Edgo Energy дар Сурхсимо ва Қарордон нафту газ меҷӯяд

Майдонҳои Тоҷикистон алакай дар харитаи Edgo Energy дарҷ шудаанд.

Ширкати Edgo Energy мегӯяд, муҷаввизи майдонҳои нафту гази Қарордон ва Сурхсимо дар ҷануби Тоҷикистонро ҳифз кардааст ва умедвор аст, ки аз ин ду майдон захираи зиёди нафту газ ба даст биорад.

Ширкати энержии Edgo Energy мегӯяд, муҷаввизи истихроҷи газу нафт аз майдонҳои Қарордон ва Сурхсимо (дар гузашта Қарадум ва Қизилтумшуқ)-и Тоҷикистонро ҳифз кардааст. Ин ду кон дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир буда, бахше аз ҳавзаи газу нафти Тоҷикистони ҷанубист.

Ин ширкат рӯзи 29 сентябр дар сомонааш ҳамзамон аз имзои қарордод бо ширкати "Klarenco", як ширкати иктишофии дафтараш дар Маскав хабар додааст. "Klarenco" бояд акнун захираҳои мавҷуда ва ҳисобшуда дар Сурхсимо ва Қарордонро барои Edgo Energy дақиқ кунад.

Edgo Energy дар Лондону Умони Урдун дафтар дошта, худро як ширкати бо собиқаи 55 соли кор дар соҳоти истихроҷи нафту газ дар Ховари Миёна муаррифӣ мекунад. Edgo Energy дар тирамоҳи соли гузашта бо вазорати вақти энержӣ ва саноати Тоҷикистон як қарордоди ҳамкорӣ имзо карда, барои 7 сол иҷозати кор дар майдонҳои Қарордон ва Сурхсиморо ба даст оварда буд. Умар Масрӣ - мудири иҷроии Edgo Energy дар Лондон дар ноябри соли 2013 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳанӯз сӯҳбат дар бораи захираи тақрибии ин чоҳҳо зудтар аст ва ин захираҳо бояд таҳқиқ шаванд. Аммо ба бовари Масрӣ, дар ин ду чоҳ захираи хуби газ ва нафт пешбинӣ мешавад.

Умар Масрӣ

Бар асоси қарордоди як соли пеш, Edgo Energy аз 18 ноябри соли 2013, яъне аз рӯзи имзои қарордодаш бо Тоҷикисон ба фаъолият дар он ду майдон шурӯъ мекунад ва ҳақ дорад 30 сол аз ҳарду майдон нафту газ бикашад. Ин қарордод ду бори дигар ба мӯҳлати 5 солӣ метавонад тамдид шавад.

Бино ба баровардҳо, дар ҳар ду майдони Сурхсимо ва Қарордон ҳам нафту ҳам газ доштаанд. Гуфта мешуд, ки ин газу нафт бештар дар умқи ин ду майдон, баъди қабати намак нуҳуфтаанд. Аммо ширкати Edgo Energy мегӯяд, захираҳои воқеъ дар болои қабати намаки майдони Сурхсимо низ ҳанӯз кам нест.

Майдони Сурхсимо (Қизилтумшуқ) дар ҳудуди ноҳияи Румии вилояти Хатлон воқеъ буда, гази тавлидотиаш асосан барои таъмини шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва навоҳии Ҷалолуддини Румӣ, Бохтар ва қисман Вахш истифода мешуд. Ин майдон бо лӯлаи гази Қӯрғонтеппа – Душанбе низ пайваст шудааст.

Бино ба гузоришҳо, тавофуқи Душанбе бо Чин дар мавриди бунёди хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин, ки бояд 400 километраш аз ҳудуди Тоҷикистон гузарад, метавонад як омили ташвиқи сармоягузориҳои бештари ҷиддитар ба соҳоти то кунун заифи нафту гази ин кишвари Осиёи Марказӣ шавад.

Си Ҷинпин дар Душанбе

Ин лӯлаи гази ба сурати умум қариб 1000-километрӣ бо сарфи 3,2 миллиард доллар сармоя бояд то соли 2016 сохта шуда, солона қодир ба интиқоди 30 миллиард метри мукаааби газ хоҳад шуд. Тоҷикистону Чин дар мавриди бунёди ин лӯла соли гузашта ба тавофуқ расиданд ва маросими оғози сохтмонаш рӯзи 13 сентябри соли равон, зимни сафари давлатии раҳбари Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.

Ҳанӯз қабл аз оғози ин сохтмони барои ояндаи риштаҳои нафту гази Тоҷикистон фавқулода муҳим ширкати миллии нафти Чин - CNPC – ва ширкати фаронсавии "Total" 33 фоизи саҳмияҳои майдони нафту гази Бохтар, яке аз бузургтарин манобеи баровардшудаи ин ду навъи маводи сӯхт дар бистари хоки Тоҷикистонро аз ширкати канадагии “Тетис Петролеум” хариданд.

“Тетис Петролеум”, яке аз фаъолтарин ширкатҳо дар бахши истихроҷи нафту гази Тоҷикистон, ду сол пеш бо нашри як гузориши вижа гуфт, пажӯҳишҳо вуҷуди захираҳои “хеле азим”-и нафту газ дар бистари хоки ин кишварро ошкор кардаанд. Ба ба он ду гузориш, захираҳои гази Тоҷикистон ба 3 миллиарду 228 миллион метри мукааб баробар буда, захоири нафт ва гази моеаш метавонад беш аз 8,5 миллиард бушкаро ташкил диҳад. "Тетис Петролиум" аз соли 2006 дар Тоҷикистон кор мекунад ва дар маҷмӯъ барои таҳқиқи 56 захираи эҳтимолии нафту газ дар ҷанубу ғарби кишвар иҷозаи расмӣ гирифтааст.

Яке аз чоҳҳои нафти Исфара

Аммо ба сурати умум, Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳамсояи ҷанубиаш – Афғонистон – манобеи фаровони нафту газ надорад ва дар ҳоли ҳозир беш аз 90 дарсади эҳтиёҷаш ба ин ду навъи муҳими маводи сӯхтро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад. Аммо чунин вобастагӣ ба газу бензини воридотӣ иқтисоди кишварро дар як ҳоли хеле осебпазир қарор медиҳад.

Аз соли 2008 батадриҷ маҳдуд шудану аз соли 2012 пурра қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро маҷбур кард, ба таври хеле шитобзада дар фикри гузарондани тавлидоташ ба навъҳои дигари энержӣ ва асосан ба ангишт шаванд. Ҳамин тавр, эъмоли боҷи гумрукии Русия рӯи содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон дар соли 2010 боис шуд, ки нархи бензину солярка ва мазут дар Тоҷикистон ба шиддат боло биравад ва ба сурати силсилаӣ мунҷар ба афзоиши низ башиддати нархи қариб тамоми анвои дигари маҳсулот дар бозорҳои ин кишвар шавад.

"Газпромнефт"- як ширкати пештоз дар бозори бензини Тоҷикистон

Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, солона ба тақрибан ним миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, бо шумули бензин, солярка, керосин, мазут ва равғанҳои молиданӣ ва ба тақрибан 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад. Дар соли 2013, бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 миллиону 928 ҳазор метри мукааб газ ва 27 532 тонна нафт тавлид кардаанд. Дар 8 моҳи аввали соли 2014 дар Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтӣ 14 дарсад коҳиш ёфта, ҳамагӣ 16 000 тоннаро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар 7 моҳи аввали сол аз хориҷ ба Тоҷикистон 350 268 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардаанд. Ин рақам назар ба айни давраи як соли пеш 130 000 тонна бештар аст.

Беш аз 90 дарсади эҳтиёҷаш ба маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон ҳамчунон аз ҳисоби воридоти он ва асосан аз Русия пур мекунад. Русия дар маҷмӯъ таъмини 90 дарсади бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро таҳти назорат дорад.