Муҳокимаи додгоҳии Қамчибек Тошиев, раиси пешини Кумитаи амниятии Қирғизистон бо иттиҳоми талоши табаддулоти давлатӣ, яке аз нишонаҳои таҳаввулоти амиқ дар низоми сиёсии кишвар шудааст. Парвандаи Тошиев аз як парвандаи маъмулии ҷиноӣ фарқ дорад ва талошҳои раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов барои аз байн бурдани рақиби аслӣ дар дохили нухбагони ҳокимро инъикос мекунад.
Қамчибек Тошиев замоне яке аз чеҳраҳои бонуфуз ва қудратманди Қирғизистон буд ва дар омадани президент Садир Ҷабборов ба қудрат нақши калидӣ ифо кардааст. Акнун дар додгоҳ бо иттиҳоми тарҳрезии табаддулоти давлатӣ муҳокима мешавад ва муҳокимае, ки баъзе аз таҳлилгарон онро ба як «поксозии сиёсӣ» монанд мекунанд.
Қамчибек Тошиев рӯзи 10-уми феврал, вақте дар Олмон муолиҷа мегирифт, ғайриинтизор аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барканор шуд. Моҳи март вақте ба Қирғизистон баргашт, ӯро мустақим аз фурудгоҳ барои як бозпурсии панҷсоата бурда ва дар бораи як табаддулоти эҳтимолӣ пурсиданд. Рӯзи 1-уми май ба зидди ӯ расман иттиҳом эълон карданд, вале се ҳафта баъд таҳқиқи парвандаи ӯ ва шарикони эҳтимолиашро боздоштанд, аммо қатъ накарданд.
Оксана Исмоилбекова, пажӯҳишгари аршади Пажӯҳишгоҳи Шарқи Муосири Лейбнитс дар Берлин ба Радиои Озодӣ гуфт: «Танҳо барканорӣ Тошиевро аз майдони сиёсат маҳв намекард... Иттиҳоми табаддулот Тошиевро аз як шарики барканоршуда ба як таҳдиди мавҷудӣ барои давлат табдил медиҳад. Ин кор ба поксозии ҳалқаи тарафдорони ӯ, тарсондани ҳамфикрон ва бастани парванда аз назари ҷомеа заминаи қонунӣ мебахшад».
Ин дидгоҳро Темур Умаров, таҳлилгари Маркази Русия ва Авруосиёи Карнегӣ низ тасдиқ кард. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи Ҷабборов танҳо аз вазифа дур кардани як рақиб нест, балки маҳви ҳамешагии ӯст.
«Ҷабборов намехоҳад, ин қиссаро нимкора гузорад ва мақсад дорад, ки маҳви ҷисмонии Тошиев, тамоми имкониятҳои бозгашти ӯро ба сиёсат комилан аз байн барад», — гуфт Умаров.
Дӯстоне, ки душман шуданд
Ба сари қудрат омадани Ҷабборов яке аз гардишҳои фавқуллода сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ шуд. Ӯ дар камтар аз ду ҳафта аз кунҷи зиндон ба курсии раиси ҷумҳур расид ва баъди онки эътирозҳои оммавӣ, сабаби фурӯпошии ҳукумат шуд.
Ин ҳама рӯзи 5-уми октябри дар соли 2020 оғоз шуд ва баъди онки интихоботи баҳсбарангези парлумонӣ намоишҳои эътирозиро дар саросари Қирғизистон барангехт. Он шаб эътирозгарон ба зиндоне, ки Ҷабборов як ҳуҷраи он бо гуноҳи гаравгонгирии як мақоми маҳаллӣ ҳукми 11,5 соли зиндонро адо мекард, ҳуҷум бурданд ва ӯро озод карданд.
Дар он вақт, Тошиев як чеҳраи шинохтаи мухолифин бо пойгоҳи қавии қудрат дар ҷануби Қирғизистон ва дорои таҷриба дар ниҳодҳои амниятӣ буд. Пас аз озод шудани Ҷабборов аз зиндон, Тошиев дар созмондиҳӣ ва ҳамоҳангсозии нерӯҳои амниятии ғайрирасмӣ дар Бишкек кӯмак кард, ки ин кор монеи сафарбарии тарафдорони раиси ҷумҳури он вақт Соронбой Ҷеенбеков шуд.
Нақши Тошиев махсусан дар он замони фурӯпошии сиёсӣ барои аз байн бурдани тафриқа байни шимолу ҷануби Қирғизистон муҳим буд. Бе дастгирии ӯ дар ҷануб, ба маҳбубияти афзояндаи Содир Ҷабборов эҳтимолан бо муқовимати ҷиддӣ рӯбарӯ мешуд.
Ду нафар ончунон наздик буданд, ки онҳоро «Эки дос» ва ё «ду дӯст» меномиданд. Рафоқат баъди ба даст овардани қудрат низ идома кард. Ҷабборов чеҳраи шӯҳратталаби пешбар шуд ва Қамчибек Тошиев раҳбарии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ба уҳда гирифт. Аммо ин иттиҳод дер напоид.
Темур Умаров мегӯяд: «Вазифа ба Тошиев чунон таъсири азим бахшид, ки ӯ тавонист ба як рақиби асосӣ барои раиси ҷумҳур табдил ёбад.»
Аз демократия ба сӯи худкомагӣ?
Иқдоми Ҷабборов ба зидди Тошиев бахше аз як таҳаввулоти густурдатар дар сиёсати Қирғизистон аст.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, Қирғизистон дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи комилан дигареро пеш гирифт. Бар хилофи тамоюли умумии низомҳои худкома дар ҳамсоягӣ, ин кишвар бо сатҳи баланди гуногунандешии сиёсӣ ва озодии матбуот фарқ мекард. Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар замони раҳбарии Ҷабборов вазъ дар ҳоли тағйир ёфтан аст.
Оксана Исмоилбекова мегӯяд: «Ҳадафи ин муҳокима бештар аз он ки исботи табаддулот дар назди ҷомеа бошад, барои ба анҷом расонидани гузариш аз идораи дунафара ба яккаҳукмронии президентӣ нигаронида шудааст.»
Ӯ афзуд: «Баъд аз соли 2020, Ҷабборов ва Тошиев қудратро мутамарказ карда, фаъолияти матбуот ва мухолифонро маҳдуд намуданд. Аз замони ҷудоии байни онҳо, Ҷабборов ба зидди ягона вазни муқобили дохилӣ дар ҳалқаи ҳоким иқдом кард. Муҳокимаи пушти дарҳои бастаи табаддулот ба зидди як шарики собиқи қудрат нишон медиҳад, ки дигар ҳатто барои мухолифат дар дохили худи низом ҷое намондааст».
Қамчибек Тошиев замоне дуввумин чеҳраи пуриқтидор дар низоми сиёсии кишвар ба шумор мерафт, аммо ҳоло, ки чун як рақиби сиёсӣ нишонаш медиҳанд, ҳомиёни сиёсии ӯ асосан сукутро ихтиёр кардаанд.