Русия шиносномаи беш аз 4500 касро лағв кардааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар муддати камтар аз се соли гузашта мақомоти Русия беш аз 4500 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кардаанд. Омори навро Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, 11-уми август эълон карда, сабаби онҳоро низ баршумурд.