Ҳиллари Клинтон дар мақоми Котиби Давлатии Амрико

Ҳиллари Клинтон ҳамроҳ бо ҳамсараш, собиқ раиси ҷуҳмури Амрико Билл Клинтон ва духтараш Челси, дар рӯзи савганд ёд карданаш ҳамчун Котиби Давлатии Амрико, ки 2 феврали соли 2009 дар Вашингтон баргузор шуда буд.

Ҳиллари Клинтон мақоми Котиби Давлатиро аз Барак Обама, рақибаш дар интихоботи соли 2008 пазируфт.

Ҳиллари Клинтон бо духтараш Челси қабл аз омодагӣ ба тасдиқи номзадиаш дар Конгресси ИМА. Вашингтон, январи соли 2009.

Ҳиллари Клинтон баъди Мадлен Олбрайт (аз тарафи чап) сеюмин зане буд, ки ба мақоми Когтиби Давлатии Амрико пешбарӣ шуд.

Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон лабҳояшро ороиш медод ва ҳамзамон бо Абдулло Гул, президенти Туркия (аз тарафи рост) сӯҳбат мекард. Ин акс дар фосилаи кӯтоҳ аз шурӯъи ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ, 23 сентябри соли 2010 дар ситоди СММ гирифта шуд.

Канслери Олмон Ангела Меркел  бо Котиби Давлатии Амрико Клинтон дар ҷараёни зиёфате, ки ба хотири Меркел дар Департаменти Давлатии Амрико баргузор шуд.

Ҳиллари Клинтон ба вазири умури хориҷии Туркия дар оғози мулоқоти дуҷониба дар Абу Даби "чак" додааст. Аморати Араб, 9 июни соли 2011

Ҳиллари Клинтон ҳангоми худоҳофизӣ бо аскарони либиягӣ, Триполӣ, 8 октябри соли 2011.

Клинтон тӯҳфаи сафири фарҳангии Департаменти Давлатии Амрико Карим Абдул-Ҷабборро дар ҷараёни мулоқот дар Вашингтон пазируфт

Котиби Давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон дар ҷаласаи баҳси дархости буҷаи 2013, Вашингтон, 28 феврали соли 2012.

Маъракаи "куртапӯшонӣ"-и  Котиби Давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон дар Малавӣ, 5 августи соли 2012. Клинтон нахустин вазири хориҷии Амрико буд, ки аз ин давлати воқеъ дар Африқои ҷанубушарқӣ боздид ба амал овард.

Котиби Давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон бо Нелсон Мандела, собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ  дар манзили Мандела дар Қуну акс мегирад. 6 августи соли 2012.

Президенти Русия Владимир Путин аз Котиби Давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон дар нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором истиқбол мекунад. Владивосток, 8 сентябри  соли 2012.

Ҳиллари Клинтон дар анҷоми чаҳор соли фаъолияташ дар мақоми Котиби Давлатии Амрико гуфт, "ба назарам, мо бояд  ба оғози фаъолияти ман ба январи соли 2009 назаре афканем ва ба хотир биёрем, ки обрӯи мо чӣ қадар поён рафта буд ва раҳбарии мо зери суол омада буд. Чӣ тавр бӯҳрони иқтисодӣ эътимоди мардумро ба ҳукумат, ба сохтори мо, ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико такон дода буд. Бахши рисолати ман аз оғоз дар саросари ҷаҳон будан ва барқарор кардани эътимод ба раҳбарии Амрико буд".