Дар миёни чанд дарё “тахтабанд”. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар қазияи Эрон

Emomai Rahmon and Masoud Pezeshkian

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки Эрону Тоҷикистон равобити тиҷоратии худро ба як миллиард доллар мерасонанд. Ин тасмим дар шароите эълон мешавад, ки пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон буҳрони минтақа амиқтар, роҳҳои тиҷоратӣ баста ва таҳримҳои зидди Эрон бештар шудаанд.

Нақшаи густариш ҳамчунин дар ҳоле садо медиҳад, ки намояндагони Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар сафар ба Душанбе низ ваъдаҳои бузург медиҳанд, Чин хостори ҳамгироии бештар шудааст ва Русия мегӯяд, дар пасманзари ҷанги Эрон равобиташ бо Тоҷикистон маънии вижа касб мекунад. Чаро?

Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, агарчӣ Тоҷикистон кишвари калидии геополитикии минтақа нест, аммо дорои омилҳое ҳаст, ки онро яке аз унсурҳои муҳими амнияти минтақаӣ метавон арзёбӣ кард. Аз диди ин таҳлилгар “мавқеи Душанбе то ҳадди зиёде бо хат ва мантиқи шарикони асосии стратегии он Чин ва Русия мувофиқат мекунад, ки онҳо ба ҳифзи нуфузи Эрон дар Ховари Миёна ҳамчун мувозинат ба нуфузи Ғарб манфиатдоранд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Буҳрон дар Ховари миёна ба равобити Тоҷикистону Эрон чӣ таъсире хоҳад дошт?

Хуррамов бар ин аст, ки Тоҷикистон дар ин замина метавонад, ҳамчунин масири иловагии икмолотӣ ва сиёсӣ барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, расонидани ёриҳои башардӯстона ва ҳатто унсурҳои ҳамкориҳои низомию фаннӣ миёни Теҳрон ва тарафдоронаш бошад.

Аммо таҳлилгари дигар, Қосим Бекмуҳаммад, мегӯяд, Душанбе ҳарчанд танҳо кишвари форсизабони Осиёи Марказӣ аст, ҳассосиятҳои кишварҳои дахил дар низоъро низ ба назар мегирад.

“Тоҷикистон аз манзари манофеи миллии худ, аз нигоҳи манофеи ҳувиятӣ ва тамаддунии худ ҳеч иқдоме накардааст, ки боиси нороҳатии қудратҳои ҷаҳонӣ иборат аз Русия, Чин ё Амрико бишавад. Агар мо як лаҳза тасаввур бикунем, ки ин иттифоқ, масалан бо Туркия меафтод ва рафтори кишварҳои турктабори Осиёи Марказӣ дар ҳимоят аз Туркия чӣ хоҳад буд. Мо ба эҳтимоли зиёд шоҳиди ҳимоятҳои бамаротиб ошкор ва ҷиддии кишварҳои турктабори Осиёи Марказӣ ва ҳам Озарбойҷон мешудем”, -мегӯяд оқои Бекмуҳаммад.

Аз диди коршиносон, бо доманадортар шудани қазияи Эрон қудратҳое чун Русия ва Чин, ки шарикон ва ҳампаймонҳои стратегии Теҳрон ҳастанд, нигарониҳои қаблиро аз ҳузури нуфузи Эрон дар Тоҷикистон надоранд. Аммо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо, ки аз як сӯ ба маъданҳову захираҳои Осиёи Марказӣ рӯ овардаанд ва сӯйи дигар, дар қазияи Эрон тараф ҳастанд, чӣ рӯйкарди наве бо Тоҷикистон хоҳанд дошт.

“Агар нигоҳи Амрико ба Тоҷикистон манфӣ бишавад, ба сурати калон манфиатҳое, ки дар ҷиҳат ва самту сӯйи Осиёи Марказӣ дорад, осебпазир хоҳад шуд. Зеро он бистар ё қолаби 5+1 аст, ки нишасти минтақаӣ бо Амрикост, қатъан осеб хоҳад дид”, - ҳадс мезанад Қосим Бекмуҳаммад.

Агар каму беш ҳаракат кунем...

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, донишманди тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди эҷод шудани ҳудуди ёздаҳ қолаби 5+1 ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳо ва қудратҳои ҷаҳон, ҳанӯз духӯрагиҳое дар сиёсати умумии минтақа, аз ҷумла фаъолтар шудани созмони кишварҳои туркӣ дида мешавад. Аммо ин сиёсатшинос бар ин аст, ки пас аз зарба дидани боркашонии баҳрӣ дар қазияи Эрон, Тоҷикистон метавонад дар масири Чин ва Иттиҳодияи Аврупо барои боркашонӣ мавқеъро ба даст биёрад, ки Афғонистон то замони бозгашти Толибон дошт. Чун аз нигоҳи ин донишманд, роҳҳои хушкӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд ва стратегияи “як камрбанду як роҳ”-и Чин ҳам ба ин бештар такя мекунад.

“Дар оянда ин як ҳудуди транзитӣ аст. Гузаштан аз Аврупо ба Ховари Миёна ва Чин ва бараъкс. Дуюм ин дастрасӣ ба маъданҳо, аз ҷумла Кони Мансур, ки медонед 55 ҳазор тона захираи нуқра дорад. Пас аз Роғун мо метавонем ба ҷаҳониён энергияи сабзро диҳем. Агар каму беш ҳаракат кунему дар ҳуши маснӯӣ ҳам пеш равем, албатта мо мавқеи худро меёбем”, - меафзояд Маҳмадазимов.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳанӯз зуд аст, аз имтиёзҳои геополитикии Русия ва Чин дар қазияи Эрон суҳбат кард, зеро ин ба натиҷаи ниҳоии ҷанг бастагӣ хоҳад дошт. Яъне афзоиши нуфузи Эрон дар қораи Авруосиё ва сатҳи байналмилалӣ сабаби чунин имтиёзҳо мешавад, аммо поёни дигари ҷанг ҳолати баръаксро ба миён хоҳад овард.

Онҳо ҳамчунин ишора мекунанд, ки то ҳоло Тоҷикистон тавонистааст, аз сиёсати хориҷии чандсамтӣ ва «дарҳои боз»-и худ истифодаи судманд ва аз таваҷҷуҳи мустақим ба низомҳои геополитикӣ худдорӣ кунад, аммо қазияи Эрон аҳамияти дипломатии Тоҷикистонро дар минтақаи пуртаниш миёни Афғонистон, Эрон, Чин ва фазои Шӯравӣ боло бурдааст, ки истифодаи матлуб аз ин ҷойгоҳ ба омилҳои зиёди дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла тавонмандии дипломатии Душанбе бастагӣ хоҳад дошт.