“Минбари халқ”, нашрияи ҳизбии ҲХДТ Анҷумани Рӯзноманигорони ҷавон бо номи «АРҶ» -ро таъсис додааст.
Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири нашрияи «Минбари халқ» рӯзи 3-юми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадафи аслии таъсиси ин созмони журналистӣ дар назди нашрияи ҳизбии ҲХДТ–ро танҳо инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти ҷомеа, ҷалб ва такомули касбии эҷодкорони ҷавон унвон кард. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳамдамов, ин анҷуман ҷиҳати дастгирии ҷавонони эҷодкор, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ё ҳирфавии рўзноманигорони ҷавон саҳм хоҳад гирифт.
Радиои Озодӣ дар як гуфтугӯ бо Бахтиёр Ҳамдамов нахуст аз иқдоми таъсиси Анҷумани рӯзноманигорони ҷавон пурсид.
Бахтиёр Ҳамдамов: "АРҶ - Анҷумани Рӯзноманигорони ҷавон" аслан як ҷои баргузории маҳфиле ҳаст, ки мардуми ҳамақидаро бо ҳам ҷамъ меорад. Мо ҳам тасмим гирифтем, ки ҳамингуна як ҷамъият ё маҳфили рӯзноманигорони ҷавонро таъсис диҳем. Ҳадаф то андозае мусоидат намудан ба такмили маҳорати рӯзноманигорони ҷавон аст».
Озодӣ: Кадом ҷавонон метавонанд, узви ин созмон ва ё иштирокчии маҳфилҳои «АРҶ» бошанд?
Бахтиёр Ҳамдамов: «Синну соли ҷавонони алоқаманд маҳдуд нест, дари анҷуман барои донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои кишвар ва ҳамчунин хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ боз аст. Рӯзи 1-уми апрел нахустин маҳфили анҷуманро бо иштироки 20 нафар рӯзноманигори ҷавон баргузор кардем»
Озодӣ: Сабаби «Анҷумани рӯзноманигорони ҷавон» гузоштани номи созмон дар чист?
Бахтиёр Ҳамдамов: «Ба он хотир номи маҳфили худро «АРҶ» гузоштем, ки маънояш арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҷомеи шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамеша дар мадди аввал гузоштани арзишҳои миллӣ мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ба тарзи навишт, услуб, жанрҳои рӯзноманигорӣ, ки дар умум бахши нисбатан касби журналистикаро ташкил медиҳад таваҷҷӯҳ дошта бошем. Умуман сӯҳбатҳои озод ва ошноии иштирокдорони маҳфил бо кору таҷрубаи рӯзноманигорони касбӣ аст, фикр мекунам чунин як маҳфили ройгон барои онҳое ки пешаи хабаринигориро орзу мекунанд, иқдоми саривақтист».
Озодӣ: Шеваи фаъолият дар «АРҶ» ва фарогирии рӯзноманигорони ҷавон чӣ тавр аст?
Бахтиёр Ҳамдамов: «Мо хостем хоҳишмандони маҳфили «АРҶ»-ро номнавис кунем, бо гузашти вақт рӯшан мешавад, ки киҳо ҳастанд, хоҳишмандон. Онҳое ки дар маҳфилу чорабиниҳои мо иштироки фаъол мекунанд, то андозае дастгирӣ мекунем. Барои матлабҳои навиштаашон, ҳаққи қалам муайян мекунем, ҳамчунин бо даст додани имкон барои фаъолияти минбаъдаашон тӯҳфаҳо ҳам медиҳем. Вале тавре гуфтам, онҳое ки чанд маротиба дар маҳфилҳои мо ширкат мекунанд, тасмимашон устувор мегардад ва мехоҳанд фаъолияташонро идома диҳанд. Барои ҳамин мо, ба хулоса омадем, ки рӯйхати аъзоёни анҷуман зарурат надорад. Мо ҳамчунин тасмим гирифтем, ки дар маҳфилҳои худ сӯҳбатҳои озодро бо ҳузури хабарнигорони касбиву собиқадор, масъулони Итиҳодияи журналистон роҳандозӣ кунем. Ҳар ҳафта як ё ду матлабе, ки рӯзноманигорони ҷавони ин маҳфил дар мавзуъҳои мухталиф менависанд, ба таҳлил бикашем».
Озодӣ: Рӯзноманигорони ҷавоне, ки иштирокчии маҳфили «АРҶ» танҳо дар нашрияи «Минбари халқ» матлаб менависанд?
Бахтиёр Ҳамдамов: «Минбаъд онҳо ихтиёр доранд, дар кадом ВАО-е ки барои онҳо писанд аст, фаъолият кунанд. Ҳадафи мо, танҳо такмил додани истеъдод, дониш ва тавре ки гуфтам тарзи баён, ки имрӯз хеле зарур аст, дақиқ назар андозем. Мо дар баробари ҳамаи ин омӯзиши забонҳои хориҷиро ҳам барои рӯзноманигрони ҷавон дар нақша дорем».
Озодӣ: Яъне фаъолияти маҳфили «АРҶ» ба ду бахш тақсим шудааст?
Бахтиёр Ҳамдамов: «Албатта, бубинед, имрӯз барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фановариҳои муосир маблағҳои зиёд сарф мешавад. Ба ҳисоби миёна, омӯзиши забони англиси бошад ё забони дигар барои як нафар то 500 сомонӣ маблағ сарф мешавад, ки барои як донишҷӯ ё хонандаи мактаб гарон аст. Боз мегӯям, ҳадафи мо ҳам ҳамин буд, ки барои онҳо як дарси ройгон ташкил кунем бо истифода аз таҷрибаи рӯзноманигорони касбиву собиқадор донишу истеъдоди худро такмил диҳанд. Масъалаи ташкил ва баргузории маҳфилҳоро худи нашрияи «Минбари халқ» ба ӯҳда мегирад».