Абдулло Қурбонзода, раиси ин Оҷонсӣ мегӯяд, гузориш мунсифона нест, чун дар он табиати кӯҳистонии Тоҷикистонро хеле поёнтар аз кишварҳое қарор додаанд, ки комилан дар биёбонанд ва ҳавои олуда доранд.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки газҳои гулхонаӣ ихроҷ мекунанд, ҳаворо бештар аз дигар кишварҳо олуда мекунанд. Аз сӯи дигар, ӯ мегӯяд, ҳавои кишварҳои африқоӣ ва Ховари Миёна, ки аксаран дар биёбон ҳастанд, бо Тоҷикистон муқоисанашаванда ҳаст.
Гузориши ҷаҳонии сифати ҳаворо ҳар сол пажуҳишгоҳи IQAir-и Швейтсария, ки ҳамарӯза сифати ҳаворо дар ҷаҳон расад мекунад, рӯзи 24-уми март, нашр кард. Бар пояи ин гузорш сатҳи олудагӣ ё консентратсияи ҳавои Тоҷикистон дар соли гузашта даҳҳо маротиба бештар аз меъёри муқарраркардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ будааст.
Сангинмурод Самиев, сардори Раёсати арзёбии муҳити зисти Оҷонсии обуҳавошиносӣ ба сифат ва кори дақиқи дастгоҳҳое, ки ҳавои Душанберо барои пойгоҳи IQAir чен кардаанд, шак дорад.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳои хориҷиён ба ҳавои Тоҷикистонро нодуруст номиданд
Абдулло Қурбонзода, раиси Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон шарҳ дод, ки масъулони созмон бар асоси ду таҷҳизот, ки дар коргоҳи “Текстилмаш” ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе гузоштаанд, ба сатҳи олудагии ҳавои Тоҷикисто баҳо додаанд.
“Дар ду ҷо ҳамин чизро мондаанд. Барои чен кардан қоидаҳо муайян шудааст, яъне асбобе, ки сифати ҳаворо чен мекунад аз роҳ бояд чӣ қадар дур бошад, аз ҷойи заводҳо дур бошад. Яъне дар даруни дуд ду таҷҳизотро гузошта ҳавои Тоҷикистонро радабандӣ кардан хато ҳаст,”--гуфт ӯ.
Пойгоҳи IQAir сифати миёнаи ҳавои соли гузаштаи Тоҷикистонро 152 AQI⁺ ба ченакҳои ИМА нишон додааст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз 100 болои ин шохисро барои баъзе ашхос ва аз 150 болотарашро барои ҳама қишрҳои аҳолӣ заранок донистааст.
Сабур Абдуллозода, мудири лабораторияи таҳқиқоти атмосферии Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ба сегонаи кишварҳои аз ҳама олуда ворид кардани Тоҷикистон мувофиқ нест, аммо бояд эътироф кард, ки ҳавои Душанбе хеле олуда аст.
Гузориши ҷаҳонии сифати ҳаво низ Душанберо шаҳри аз ҳама олудатарини Тоҷикистон донистааст.
Сабур Абдуллозода гуфт: “Аз ҳисоби ҳамин чангу хоке, ки аз кишварҳои бурунмарзӣ меояд, ман ба ин розӣ шуданам мумкин аст, ки дар сеюм ҷо бошад. Релефи Тоҷикистон ҳамин хел аст, ки ҳамон чангу хоке, ки аз ҷанубу ғарби Тоҷикистон ворид мешаванд, аз сабабе, ки кӯҳҳо ҳаст, Душанбе дар ҳамин чуқурӣ ҳасту гирду атроф ҳама кӯҳ ҳасту баландиҳо ҳаст, ҳамон чангу хоке, ки ба Тоҷикистон меояд, муддатҳои аз як ҳафта зиёд меистад, вай сифати ҳаворо паст мекунад. Сабаби дар ҷойи сеюм будани Душанбе ҳамин аст”.
Дар гузашта низ Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба гузоришҳои ниҳодҳои ҷаҳонӣ, ки ҳавои Душанберо олуда арзёбӣ карда буданд, норизоятӣ карда, гуфта буд, ки онҳо маълумотро аз пойгоҳҳои давлатӣ намегиранд. Дар гузориши соли 2025 пас аз Тоҷикистон кишварҳои дигаре мисли, Чад, Конго, Ҳиндустон, Кувайт, Уганда, Миср ва Узбекистон дар даҳгонаи кишварҳое қарор гирифтаанд, ки олудатарин ҳаворо доранд.