75-умин солгарди имзои созишномаи Молотов-Риббентроп

Вазири умури хориҷии Олмон Joachim Von Ribbentrop (аз чап) ва вазири умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ Вячеслав Молотов (рост) дар таърихи 23 августи соли 1939 дар шаҳри Маскав дидор карданд то созишмонаи адами ҳамла ба якдигарро ба имзо бирасонанд.

Вячеслав Молотов ҳини имзои созишнома.

Вазири умури хориҷии Олмон дасти раҳбари Иттиҳоди Шӯравиро мефишорад

Матни протокол дар мавриди тақсими Аврупои марказӣ ва шарқӣ ба минтақаҳои таҳти нуфузи Шӯравӣ ва Олмон.

Матни протокол ба забони русӣ.

Харитае, ки рӯзи 18 сентябри соли 1939 -- як рӯз қабл аз ҳамлаи Шӯравӣ ба Лаҳистон дар рӯзномаи "Известия" ба нашр расид.

Нерӯҳои Олмон ва Шӯравӣ барои марзгузорӣ бо ҳам омаданд. Сентябри соли 1939

Мақомоти Шӯравӣ ва Олмон бо ҳам мулоқот намуданд ва тақсим ва ишғоли шаҳри Брест (Беларусия кунуниро) баррасӣ карданд.

Мулоқоти сарбозони шӯравӣ ва олмонӣ дар Брест, 22 сентябри соли 1939.
 

Сарбозони шӯравӣ ва олмони шаҳри Брестро ишғол ва паради пирӯзӣ баргузор карданд. 22 сентябри соли 1939.

Комиссари Шӯравӣ Бороневский ва яке аз сарбозон дар назди як мошини ҳарбӣ дар Брест.

Афсари олмонӣ Gustav-Adolf Riebe ва подполковники шӯравӣ Симён Кривошейн дар паради муштараки пирӯзӣ дар Брест.

Бахше аз Паймони Молотов-Риббетроп, ки дар рӯзи 28 сентябри соли 1939 дар рӯзномаи "Правда", чопи шӯравӣ ба нашр расид.

Сталин ва Риббертров дар муқоваи ҳатфаномаи "Newsweek" 9 октябри соли 1939.

Молотов (чап) дар Берлин, 14 ноябри соли 1940. Паймони адами мудохила миёни ду кишвар то рӯзи 22 июни соли 1941 --рӯзе ки Олмон ба Шӯравӣ ҳамла кард, побарҷо буд ва амал мекард.