Ин филмро ширкатҳои Gathr films ва CNN FILMS муштарак сохтаанд ва аз ҳаёти 9 духтар дар ҷаҳон қисса мекунад, ки аз роҳи саъю кӯшиш ва рушди маориф ба орзуҳои худ даст меёбанд. Ин духтарон, ки умдатан аз кишварҳои африқоӣ ва мусалмонӣ ҳастанд, аз тариқи дониш андӯхтан аз фақру бенавоӣ халос мешаванд ва зиндагии шоистаеро насиб мегарданд.
Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон қабл аз намоиши ин филм, дар суханронӣ маорифро рушди кишварҳо ва дастовардҳои беҳтар унвон кард.
Ба таъкид хонум Эллиотт, маҳз дар пайи рушди маориф ИМА ба пешравиҳо ноил гардида ва духтарону писарон ояндаи худро сохтаанд.
Вай ба ҷавонони дар толорбуда рӯ овард ва гуфт, ки тамошои филми "Girl rising" ё "Рушди духтарон" имкон хоҳад дод, то шумо ояндаи худро бо донишандӯхтан рангин кунед ва шахси фаъоли ҷомеа бошед.
Ситора, хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе пас аз тамомшои филми мазкур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "филм таъсирбахш аст. Чун ҳаёти на танҳо 9 духтари рӯи замин, балки миллионҳо духтаронеро бозгу мекунад, ки ба сабаби набудани имконият ва ё фақру нодорӣ ва дигар сабабҳо аз мактаб дур мемонанд ва бесаводӣ онҳоро боз фақиртар мекунад."
Аммо Ситора мегӯяд, "филм аз сӯи дигар роҳнамоест, барои духтарон, ки илм омӯзанд, хонанд, саводнок шавад ва дар оянда соҳиб тахассус гараданд, то дар зиндагӣ дарнамонанд. Духтари босавод, ҳаёти хуберо хоҳад дошт."
Вай аз он изҳори таассуф кард, ки на ҳама хонандагони мактабу донишкадаҳо тавонистанд ин филмро тамошо кунанд ва барои худ сабақе бигиранд. Беҳтар аст, ки ин филм дар толорҳои синамоии Тоҷикистон ба намоиш дарояд ва аз манфиат холӣ нест.