Дар аксҳо: Ҳафтаи панҷуми ҷанги Эрон

Зане аз паҳлӯи як бинои вайроншуда дар Теҳрон убур мекунад. 30 марти соли 2026.

Як марди масеҳии фаластинӣ рӯзи 29 март дар муқобили дарҳои қуфлзадаи калисои Holy Sepulchre дар Байтулмуқаддас.

Дастрасӣ ба ин калисо, ки ҳамчун муқаддастарин макон дар масеҳият шинохта мешавад, дар рӯзи якшанбе тавассути мақомҳои исроилӣ дар авҷи маҳдудиятҳои гирдиҳамоиҳои калон давоми ҷанг бо Эрон, масдуд шуд. Ин макони муқаддас баъдан пас аз интиқоди густурда аз баста будан, ба рӯи ибодаткунандаҳо бозкушоӣ шуд.

Як ҳавопаймои амрикоии E-3 Sentry, ки дар ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Шоҳзода Султон дар Арабистони Саудӣ тахриб шуд. Ин акс рӯзи 29 март нашр шуд.

Арзиши ҳар як аз ин ҳавопаймоҳои пешрафта ҳудуди 300 миллион доллар аст ва тибқи гузоришҳо, танҳо 16 фарванд аз ин ҳавопаймо дар ҳоли ҳозир дар хидмати нерӯҳои ҳавоии Амрико мебошад.

31 март. Пас аз онки артиши Исроил ҳушдор дод, ки ба "таъсисоти Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон ҳамла хоҳад кард, як ҳамлаи ҳавоӣ биноеро дар наздикии фурудгоҳи Бейрут вайрон кард.

Ҳамзамон бо ҷанг бо Эрон, даргирӣ байни Исроил ва ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки таҳти ҳимояти Эрон мебошад, дар ҳафтаҳои ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Коргарони як корхонаи сафолӣ дар Морби, Ҳинд. Ин корхона аз аввалҳои моҳи март бинобар банд мондани киштиҳои нафткаши Ҳинд дар тангаи Ҳурмуз, баста шудааст.

Тибқи гузоришҳо, садҳо корхона танҳо дар Морби бинобар камбуди маводи сӯхти мавриди ниёз барои гарм кардани хумҳои саноати сафолини Ҳинд, фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Эрониён рӯзи 31 март дар як истгоҳи автобус дар Теҳрон нишастаанд.

Ин истгоҳ дорои овезае аст, ки (аз чап ба рост) Оятуллоҳ Хумайнӣ, ки дар соли 1989 даргузашт, Алии Хоманаӣ, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил дар 28 феврали имсол кушта шуд, ва Муҷтабо Хоманаӣ, ҳокими феълии кишварро ба тасвир мекашад.

Марде дар ҷараёни ҳамлаи мушакии Эрон, дар ҷодае дар Латрун, дар маркази Исроил кулоҳи муҳофизатии кӯдакиро дар даст гирифтааст. 1 апрели 2026.

Марде дар Телавив, ҳамзамон бо ба садо даромадани бонги хатар пас аз партоби мушакҳои Эрон ба Исроил, сагеро ба тарафи паноҳгоҳе мебарад. 1 апрели соли 2026.

Як мушак дар осмони Асқалон, Исроил. 28-уми марти 2026.


Як рӯҳонии яҳудӣ дар киштзоре дар Латрун, Исроил дар ҳоле, ки бонги хатар аз ҳамлаҳои Эрон ҳушдор медиҳад, дуо мекунад. 1 апрели соли 2026.

Як ҷангандаи F-15-и нерӯҳои ҳавоии Исроил дар ҳоли парвоз бар фарози маркази Исроил дида мешавад. 31 марти соли 2026.

Як овезаи зиддиамрикоӣ дар яке аз хиёбонҳои Теҳрон. 1 апрели 2026.

Барномаи ҳунарӣ дар яке аз зерзаминиҳои Телавив, ки ҳамчун паноҳгоҳ истифода мешавад. 31 марти 2026.

Зане дар Байтулмуқаддас дар сӯгвории шаҳрванди амрикоӣ-исроилӣ Моше Исҳоқ Ҳакоҳен Катз. Ин сержанти 22-сола дар набарде дар Лубнон кушта шуд.

Пули шоҳроҳи B1, ки Теҳронро ба Караҷ дар вилояти Албурзи Эрон мепайвандад, рӯзи 1 апрел мавриди ду ҳамлаи ҳавоии Амрико қарор гирифт ва хисороти қобили таваҷҷуҳе ба он ворид шуд. Расонаҳои эронӣ ин пулро баландтарин дар Ховари Миёна гуфтаанд.

Соҳили Баҳри Хазар дар Сурхруд, дар вилояти Мозандарон дар шимоли Эрон. Бисёре аз хонаводаҳо бинобар ҷанги ҷорӣ, ба онҷо кӯч бастаанд.

Корхонаҳои басташуда дар Ҳинд ва як ҳавопаймои низомии тахрибшудаи Амрико дар Арабистони Саудӣ, дар ҷамъи аксҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз ҳафтаи панҷуми ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон дида мешаванд.