Ширкати мунтахаби Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2015, ки 16-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шурӯъ мешавад, ширкат меварзад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум то 25-уми январ бо ширкати 12 даста дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат мекунад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 17-уми январ бо тими Қазоқистон, бозии дувумашро 18-уми январ бо мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа 16-уми январ соати 20.30 ба вақти Душанбе ва маросими пӯшидашавӣ 25-уми январ соати 23.00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

Чун анъана дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ширкат меварзад. Вай дар доираи сафари худ ба Санкт-Петербург бо роҳбарони созмонҳои футболи миллӣ мулоқоти корӣ анҷом медиҳад.

Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохиланд. Дар Ҷоми Иттиҳод, ки барои бори 23-юм барпо мегардад, ба ҷуз 10 дастаи мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин тимҳои ҷавонони Финляндия ва Африқои Ҷанубӣ иштирок мекунанд. Вале мунтахаби ҷавонони Украина, ғолиби мусобиқаи порсола, дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ширкат намеварзад. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби ҷавонони Украина дар бозии ниҳоӣ тими Русияро бо ҳисоби бузурги 4-0 шикаст дода буд.

Алишер Тухтаев, сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21), ба ҳайати ниҳоии даста 19 футболбоз – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро дохил кардааст.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2015:

дарвозабонҳо: Дилшод Дадобоев (“Эсхата”), Эмомалӣ Сониев ("Истиқлол”);

ҳимоятгарон: Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров (РТСУ), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Парвизҷон Ҳомидов («Хайр»), Дилшодҷон Каримов («Хуҷанд»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»);

нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»), Вайсиддин Сафаров («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов (ҳарду – ССКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»);

ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»).

Сармураббӣ: Алишер Тухтаев.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2015:

Гурӯҳи «А»: Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия.

Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.

Гурӯҳи «С»: ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.

16 январ (ҷумъа)

14:00 – Молдова – Қирғизистон

16:15 – Эстония – Финляндия

18:30 – Беларус – Туркманистон

21:00 – Русия – Латвия

17 январ (шанбе)

14:00 – ҶАҶ - Литва

16:15 – Тоҷикистон – Қазоқистон

18:30 – Финляндия – Туркманистон

21:00 – Эстония – Беларус

18 январ (якшанбе)

14:00 – Латвия – Қирғизистон

16:15 – Қазоқистон – Литва

18:30 – Тоҷикистон – ҶАҶ

21:00 – Русия – Молдова

19 январ (душанбе)

14:00 – Беларус – Финляндия

16:15 – Туркманистон – Эстония

18:30 – Молдова – Латвия

21:00 – Қирғизистон – Русия

20 январ (сешанбе)

14:00 – ҶАҶ – Қазоқистон

16:15 – Литва – Тоҷикистон

21 январ (чоршанбе)

1/4 финал

14:00 – 1А – 3В/3С

16:15 – 2B – 2С

18:30 – 1С – 2А

21:00 – 1В – 3А/3С

22 январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои за 9-12-ум

18:30 – 4А – 4С

21:00 – 4В – 3А/3В/3С

23 январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

18:30 – Нимфинал

21:00 – Нимфинал

24 январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25 январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) порсол дар Ҷоми Иттиҳод дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифта, танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашта буд. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовии 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1).