Хадамоти муҳоҷират мақоми дипломатӣ мегирад

Дар ҷаласаи гурӯҳҳои кории хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия дар Душанбе, чаҳор тарҳи марбут ба муҳоҷират барои имзо омода шудааст.
Ин ҳуҷҷатҳо қарор аст, мақоми ҳуқуқии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, сафарбаркунии муташаккили муҳоҷирон, тартиби будубош ва фаъолияти онҳо дар Русияро дар бар гиранд.

Мансур Орифов, сарвари Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷонибҳо қарор карданд, ки ин созишномаҳо дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба имзо бирасанд. Ба қавли ӯ, Созишномаи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русия ба наздикӣ тавсиб хоҳад шуд:

«Мо ба намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони хадамоти федералии Русия дар Тоҷикистон мақоми дипломатӣ медиҳем. Ин ба он маъност, ки онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳамчун як дипломат фаъолият мекунанд ва салоҳиятҳои онҳо боло бурда хоҳад шуд. Масалан, онҳо пас аз имзои ин созишнома метавонанд ба зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои муваққатӣ ворид шаванд. Онҳо аз рӯи Конвенсиюни муносибатҳои дипломатии соли 1961, ки дар Вена ба тасвиб расидааст, фаъолият хоҳанд кард.»

Созишнома дуюм, ки бо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, дар бораи сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ кардани фаъолияти корӣ дар Русия аст, ки бояд то таърихи 1-уми марти соли 2013 ба имзо расад.

Ҷаноби Орифов мегӯяд, ба хотири амалӣ кардани Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Русия, ки ҳангоми сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Душанбе 5-уми октябри соли равон ба имзо расид, ду тарҳи дигар ҳам баррасӣ ва омода шуданд. Яке Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки мӯҳлати қаблии сабти номро аз 7 ба 15 рӯз тамдид мекунад, бояд то 1 январ ва дигарӣ, Созишномаи фаъолияти кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки мӯҳлати яксолаи иҷозаи кориро ба 3 сол дароз мекунад, то 1 марти соли 2013 бояд ба имзо расанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар умум аз натиҷаи ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳҳои кории ин кишвар ва Русия дар масъалаи муҳоҷират изҳори қаноатмандӣ мекунад ва ба имзо шудани ин санадҳо хушбин аст. Аммо Музаффар Зарипов, аз намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, ба имзои созишномаҳои марбут ба муҳоҷират дар парлумони Русия монеаҳои зиёд вуҷуд доранд. Вай афзуд, дар ин ниҳоди қонунбарори Русия аз имтиёзҳои ҳатто ночиз барои муҳоҷирини тоҷик хушашон намеояд.

Вай афзуд: «Шароити зисту кор дар Русия торафт вазнин мешавад, зеро қувваҳои миллатгарои Русия ба муҳоҷират муқобилиятҳои зиёд нишон медиҳанд. Ҳатто нерӯҳое пайдо шудаанд, ки пешниҳод доранд муҳоҷирин дар «анклавҳо» ва дур аз мардуми бумии Русия ҷой карда шаванд. Мушкил дар масъалаи муҳоҷират хеле зиёд аст.»

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ аз музокироти Русияву Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират мегӯяд, мавзӯи хеле муҳиме, ки дар ин ҷаласа бояд матраҳ мешуд, масъалаи нафақаи муҳоҷирон буд, ки мутаассифона мавриди баррасӣ қарор нагирифт. Вай афзуд, ҷониби Тоҷикистон бармаҳал ин пешниҳодро ба Русия кардааст, ки механизми пардохти нафақаи муҳоҷиронро ҳам ба баррасӣ гиранд. Вай гуфт, азбаски Русия низ аз муҳоҷират фоида мебинад, нафақаи муҳоҷирон бояд миёни ду ҷониб баррасӣ шавад.

Шаҳринисо Наботова, сармутахассиси идораи будҷаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ин масъала дар худи Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ мавзӯи доғ аст, аммо қабл аз ҳама худи муҳоҷирон ба он эътибор намедиҳанд: «Ҳеҷ яке аз онҳо собиқаи корӣ ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи онро надоранд. Азбаски андози иҷтимоӣ ҳам насупоридаанд, аз ҳаққи гирифтани нафақа маҳрум мешаванд. Онҳо фақат дар оянда кӯмаки иҷтимоӣ метавонанд бигиранд, ки ҳоло 104 сомонӣ аст ва ҳатто ними онро шояд дарёфт кунанд.»

Ҳамчунин дар ҷаласаи ҳаштум дар Душанбе ин нукта низ зикр шудааст, ки баррасии Созишномаи реадмиссия миёни ду кишвар миёни коршиносон ва тариқи мизигирдҳо ба роҳ монда, роҳи ҳалли он пайдо шавад.Тоҷикистон бо ҳеҷ кишвари дунё ин гуна созишномаро надорад, зеро бино ба реадмиссия, агар кишваре, масалан, Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро аз фурудгоҳҳояш баргардонад, харҷи бозгашти онҳоро бояд Душанбе бипардозад.