Моҷарои хонаводаи Каримов. Сабақ ё хушҳолӣ барои сарони минтақа?

Имрӯз Ислом Каримов - раиси ҷумҳури Узбакистон марҳилаи мушкилеро дар раёсати худ паси сар мекунад. Моҷароҳои марбут ба духтараш Гулнора шояд вайро афсурда ва ба эътибораш латма задааст.
Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, чунин ҳолати Ислом Каримов ба эҳтимоли зиёд шояд ба баъзе раҳбарони минтақа пинҳонӣ ё дарунӣ хуш меояд. Муҳаммад Солеҳ-раиси ҳизби “Эрк” ва раҳбари “Ҷунбиши мардумии Узбакистон” дар ғурбат мегӯяд, Ислом Каримов аз рӯзҳои аввали раёсаташ худро улгу ё модели як раҳбари муваффақи кишвари Осиёи Миёна медонист:

“Вай аз рӯзҳои аввали раёсаташ нисбат ба ҳамсояҳо сиёсати хасмонаро пеш гирифта буд ва талош мекард худро раҳбари минтақа вонамуд кунад. Ин хислати вай сабаб шуд, ки ҳамаи раҳбарони минтақа, бидуни истисно ба вай як навъ нафрати пинҳонӣ пайдо кунанд. Ман фикр намекунам, ки ин нафрат имрӯз аз байн рафта бошад. Раҳбарони минтақа ҳамеша дар паси парда дар ин бора мегуфтанд ва норизоятии худро аз сиёсати Каримов изҳор медоштанд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сабақҳои ҷанҷол дар хонаводаи Ислом Каримов



Бо вуҷуди ин, моҷароҳои хонаводаии Каримов метавонад ба раҳбарони дигари минтақа навъе сабақ бошад, на хушҳолӣ, то онҳо сарнавишти ояндаи хонавода ва ҳамзамон давлати худро бо назардошти он пешбинӣ кунанд. Даниел Кислов-мудири хабаргузории “Фергана.ру” сарнавишти кунунии оилаи Каримовро мояи хушҳоии раҳбарони дигари минтақа намедонад, балки онро “занги хатар” барои дигарон арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, хонаводаҳои онҳо низ метавонанд ба чунин ҳол гирифтор шаванд:

Даниел Кислов

“Барои онҳо ин тааҷҷуби бузург ва мусибат аст, ки чаро ин тавр шудааст. Мумкин аст ягонагии оила фурӯ пошад. Чунин ҳол табъан таҳдиде ба ваҳдат дар сатҳи давлат ва ниҳодҳои он низ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки ин сабақи нохушоянд барои ҳамаи раҳбарони дигари минтақа хоҳад буд, барои он ки дар оилаҳои онҳо фарзандони бонуфуз ва таъсиргузор ҳастанд. Онҳо аз номи падарони худ сӯистифода мекунанд ва медонанд, ки дар ҷомеа чӣ мавқеъ доранд. Барои ҳамин мумкин аст дер ё зуд дар хонаводаҳояшон ҳар гуна муноқиша бархезад. Ман бим дорам, ки бо касби истиқлол ҳокимият ва раҳбарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шеваи раҳбарии феодалӣ шабоҳат пайдо кардааст, ба низоме, ки 200 соли пеш мавҷуд буд”.

Намунаҳои ба сохторҳои давлатӣ ва қонунгузор ворид кардани аъзои хонавода дар гузашта дар Қазоқистон ва Қирғизистон низ мушоҳида шудааст. Бо вуҷуди он, ки Роҳат Алиев писари Нурсултон Назарбоев не, балки домодаш буд, вале бо дастгирии падарарӯс ва ё бо истифода аз ин “мавқеъ ва имтиёз” дар ҷавонӣ ба зинаҳои болоии қудрат расид ва дороии зиёде ҳам гирд овард. Вақте, ки аз чунин мавқеъ дар худ қудрату тавоноиро эҳсос кард, ҷоҳталабӣ ва шаҳди қудрат вайро то ба ҷое расонд, ки ба истилоҳ мехост ба “курсии падарарӯс” даст дароз кунад. Роҳат Алиев фикр мекард, ки дар оянда падарарӯс ба ҳамон минвол, ки вайро то ба он вақт аз зинаҳои қудрат боло мебурд, ин бор ҳам баъд аз хатми мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш курсии худро ба домод пешниҳод мекунад ва вай меросбари падарарӯс мешавад.

Вале Назарбоев мехост худро фақат дар нақши раҳбар бубинад ва бо он зиракии сиёсии худ ҳама роҳҳову дарҳоро бар рӯи домод баст ва духтарашро водор кард, ки аз домод ҷудо шавад. Роҳат на танҳо ба душмани шахсии Назарбоев ва хонаводаи вай табдил ёфт, балки душмани давлат низ эълон ва ду бор 20 солӣ маҳкум ба зиндон шуд.

Аскар Акаев, аз раҳбарони хушноми Осиёи Марказӣ бо овардани наздикони худ ба қудрат, ба нокомии сиёсӣ ва шӯришҳои мардумӣ рӯбарӯ шуд.

Аммо Аскар Оқоев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, ки бо тасмимҳои демократӣ дар оғози раҳбариаш дар миёни раҳбарони Осиёи Марказӣ хушном буд, бо додани имтиёзҳои бештари тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ ба аъзои хонаводааш ва бо овардани чанд узви хонаводааш ба парлумон дар соли 2005, ба нокомии сиёсӣ ва шӯриши мардумӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар интихоботи соли 2005 писараш Айдар, духтараш Бермет ва хоҳари занаш ба парлумон роҳ ёфтанд ва масунияту дахлнопазирии худро дар оянда барои амбитсияҳои бештар таъмин намуданд. Вале имтиёзи “номи падар” ин амбитсияҳоро кушт ва ба зудӣ курсии падарро аз зери пояш рабуд.

Дар минтақа руасои дигари ҷамоҳир ҳамчунон аспи қудратро қамчин мезананд. Каримов яке аз онҳост. Бо гузашти солҳо ин раиси ҷумҳури “дарозумр” ҳавсалаву тавон ва иштиёқи шадиди кории худро аз даст медиҳад ва ба сӯи пирӣ роҳ мепаймояд. Дар чунин марҳила на танҳо миёни фарзандон, балки байни ононе, ки дар давлат дасти тавоно доранд, тадриҷан “хӯрохӯрӣ”-и якдигар ё бо ҳар роҳе аз саф берун кашидани якдигар шуруъ мешавад. Шояд Узбакистон ба чунин марҳила расидааст. Дар ин кишвар баъд аз раиси ҷумҳур на парлумон ё кобинаи вазирон, балки Хадамоти Амнияти Давлатӣ ба раҳбарии Рустам Иноятов нерӯи аслӣ ба шумор меравад ва ба эҳтимоли зиёд дар овардани раиси ҷумҳури оянда ин ниҳод нақши қотеъ хоҳад бозид.

Раиси ҷумҳуре, ки баъд аз солҳои тӯлонии раёсат ба пирӣ мерасад ва рафтанаш аз қудрат амри возеҳ аст, нируҳои аслии атрофи худи вай низ барои расидан ба қудрат талош ва муборизаҳои пинҳониро бо ҳар роҳи барои худ муносиб шуруъ мекунанд. Чунин мубориза дар майдони боз ё кушоди сиёсӣ бар асоси қонун сурат намегирад, ба вижа дар кишваре мисли Узбакистон, ки майдони муборизаҳои бози қонунӣ вуҷуд надорад. Худи Ислом Каримов буд, ки дар давоми ҳукмравоии тақрибан 25 солаи худ қонуни интихоботиро ба бозӣ гирифт ва майдони муборизаҳои одилонаи сиёсиро баст. Дар чунин кишварҳои худкома имкони фаъолияти ҳизбҳои воқеии мухолиф тақрибан вуҷуд надорад. Парлумон ҳам ба василае табдил меёбад, ки бояд хостҳои раҳбарро иҷро кунад. Аз чунин шароит фарзандон низ “бенасиб” намемонанд ва бо ҷамъоварии сарват ба сӯи қудрат роҳ пеш мегиранд.

Гулнора Каримова намунаи рӯшани он аст. Вай дар сини 41 солагӣ тарибан ҳамаи ҳунарҳову унвонҳоро барои худ имтиҳон кардааст. Вай ҳам дипломат, ҳам доктори илмҳои сисёсӣ, ҳам профессор, ҳам медиамагнат (ғули матбуотӣ), ҳам овозхон, ҳам дизайнер (тарроҳи либос) ва ҳам ҳомиву пуштибони олами илму адаб аст. Вай ин императории худро дар тиҷорату ҳунар ва дар матбуот бо донишу маҳорати худ насохтааст. Дороиҳои ҳангуфти худ ва мақомҳои давлативу иҷтимоии худро бо истифода аз номи падар “чун духтари раиси ҷумҳур” ба даст овардааст. Маҳрумият аз ҳамаи ин мақому манзалат, унвонҳо ва шояд дороиҳо чӣ қадр барои Гулнора сахт хоҳад буд? Агар вазъи кунунӣ вайро то ба чунин маҳрумият расонад, ба эҳтимоли зиёд ин духтари замоне “нозпарвар”-и падари қудратманд бо фароҳам омадани нахустин имкон ин эҳсосоташро низ барои ҳамаи мо хоҳад навишт.