Мақомоти Эрон кушта шудани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари 86-солаи Ҷумҳурии Исломии Эронро тасдиқ карданд. Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар баёнияе эълон кард, ки Хоманаӣ субҳи шанбеи 28-уми феврал дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба ҳалокат расид.
Хабари кушта шудани Алии Хоманаиро нахуст Доналд Трамп, президенти Амрико 28-уми феврал эълон кард. Трамп дар паёме дар шабакаи "Truth Social" ин воқеаро "тантанаи адолат на танҳо барои мардуми Эрон, балки амрикоиҳои бузург ва намояндагони кишварҳои гуногун" донист, ки "аз сӯи Хоманаӣ ва гурӯҳи авбошони хунхораш кушта шудаанд ва ё осеб дидаанд."
"Хоманаӣ, яке аз шахсони бадтарин дар таърих, мурдааст. Вай натавонист аз низомҳои пешрафтаи радёбии мо бигурезад," – навишт Доналд Трамп.
Чанд соат пеш аз эълони Доналд Трамп, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфта буд, ки "нишонаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки Алии Хоманаӣ дигар зинда нест."
Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, дар Эрон ҳафт рӯз таътили расмӣ ва чил рӯз мотами умумӣ эълон шудааст. Сипоҳи посдорон таҳдид кардааст, ки "бузургтарин ҳамлаҳо" – ро бар зидди Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақа анҷом медиҳад.
Хабаргузории Форс, наздик ба Сипоҳи посдорон хабар додааст, ки духтар, домод, набера ва ҳамсари яке аз писарони Алии Хоманаӣ низ рӯзи шанбе дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил кушта шуданд.
Мақомоти Эрон то ҳол номи ҷойгузини Алии Хоманаиро эълон накардаанд. Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки як гуруҳи мардум дар Эрон аз кушта шудани Алии Хоманаӣ хушҳолӣ мекунанд.
Алии Хоманаӣ соли 1989, пас аз марги бундёгузори Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Хумайнӣ ба мақоми раҳбари олии Эрон расид ва аз он замон ин кишвар ва мардумашро дар панҷаҳои оҳанини худ нигоҳ медошт.
Хоманаӣ аз замони ҷанги 12-рӯза бо Исроил дар моҳи июни соли 2025 кампайдо буд, ҳарчанд дар тӯли солҳои раҳбарияш зери чораҳои сахти амниятӣ зиста, бисёр кам дар назди мардум ҳозир мешуд.
Вай дар давраи раҳбарияш чанд буҳронро паси сар кардааст, аз ҷумла эътирози донишҷӯён дар соли 1999, тазоҳуроти густарда бар сари натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангез дар соли 2009 ва эътирозҳои оммавӣ дар соли 2019, ки сипас бо саркӯби шадиди норозиён анҷомид.
Солҳои 2022-2023 Эрон шоҳиди эътирози "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" буд, ки пас аз марги Маҳсо Аминӣ шакл гирифт. Ин духтари 22-сола, ки аз сӯйи пулиси ахлоқ ва бо иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоб дастгир шуда буд, дар шароити мармуз ҷон дод ва хашми ҷомеаро ба бор овард.