Ислом Каримов барои тоҷикон кӣ буд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбекистон, даҳ сол пеш, 2-юми сентябри 2016, даргузашт. Ӯ 78 сол дошт ва 27 соли охираш Узбекистонро бо мушти сангине идора кардааст. Каримов дар таърихи муосири Тоҷикистон низ нақши хосе бозида, муносибатҳои байни ду кишварро ба сардтарин нуқта расонда буд.