Шаҳзода: Фарзанддорӣ садди пешрафти занони тоҷик аст. ВИДЕО, САДО

Романи “Синдроми Стокҳолм”-и нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд Шаҳзода Назарзода моҳи майи имсол ба забони русӣ нашр шуд. "Синдроми Стокҳолм" дар асл тарҷумаи русии новеллаи ҳамноми Шаҳзода аст, ки ду сол пеш ба забони тоҷикӣ чоп шуда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаҳзода Назарзода, "Синдроми Стокҳолм" ва масоили зани замонавии тоҷик

Ин асари тарҷумаҳолӣ аст ва аз як саҳифаи бисёр дардноки зиндагии нависанда қисса мекунад, ки дарди обистанро кашида, дар ниҳоят ноумед мешавад. Шаҳзода Назарзода яке аз нависандагони пуркори тоҷик аст, ки бештар сари масоили зани тоҷик ва суннатҳову чолишҳои зеҳнии як инсони замонавӣ андеша мекунад.

Мо мардуме бо таърихи қадим ҳастем, вале то ҳол ба даруни фардии худ нигоҳи амиқ накардаем. Барои ҳамин, тан ҳанӯз барои мо табу аст ва аз шунидани оргазм эҳсоси нороҳатӣ мекунем.

Радиои Озодӣ: Шаҳзода, ин қисса, дард ваё саргузашти хеле сахтеро, ки доштед, лучу бепарда гуфтед. Шурӯъ аз саҳнаи ишқ бо ҳамсар то дарки воқеияти ин ки аввалин фарзандро аз даст додаед. Ин як доди шумо буд аз дарди фоҷеае, ки пушти сар кардед, иқрори иштибоҳҳои худ, тавба аз он тафаккуре, ки пойбанди он будед ваё сирф кори нависандагӣ?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаҳзода Назарзода: Фарзанддорӣ монеаи пешрафти зани тоҷик аст

Шаҳзода Назарзода: Дар давраҳои нависандагие, ки ман хориҷ аз ватан дар Аврупо дарёфт кардам, борҳо шунидаам, ки мегуфтанд, нависанда он аст, ки бояд дард дошта бошад. Вақте ман дар Самарқанд будам, шеър мегуфтам. Достону ҳикояҳои кӯтоҳ ҳам менавиштам, аммо ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки мешинаму роман менависам ва он ҳам аз таҷрибаҳое, ки худам доштаму аз модароне, ки мушоҳида кардам. Ин роман дуруст аст, ки аз зиндагии ман гирифта шудааст ва як навиштандармонӣ буд. Дар Аврупо дар миёни мутахассисони равоншинос истилоҳе ҳаст, ки навиштанро ба ҳайси яке аз корҳои

Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ)

Шаҳзода Назарзода 41 сол дошта зодаи шаҳри Самарқанд, нависанда ва журналисти муқими Ҳолланд аст. Баъди таҷрибаи корӣ дар телевизони Самарқанд ва таҳсил дар Лондон, дар Амстердам муқимӣ шуд ва ҳоло дар радиои “Замона” ҳам кор мекунад. Муаллифи романҳои “Синдроми Стокҳолм”, “Замини модарон”, “Регистон” ва маҷмӯаи ашъори “Сабри санг”, “Исёни рӯҳ” ва дигарҳо мебошад. Аз аввалин блогнависони тоҷик аст, ки роҷеъ ба масоили доғи иҷтимоӣ, аз ҷумла мавқеи зан дар оилаву ҷомеа ва мушкилоти дигар навиштааст.

дармон ба кор мебаранд. Аз тариқи навиштан инсон ва бахусус нависанда ҷаҳон ва нохудогоҳи худашро кашф кунад. "Синдроми Стокҳолм" дақиқан бо 30-солагии ман шурӯъ шуд. Ман ин романро замони бордории пуртардиду саволе доштам, навиштам. Ин фарзандро мехостам ва намехостам ва вақте ин фарзанд тасмим мегирад, ки намонад, он вақт саволҳои амиқтаре барои ман пеш омад, ки чаро чунин иттифоқҳое меуфтад. Ҳоло, ки аз ин рӯйдод 7 сол мегузарад, фикр мекунам, ин аввалин зинаи ман будааст дар навиштан. Ниёзи амиқе, ки ин китоб дар ман ба вуҷуд овардааст, то ҳол идома дорад. Фикр мекунам, нависандагӣ корест, ки ман барои он сохта шудаам.

"Синдроми Стокҳолм"-ро барои худам инқилоб медонам"

Радиои Озодӣ: Замоне ки Фурӯғи Фаррухзод 50-у 60 сол пеш аз ишқаш бепарда гуфт, инқилобе дар шеъри форсӣ, дар шеъри зан барпо кард. Ин кори шуморо ҳам ман як инқилобе дар адабиёти тоҷик мебинам. Бахусус, дар авҷи баҳсу ҳассосиятҳои мазҳабие, ки ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон пушти сар мекунад. Ин шеваи баёнро эҷодкорон аз сӯе осону ҳадафманд мегӯянд, бахусус барои адабиёти суннатӣ, вале аз сӯи дигар воқеан ҳам ингуна гуфтани қисса бо исмҳои воқеиву ҷузъиёти хеле табиӣ барои як зан кори саҳл нест...

Шаҳзода Назарзода: Ташаккур мекунам аз вожаи инқилобе, ки ба кор бурдед. Ман эҳсос мекардам, ки ҷойи чунин як коре дар адабиёти тоҷик холист. Мо бояд бештар қиссаҳои мондагор аз рӯйдодҳои дарунии занҳо ва духтарони тоҷик бояд ба вуҷуд биёрем. Сӯҳбат кардан аз табиитарин рӯйдодҳо барои мо ҳамчунон табу боқӣ мондааст. Ман “Синдроми Стокҳолм”-ро барои худам инқилоб медонам, ки боз кардани дари дили худам, ҳамсарам ва рӯзгорам ба рӯи мухотаб кори осоне набуд, дуруст аст.

Вале як нафар бояд ин корро мекард, ки барои бақия як умеде шавад, ки шуданӣ ҳам ҳаст. Мо маъмулан аз паёмади коре метарсем. Вале вақте паёмади кор бахусус барои ман мусбат будааст, умед дорам, бақия ҳам ташвиқ шаванд, ки рӯирост бинависанд. Мо мегӯем “чаро тоҷикон китоб намехонанд?” Ман аз таҷрибаи худ мегӯям, тоҷикон он китоберо мехонанд, ки аз дарди онҳо гуфта бошад, хаёлу романтизми холиву беасос набошад. Адабиёт муҳимтарин арса аст, ки мо бояд аз он истифода кунем, ҷавонони худро дубора ба худшиносиашон баргардонем, ба эътимод ба нафсашон биафзоем. Ба онҳо кумак кунем, ки роҳҳои дигареро пеши худ интихоб кунанд, то бубинем, ки камтар ба артиши ДИИШ бипайванданд. Ошкорбаёнӣ ва озодии баён аст, ки ба наслҳои оянда барои интихоби дуруст кумак мекунад. Агар ман “Синдроми Стокҳолм”-ро наменавиштам, агар ҷасоратро пеши худам нишон намедодам, “Замини модарон” ва “Регистон”-ро ҳам наметавонистам бинависам.

Тоҷикон бояд даҳу садҳо нависандаи зан дошта бошанд

Радиои Озодӣ: "Синдроми Стокҳолм" аз назари шумо он мафкурае аст, ки як зани точик дар чомеаи суннатии тоҷикӣ дорад. Шумо худро ҳам гирифтори ин синдром меномед. Яъне, ин ҳамон мушкилест, ки ба пешрафту истиқлоли зеҳнии зани тоҷик монеъ мешавад?

Шаҳзода Назарзода: Ҳамаи занҳо қавӣ нестанд. Ҳамаи занҳо мардеро дар канорашон надоранд, ки дар фарзанддориву тарбияти бачаҳо кумак кунад. Дар натиҷа, ин бори азим мемонад бар дӯши занҳову модарҳо. Ин чиз боис мешавад, ки онҳо фаъолиятҳои иҷтимоии худро канор

“Синдроми Стокҳолм” исми беморие аст, ки мазлум ошиқи золим мешавад. Ман унвони ин бемориро муқоиса кардам бо ишқе, ки модар ба фарзанд дорад. Фарзанд аст, ки садди пешрафти модар аст ба унвони як зан.

гузоранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки дар Эрон, дар Ховари Миёна, дар баъзе аз шаҳрҳои марказии арабӣ занҳои пешрафта ва равшанфикр дигар намехоҳанд фарзанддор шаванд. Эҳсос мекунанд, ки бор мешавад. Фарзанд онест, ки бояд парастид ва тамом дар хизмати фарзанд буд. Тамом дар хидмати фарди дигаре будан гузашт аз худ аст. Агар ҳамаи модарҳо гузашт аз худ кунанд, мо ҳамчунон дар он ҳалқае боқӣ мемонем, ки занҳои мо наметавонанд равшанфикр бошанд, барои мутолеаву рушди шахсиашон вақти камтаре хоҳанд дошт. Ин чизҳо маро нигарон карда буд, ки оё ман ҳам як модари тоҷик бошам, он вақт оё мо нависандаи зане хоҳем дошт? Барои ман ин саволи бисёр муҳим буд. Тоҷикон бояд даҳ нависанда, сад нависандаи зан дошта бошанд, ки бепарда нависанд ва кумаки густардае аз атрофиёни худашон дошта бошанд, ки битавонанд вақт бигузоранд ва бинависанд. “Синдроми Стокҳолм” исми беморие аст, ки мазлум ошиқи золим мешавад. Ман унвони ин бемориро муқоиса кардам бо ишқе, ки модар ба фарзанд дорад. Фарзанд аст, ки садди пешрафти модар аст ба унвони як зан. Ҳеҷ ҳасрате надорам, ки фарзанд надорам. Эҳсос мекунам, ки навиштаҳои ман – фарзандҳои ман ҳастанд ва фарзандони дигаронро метавонад каме ҳам бошад тарбият ва ба роҳи рост ҳидоят кунад.

"Замини модарон" яке дигар аз романҳои Шаҳзода роҷеъ ба мушкили зани замонавии тоҷик баҳс мекунад

"Башар аз биҳишт ҳам бо тарсу кунҷкобӣ берун омадааст"

Радиои Озодӣ: Чизи дигаре, ки муҳим аст: шумо таҳаввули зеҳниву равонии худро аз як зани мустақил, шояд феминист ба мартабаи як модар қадам ба қадам тасвир кардаед. Ин тафаккур дар асл хоси як мафкураи миллӣ е маъмулӣ нест. Бештар аврупоиву ғарбӣ аст. Яъне шумо аз он ормонҳову тарзи зиндагие, ки доштед, пушаймон шудаед?

Шаҳзода Назарзода: Романи "Синдроми Стокҳолм" баёну дарду андешаҳои як зани ҷавони муҳоҷир аст, ки мехоҳад ояндаашро бо гузаштааш пайванд занад. Аммо фарзандеро, ки эҳсос мекунад ҳуввияти дуру ҷудо аз решаҳои модар дорад, намехохад. Дар натиҷа пушаймон на, балки ифтихор дорад, ки гузаштае чунин дошта ва фарҳанги худро, забони худро тарҷеҳ медиҳад, то ин ки замонашро барои фарзанде бугзорад, ки намедонад дар оянда чӣ касе хоҳад буд. Ин рафторро намешавад ғарбӣ донист. Шояд дурусттар бошад, ки гӯем шифо ёфтан аз беморист. Навъе худхоҳист ва рушди иҷтимоии зан, ки мехоҳад ҳуввияти худро ба ғайр модар будан бисозад. Бо тардид ва дард аз ишқи худ даст мекашад ё ишқ ӯро тарк мекунад. Ин романи симболик аст барои ҷомеаи тоҷик, ки зан чизе ба ғайр аз модар нест. Ман талош кардам нишон диҳам, ки мешавад ин одатро шикаст ва аз роҳи нав рафт. Башар аз биҳишт ҳам бо тарсу тардиду кунҷкобӣ берун омадааст. Ин ҳолати қаҳрамони зан мисли себ газидани Ҳаввост ва кашфи замин, ҳастӣ ва озодӣ. Мавзӯи аслии ин роман раҳоӣ ва озодист, аммо бо дард, афсурдагӣ, танҳоӣ, аммо огоҳона. Ин роман ба зудӣ ба забонҳои англисӣ ва ҳолландӣ ҳам чоп хоҳад шуд.

"Тан ҳанӯз табу аст ва аз шунидани оргазм эҳсоси нороҳатӣ мекунем"

Радиои Озодӣ: Чаро хондани ин асарро ба хонандагон машварат медиҳед?

Шаҳзода Назарзода: Агар хонандаи тоҷик – чӣ мард ва чӣ зан - чунин новеллаеро то ҳол нахондааст, бихонад. Ин гуна бозу бепарда навиштан дар адабиёти мо аввалин таҷриба аст. Ман ин достонро зистаам ва ман танҳо зани ҷавони форсизабон нестам, ки бо чунин сарнавиште рӯбарӯ шудааст. Даҳҳо хонандаи форсизабон бо ман тамос гирифтанд ва гуфтанд ки дарди дили онҳоро навиштаам. Ин аввалин роман аз ҷаҳони бордор аст, ки бепарда навишта шудааст. Ду таҷрибаи қаблӣ ҳаст, ки дар худи китоб ба онҳо ишора мекунам.

Соли 2011

Ин таҷрибаи гоҳшуморона аст ва афсурдагии маро шифо додааст. Чандин хонандаи марду зан низ инро ба ман гуфтанд ва ман ҳар бор баргаштам, китобро хондам ва эҳсос кардам, ки ҷанбаъҳое дорад, ки ҳатто барои ман ҳанӯз ноошност. Рӯҳи миллие, дар ин кор баён шудааст, ҳатман онро бояд на як балки чандин бор хонд. Мо мардуме бо таърихи қадим ҳастем, вале то ҳол ба даруни фардии худ нигоҳи амиқ накардаем. Барои ҳамин тан ҳанӯз барои мо табу аст ва аз шунидани оргазм эҳсоси нороҳатӣ мекунем. Мо бояд паррандаи даруни худро озод кунем. Ман дар ин китоб фармонбари нохудогоҳи ҷамъии мардуми худ будаам, ки тачрибаҳои мутафовити худро бо ҳамзабононаш бепарда ва бериё дар миён гузоштааст. Ҳар хонандае, ки мехоҳад бо рӯҳи нависандагии ман ошно шавад ва аз паҳнои ҷасорати ман бидонад, тавсия мекунам «Синдроми Стокҳолм»-и маро бихонад. Инро, ки хонд, «Замини модарон» ва «Регистон»-и маро низ хоҳад хонд. Аз бас байни ману хонандаам чизе пинҳон нест ва сари суфраи вожаҳо мо ҳарду тоҷикона бедареғ ҳастем.