Дар Душанбе бо 3 миллион сомонӣ “eTib” месозанд

"Smart city", Dushanbe, Tjikistan

Як ҳайати ширкати “Шаҳри ҳушманд”-и шаҳри Душанбе барои омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон дар бахши рақамисозии идораи давлат ва тандурустӣ ба Қирғизистон рафтааст. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намояндагони ширкат ё корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” бо шаҳрдории Бишкек ва мақомоти тиббии Қирғизистон мулоқот кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Душанбе тарҳи озмоишии барномаи электронии “eTib” дар ҳоли таҳия шудан аст.

Корхонаи “Шаҳри ҳушманд”-и ҳукумати Душанбе бо ҶДММ “Ватан ИКТ” рӯзи 6 майи имсол барои роҳандозии барномаи “eTib” дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе шартнома бастааст. Радиои Озодӣ бо ҷузъиёти ин шартнома ошно шуд.

“Ватан ИКТ”, ки мудираш Рустамзода Обид аст, дар ивази 2 миллиону 970 ҳазор сомонӣ ва то 31 декабри соли 2026 ин барномаро месозад ва дар беморхонаҳо роҳандозӣ мекунад.

Дар асоси ин шартнома, дар шаш беморхонаи Душанбе хадамоти сабти ном ва баҳисобгирии беморон, хадамоти муҳрзании санадҳои тиббӣ, хадамоти мудирияти навбатдории пизишкон, хадамоти маъмурӣ, хадамоти омор ва ҳисоботдиҳӣ, хадамоти амният, хадамоти навбатпойии онлайнӣ барои беморон, утоқи шахсии мизоҷ ва хадамоти дигар ба роҳ монда мешавад. Маълум нест, ки барои барномаи озмоишӣ кадом беморхонаҳои шаҳри Душанбе интихоб шудаанд.

“Ватан ИКТ” ширкатест, ки барои мактабҳои миёнаи Душанбе барномаи “eDonish”-ро сохтааст. Ин ширкат ҳамчунин барои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низоми электронии сабти шикоятҳо ва барои дигар сохторҳои давлатии Тоҷикистон барномаҳои электронӣ сохтааст.