Ҳамлаҳои Русия сокинони Киевро бе барқу гармӣ гузошт

Буҳрони энергетикӣ дар Киев

Ҳазорон сокини шаҳри Киев, пойтахти Украина рӯзи ҷумъаи 11-уми январ дар пайи ҳамлаи густардаи Русия бе барқ ва гармӣ монданд. Дар чунин шароит сокинони маҳаллӣ роҳҳои мубориза бо сардиро ҷустуҷӯ мекунанд. Низоми энергетикии Украина дар зери ҳамлаҳои пайвастаи Русия ба мушкилоти ҷиддӣ рубарӯ аст.

Сергей Прижстовский, сокини 85-солаи Украина барои таъмини об дар хонааш барфро дар сатил об мекунад. Хонаи ӯ дар пайи ҳамлаи неруҳои Русия хароб шуд ва ин мард дигар на об дорад на гармӣ.

"Пеш аз ҳамла, ҳамааш хуб буд, оби гарм доштем. Мо ҳама чиз доштем. То вақте, ки низоми гармидиҳӣ дубора фаъол нашавад, ман маҷбурам бо либосҳоям хоб кунам", - бо ҳасрат мегӯяд Сергей.

Дар ҳолати монанд ба ин хонаи Галина Турчин дар шарқи Киев сахт зарар дидааст. Хонаи ин зан ҳам барқ ва гармӣ надорад.

Галина Турчин дар суҳбат ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, "мо балони газиро барои гарм кардани хона ва пухтани ғизо истифода мебарем. Имрӯз мо ягон хӯрок омода мекунем, барои онки ду рӯз шуд чизе надорем, ки ғизо пазем".

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамлаҳои Русия сокинони Киевро аз барқу гармӣ маҳрум кард

Рӯзи 9-уми январ Русия бо паҳпод ва мушак ба зеристгоҳҳои барқии шаҳри Киев ҳамла кард ва як қисм пойтахти Украина бе гармӣ ва рӯшноӣ монд. Нахуствазири Украина дар Телеграм навишт, як ҳафтаи ахир 44 ҳамлаи Русия ба зеристигоҳҳои барқӣ ва иншооти муҳим сабт шудааст.

Ба гуфтаи президент Владимир Зеленский, барқарор кардани зеристигоҳҳои барқӣ мушкил аст, бахусус дар минтақаҳои наздимарзӣ. Рӯзи якшанбеи 11-уми январ як қисми сокинон зиёди аз 50 соат бе барқ монданд. Онҳо дар маркази тақсими ёриҳои башарӣ ҷамъ шудаанд то телефонашон қувва гирад. Дар ин ҷо ҳаво 12 дараҷа сард аст.

Зеленский рӯзи якшанбе гуфт, Русия қасдан мунтазири сард шудани ҳавост, то мардуми Украинаро дар шароити бад гузорад. Маскав ба ин ҳарфҳо посух надодааст. Зимистони чоруми ҷанг метавонад барои Украина сардтарин ва ториктарин бошад, зеро осебҳои дарозмуддат низоми энергетикиро ба ҳолати варшикастагӣ мерасонад.

Русия наздик ба чор сол аст, ки бедалел зидди Украина меҷангад ва сарбозони артиши ин кишвар ҳазорон бегуноҳро кушта, боиси фирори миллионҳо украинӣ аз ватанашон шудаанд.