Светлаков бо хараш ҳамаи ҳамсояҳоро безор кардааст
Даромадгоҳи тарабхонаи "Эшак"
Сергей Светлаков, бозигари “Comedy Club»-и русӣ, ки ҳар зуҳури ӯ дар экрани телевизион дили мухлисонро аз ханда лабрез мекунад, ахиран даст ба як фаъолияти дигар зад, ки он ҳам бӯе аз комедӣ дорад, аммо ба андозаи ҳунарнамоиҳои қаблиаш пешрафт накард.
Мардум аз ҳамсоягӣ бо тарабхонаи Сергей Светлаков, ки тамоми ошёнаи аввалро банд карда бу,д ба дод омадаанд, то ҷойе ки садои онҳо аз садоҳои дохили тарабхона ва дуди қалён баландтар шуд. Онҳо ба мақомоти маҳаллӣ ва ҳатто ба раисҷумҳури Украина номаи шикоятӣ навиштанд, ки аз рӯзи ҳамсоягӣ бо тарабхонаи «Эшак» на хоб доранд ва на осоиш.
Онҳо мегӯянд, системаи ҳаводиҳии тарабхона деворҳои онҳоро меларзонад ва дурбинҳои амниятии он пайваста зиндагии онҳоро таҳти назорат дорад.
Сергей Светлаков
Ду ҳафта пеш як субҳ бошандагони бинои тарабхона вақте аз хоб бедор шуданд атрофро орому сокит дарёфтанд. Дигар на хар буду на садои хар. Тарабхона ҳанӯз баста нашудааст ва Светлаков мехоҳад харро барои идомаи ролаш бозпас биёрад.
Ҳоло ҳам соҳиби тарабхона ва ҳам сокинони атрофи он дар пайи иқдоми минбаъда ҳастанд. Светлаков мехоҳад харашро ба ресторан баргардонад, аммо бошандагон мехоҳанд, ки Светлаков ба ин шоу хотима бахшад.