Экологҳои тоҷик аз зиёни ангиштсанг дар дарозмуддат ҳушдор медиҳанд

Як эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз оқибатҳои ногувори афзоиши истифодаи ангишт дар саноат ҳушдор додааст. Дар изҳороти ин эътилоф, ки беш аз 20 ташкилоти ғайридавлатиро муттаҳид мекунад, гуфта мешавад, ки ба кор даромадани иншооти нави саноатӣ, ки бо ангиштсанг кор мекунанд, монеи пешрафти иқтисоди сабз мешавад.

Дар Тоҷикистон феълан ҳудудан 200 корхонаи истеҳсолӣ бо ангишт кор мекунанд, ки тахминан сеяки кулли корхонаҳои саноатии кишварро ташкил медиҳанд.

Тасмимгирандаҳои давлат бояд рушди иқтисоди кишварро барои дарозмуддат андеша кунанд, на ин ки бо ҳалли муваққатии мушкилоти иқтисод - паёмадҳои сахти ин тамсмимҳояшонро ба дӯши наслҳои баъдӣ вогузор кунанд

Биноба навиштаи муаллифон, барои пешбурди саноати ангишт дар Тоҷикистон маблағҳои зиёд ҷалб мешавад, дар ҳоле, ки ин маблағҳо метавонистанд барои рушди сарчашмаҳои нави нерӯи барқ аз энергияи офтоб, бод ва дигар усулҳои барои табиат камзиён равона шаванд.

Қурбонҷон Кабутов, раҳбари Маркази пажӯҳиш ва баҳрабардорӣ аз сарчашмаҳои алтернативии энержӣ, як узви эътилофи созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯяд, ҳомиёни муҳити зист дар Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки ба Тоҷикистон фанновариҳои дастидуи саноатӣ (оҳангудозӣ, хиштпазӣ ва ғайра) ворид мешавад ва ин технлогияҳо бо сабаби кӯҳнаву зараррасон буданашон ба муҳити зисти кишвар осеб мерасонанд. Ин дастгоҳҳо аксаран бо ангишт кор мекунанд.

Вай гуфт, дар ҳоле, ки саноатҳои азими ҷаҳон тадриҷан аз истифодаи ангишт даст мекашанду ба навъҳои модерну камзиёни васоили энержӣ рӯ меоранд, дар Тоҷикистон баръакс тамоюл ба бозгашт аст. Ӯ гуфт:

«Мо дар ҳамсоягӣ бо давлати Чин қарор дорем, ки тадриҷан аз истифодаи ангишт дар саноат даст мекашад. Умуман даст кашидан аз ангишт як раванди байналмилалӣ аст ва аксари кишварҳои пешрафта талош мекунанд аз он даст кашанд ва ба ҷои он технологиҳои алтернативии нерӯро густариш медиҳанд. Аммо дар мо баръакс технологияҳои куҳнаи ангишт аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад, ки зиёнаш ба муҳити ароф хеле зиёд аст».

Кабутов афзуд, ҳарчанд квота ва ё ҳиссаи истифоданакардаи Тоҷикистон барои партови бештари газҳои гулхонаӣ мувофиқи конвенсияҳои байналмиллалӣ зиёд аст, аммо ин маънои онро надорад, ки кишвар дарвозаҳои худро барои ҳама гуна саноатҳои ғализ боз монад.

Маводҳои ғализи хориҷшуда боиси афзоиши бемориҳо мешавад

Нигаронии экологҳо бештар ба паёмадҳои истифодаи ангишт дар саноат рабт мегирад, ки мегӯянд, дар пайи истифодаи ангишт маводҳои заҳрогине мисли дуоксиди сулфид, оксидҳои азотӣ ва симоб ба ҳаво хориҷ мешавад. Дар ниҳояти кор, мегӯянд фаъолони ҷамъиятӣ, харҷу хароҷоти давлат ва сокинон барои муолиҷаи худ аз бемориҳое, ки дар натиҷаи партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳаво ҳосил мешавад, афзоиш меёбад.

Чун ба гуфтаи экологҳо, маводҳои ғализи хориҷшуда аз дуди ангишт боиси авҷ гирифтани бемориҳои саратони шуш, сактаи мағзӣ ва амрози дилу раг мешавад.

«Тасмимгирандаҳои давлат бояд рушди иқтисоди кишварро барои дарозмуддат андеша кунанд, на ин ки бо ҳалли муваққатии мушкилоти иқтисод - паёмадҳои сахти ин тамсмимҳояшонро ба дӯши наслҳои баъдӣ вогузор кунанд».

"Фанновариҳои мо наванд, ин гапҳо беасосанд"

Истифодаи густурдаи ангишт дар саноат дар Тоҷикистон пас аз соли 2012 шуруъ шуд. Дар ин сол Тошканд гуфт, гази табииашро ба Чин ва Русия мефурӯшад ва имкони интиқоли онро ба Тоҷикистон надорад. Дар натиҷа, чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотӣ дар Сарбанд ва корхонаи сементбарорӣ дар Душанбе аз кор монданд. Тоҷикистон маҷбур шуд корхонаи Аллюминиюм ва сементи Душанберо ба ангишт гузаронад.

Қудратулло Аминов, раҳбари раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъияти воқеии кишвар ин аст, ки феълан ангишт дар саноати Тоҷикистон ягон алтернативаи дигар надорад ва сӯзишвории аслии корхонаҳои саноатии кишвар ба шумор меравад. Ӯ гуфт:

«Ин гапи онҳо ягон асос надорад. Вақте газ набуд, тамоми корхонаҳо ба ангишт гузаштанд ва ҳоло фаъолияти хуб доранд. Инҳо акнун боз экологияро баҳона оварда зидди ангишт гап зада истодаанд. Тамоми корхонаҳое, ки бо ангишт фаъолият мекунанд, ба тамоми стандартҳои ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист мутобиқанд. Бигзор раванду фаъолияти корхонаҳоро санҷанд. Агар ба талабот муфовиқ набошад, баъд ин хел масъалагузорӣ кунанд”.

Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон сол ба сол меафзояд. Истихроҷи ин сӯзишворӣ дар соли 2015 марзи 1 миллион тоннаро убур кард ва дар соли 2016 дар Тоҷикистон ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна расид. Айни замон дар Тоҷикистон 200 корхона аз ангишт истифода мебаранд, ки бисёрашон коргоҳҳои оҳангудозӣ, хиштпазӣ ва семенбарорӣ ҳастанд. Ду сол қабл Маркази бузурги барқу гармидиҳӣ низ дар Душанбе ба кор даромад, ки дар як мавсим наздик ба 500 ҳазор тонн ангиштро истифода мекунад.

Ҳамчунон сокинони русто аз барои гарм кардани манзилҳояшон низ аз ангишт истифода мекунанд, ки гоҳо хориҷ шудани гази он аз бухориҳо боиси маргу мир мешавад.