Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки бори аввал дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад, дар чаҳор рӯзи мусобиқа дар чаҳор гурӯҳ ҳашт бозӣ доир гардид.
Панҷ бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва се дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат меварзад. Бозиҳо дар 16 шаҳр (аксарияти варзишгоҳҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгиранд) ва дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст.
Чаҳор кишвар - Кабо-Верде (Африқои Ғарбӣ), Курасао (Амрикои Ҷанубӣ), Узбекистон (Осиёи Марказӣ) ва Урдун (Осиёи Ғарбӣ) - дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввалин маротиба иштирок мекунанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон таҳти сарварии барандаи "Тӯби тилоӣ", футболбози машҳури Италия Фабио Каннаваро дар гурӯҳи “К” рӯзи 17-уми июн бо Колумбия, 23-юми июн бо Португалия ва 27-уми июн бо Ҷумҳурии Демократии Конго рӯбарӯ мешавад.