Муъминобод. Соли 2025. Ҷавҳарбии 27-сола аз сӯйи шавҳари собиқаш бо 11 зарби корд кушта шуд.
Панҷакент. Соли 2025. Марде бо қасди куштор ба ҳамсари собиқаш ҳамла ва ӯро маҷрӯҳ кард.
Вахш. Соли 2024. Зани 22-соларо шавҳари собиқаш бо се зарби корд ба қатл расонд.
Даҳҳо зан дар Тоҷикистон баъди талоқ гирифтан ҳам, аз тарафи шавҳарони собиқашон латукӯб мешаванд ё ба камияш ҳадафи фишори равонӣ қарор мегиранд. Ин баҳсҳо гоҳе бо фоҷеа ва ятим мондани кӯдакон меанҷомад. Чаро мардон ба таъқибу назорати ҳамсарони собиқи худ идома медиҳанд?
Дар ду соли охир вебсайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз чанд мавриди кордкашӣ, латукӯб ва қатли занон бо дасти шавҳарони собиқи онҳо хабар додааст. Ҳарчанд то имрӯз омори дақиқи занони ҷудошуда вуҷуд надорад, ҳар сол дар Тоҷикистон ҳазорҳо оила аз ҳам мепошанд ва баҳсу ҷанҷоли тарафҳо, аз ҷумла барои тақсими молу мулк, хона ё фарзандон ё аз рӯйи рашку хусумат боқӣ мемонад.
Як таҳқиқот маълум кардааст, ки дар 54 дарсади мавридҳо хушунату зӯроварӣ нисбат ба занони тоҷик аз тарафи шавҳару хешовандон ва... таваҷҷӯҳ кунед, аз сӯйи шавҳарони собиқ сурат мегирад. Беҳрӯ Насурова, ҷомеашиноси тоҷик, решаи чунин бархӯрдро ба суннатгароии ҷомеаи мардсолор вобаста медонад.
Ӯ гуфт: “Як таҳқиқот дар соли 2005 дар Тоҷикистон нишон дод, ки зӯроварии равонӣ нисбат ба зан дар ҷойи аввал меистад, вале занҳо инро чун зӯроварӣ қабул надоранд. Камбудии аввал ҳамин аст, ки ҳамин чиз дар тарбияи фарзанд ҳамчун меъёр мемонад. Вақте аз хурдӣ ҳамин хел рафтор дар оилаҳо мешавад, мардҳо ҳам занро чун моликияти шахсии худ қабул мекунанд. Вақте оила ҷудо мешавад, баъзе мардон онро қабул надоранд. Рашк мекунанд, ки чӣ хел ин аз они ман буду бо дигар кас оила бунёд мекунад. Баъзе афрод хусусияти худписандӣ ё эгоистӣ доранд, “бо ман хушбахт нашуд, бо дигарон ҳам намешавад” гуфта, ӯро аз ҳимояти иқтисодӣ маҳрум мекунанд ва дигар хушунатҳоро нисбаташ раво мебинанд.”
Барнома дар Ютуб:
Аз ҷомеашинос хостем, бар асоси хулосаҳояш аз суҳбат бо занон ё мушоҳидаҳояш бигӯяд, ки занон бештар аз сӯйи шавҳарони пешин ба чӣ навъи фишору зӯроварӣ дучор мешаванд?
Беҳрӯ Насурова: "Имрӯз кам нест оилаҳое, ки аз ҳам ҷудо мешаванд. Онҳо бештар ба хушунати равонӣ дучор мешаванд, чун маълумоти кофӣ надоранд. Фикр мекунанд, агар хушунати ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ шуд, он ҷиноят аст, аммо хушунати равониву иқтисодиро ҷиноят намедонанд. Хушунати дигаре, ки бештар мардон баъди ҷудо шудан нисбат ба зан раво мебинанд, хушунати иқтисодӣ аст. Баъзан оилаҳо бо чор фарзанд ҷудо мешаванд, кӯдакон ягон айб надоранд. На ҳама занони мо соҳибкасбанд, дастнигари падари фарзанд ҳастанд ва то як вақти муайян падар бояд ёри иқтисодӣ расонад. Дар ҳамин ҳолат, падарон саркашӣ мекунанд. Мисле, ки ҷазо медиҳанд занро. Қасосро аз фарзанд гирифтанӣ мешаванд, ки ин кори хато аст.”
Аммо чаро дар баъзе маврид кор то куштору бераҳмиҳо мерасад? Яъне, як мард то чӣ ҳад бояд ба зан эҳсоси қаҳру нафрат дошта бошад, ки фарзандонашро аз модар маҳруму ятим кунад?
Беҳрӯ Насурова: “Мо фарҳанги ҷудошавиро надорем. Оиларо сохтан осон аст, устувор нигоҳ кардан мушкил аст, фарҳанги оиладориро аз даст дода истодаем. Масалан, ҷавонои мо оиладор мешаванд ва дар як муддати кӯтоҳ ҷудо мешаванд. Омори ҷудошавиро бинем, ин як бонги хатар аст. Падару бобоҳои мо ниҳоди оиларо чӣ қадар эҳтиёт мекарданд. Мо фарҳанги ҷудошавиро надорем. Ҷудо шудан ва ба ҳоли худаш гузоштан ин фарҳанги ҷудошавӣ аст. Боз дар ҳолати мушкилӣ кумак кардан ин масъулияти падар аст нисбат ба фарзанди худаш ё зане, ки чандин сол бо ӯ зиндагӣ дошт. Ё хурсанд шудан барои инки зани пештарааш оила бунёд карду хушбахттар шуд. Дар мо мард ҷудошавиро қабул надорад."
Беҳрӯ Насурова
Онҳое ҳам ҳастанд, ки пас аз ҷудо шудан фавран издивоҷ мекунанд, вале ҳамсарони собиқашон барои бунёди оила ё робита бо каси дигар фишор меоранд ва дар бархе ҳолат онҳоро талоқи шаръӣ намедиҳанд ва бо ин роҳ гуиё қасос мегиранду мехоҳанд пеши роҳашро баста нигоҳ доранд. Ин гуна бархӯрд то ҳад дуруст аст?
Беҳрӯ Насурова: “Дар оилаҳои солим фарҳанги ҷудошавӣ дида мешавад. Ҷудо мешавад боз фарзандонашро нигаҳбонӣ ва кумак мекунад. Ин мушкил бештар дар оилаҳое ҳаст, ки бо зан фарҳанги баланди муносибат надоранд. Баъдан онҳо маълумоти ҳуқуқӣ надоранд. Намедонанд, ки ин ҷиноят аст. Мард дар охир мефаҳмад, ки занро ба чӣ ҳол расондааст."
Пас аз ҷудо шудан зан бояд чӣ гуна рафтор ё чӣ кор кунад, ки ба ин мушкилот рӯ ба рӯ нашавад ё худро ҳифз карда тавонад?
Беҳрӯ Насурова: “Вақти он расидааст, ки занҳо бояд соҳибмаълумоту соҳибкасб бошанд. Дар ин ҳолат онҳо мустақилтар мешаванд ва дар чаҳорчӯби қонун мушкили худро ҳал мекунанд. Бисёр вақт то куштор нашавад, ба масъулон муроҷиат намекунанд. Фикр мекунанд, ки бояд кор ба ҳамин ҷо расид, баъд бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард. Дастнигари мард ҳастанд ва бинобар ин ба бисёр фишорҳо тоқат мекунанд.”
Барномаи "Салом, хоҳар":
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корду мушту лагад. Зан ва шавҳар баъд аз талоқ