Ҷаҳон дар ададҳо ва аксҳо

14 000 - шумори заноне, ки соли гузашта дар Русия қурбонии хушунати хонаводагӣ шудаанд. Дар ҳар 40 дақиқа дар ин ҷо як зан аз тарафи шавҳар ё рафиқаш кушта мешавад.

239 - шумори дақиқаҳое, ки  дар ҷараёни онҳо Владимир Путин рӯзи 16 апрел ба саволҳо ҷавоб дод.

Ҷои аввалит Косово дар феҳристи 22 кившар, ки шаҳрвандонаш ба гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" кӯмак мекунанд. Ба ҳар 1 миллиион аҳолии Косово 125 ҷангҷӯи ДОИШ рост меояд.

90.4 - теъдоди қатлҳо ба ҳар сари 100 ҳазор нафар аз аҳолии Ҳондурас. 

63 - дарсади юнониҳо, ки  ба Русия назари мусбат доранд.

95 - дарсад коҳиши воридоти мустақими вискии Шотландия ба Русия дар соли 2014.

22 000 - шумораи тахминии полякҳо ё лаҳҳое, ки 75 сол пеш дар Катин кушта шудаанд.

63 - дарсади руссиягиҳо ҳамҷинсгароёнро одамонии "навъи дувум" мешуморанд. Муносибати мӯътадил ба ақаллиятҳои ҷинсӣ ҳамагӣ 20 дарсадро ташкил медиҳад.

4 - теъдоди афроде дар рӯйи замин, ки дар қарни 19 зода шудаанд. Куҳансолтарин сокини Замин Мисао Окаваи ҷопунӣ чанде пеш дар синни 117-солагӣ даргузашт. ҲолоГертруда Вивери 116-солаи амрикоӣ куҳансолтарин шахс шумурда мешавад.