Дар Душанбе сабқати қаҳрамонии гуштигирии ҷаҳон доир мешавад

Дувумин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ рӯзҳои 15-16-уми август дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар мусобиқаи имсола беш аз 200 варзишгар аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Рақобатҳо аз рӯи нӯҳ вазн - се вазн миёни занон ва шаш вазн байни мардон - сурат мегирад.

Тоҷикистонро дар дуюмин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар байни мардон дар вазни 65 кг Ёсин Бобокалонов, Муҳаммад Салимов, Мустафои Абдулфайз, дар вазни 71 кг Муҳаммадисо Раҷабов, Умар Шеров, Абдуллои Ориф, дар вазни 78 кг Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Қоим Шукронов, Мирзоҷамил Рамазонов, дар вазни 86 кг Сайфиддин Сайфиддинзода, Ҳамроз Раҷабов, Ҳақназар Назаров, дар вазни 95 кг Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов, Саидҷамол Алимардонов ва дар вазни +95 кг Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов ва Фирдавс Насимов намояндагӣ мекунанд.

Аз Тоҷикистон дар сабқати занон дар вазни 57 кг Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова, Фотима Исанбоева, дар вазни 70 кг Шаҳло Эрматова, Миҷгона Сафарова ва дар вазни +78 кг Мавлуда Асламова рақобат хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар тақдим мегардад, барои ҷойи дувум 10 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои севум 5-ҳазордолларӣ супурда мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷойи аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ, ки моҳи августи соли 2024 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, 11 медал (5 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҳисоби медалҳо мақоми аввалро касб карданд.

Мунтахаби Русия бо касби 5 медал (2 тило, 2 нуқра ва як биринҷӣ) дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 8 медал (як тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) севум шуданд.

Дар мусобиқаи аввалин беш аз 200 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок дошт. Дар сабқати мардон аз шаш вазн дар панҷтоаш паҳлавонони тоҷик пирӯз шуданд: Муллораҷаб Халифаев (65 кг), Масъуди Аҳмадзод (71 кг), Ҳақназар Назаров (86 кг), Кароматулло Ҳакимов (95 кг), Шакармамад Мирмамадов (+95 кг).

Дар сабқати мардон танҳо дар як вазн -78 кило меҳмонон ғолиб омаданд. Алӣ Турсунов аз Русия, ки дар финал Аҳрор Зиёдуллоевро аз Узбекистон шикаст дод, бо медали тило мукофотонида шуд.

Дар мусобиқаи занон дар ҳарсе вазн меҳмонон пирӯз гаштанд: Ирина Ҳубулова аз Русия (52 кг), Гулноза Матниёзова аз Узбекистон (70 кг), Жоу Ҷунжи аз Чин (+70 кг).

Қобили зикр аст, ки гуштигирӣ соли 2022 мақоми байнулмилалиро касб кардааст. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, куштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардидааст.