайҳонии Союз ба истгоҳ васл шуданд. Киштии онҳо аз пойгоҳи Байконури Қазоқистон партоб шуд.