Дарҳои тиҷорат боз шуд. Монеаҳо чист? ВИДЕО

Намоишгоҳи молу маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе.

Баъд аз боз шудани марз бо Узбекистон ва воридоти маҳсулоти арзон аз кишвари ҳамсоя, бахши бизнес ва истеҳсолоти Тоҷикистон дар рӯбарӯи шароит ва чолишҳои нав қарор гирифт.​ Аксар дастандаркорони соҳа мегӯянд, фазои истеҳсолоту тиҷорат ва сиёсати нархгузорӣ дар бисёр бахшҳо эҳтимолан тағйир меёбад.

Наргис Тоҳироваи 40-сола, сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд тӯли солҳои гузашта бо ҳар роҳе аз марзи ду кишвар убур карда, дар деҳаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсоя бо тиҷорати зардолуи хушк машғул буд. Аммо баъд аз боз шудани марзҳо дар ду моҳи охир, ба гуфтаи ӯ, тиҷораташ суде намеоварад, зеро тоҷирон миқдори бузурги ин меваи хушкро ба Узбекистон мебаранд ва савдои чаканааш дигар фоидаовар нест.

Президентони Тоҷикистону Узбекистон то ба 1 миллиард баровардани мизони табодули молу коло миёни ду кишварро аз ҳадафҳои солҳои наздик қарор додаанд.

Наргис Тоҳирова рӯзи 12-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар бор аз марз 30-40 килограмм зардолуи хушкро мегузаронид ва дар минтақаҳои мухталифи водии Фарғона онро мефурӯхту фоидае ба даст меовард. Аммо ҳоло тоҷирон бо мошинҳои боркаш ин хушкмеваро ба Узбекистон мебаранд ва дигар тиҷорат судовар нест. "Ҳоло деги мантупазӣ мебарам, ки дар Узбекистон харидори зиёд дорад". Вай гуфт, ҳоло дарк мекунад, ки Тоҷикистон бояд бо истеҳсоли маҳсулоте машғул шавад, ки дар бозори кишвари ҳамсоя рақобатпазир бошад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Намоишгоҳи Made in Uzbekistan дар Душанбе

Созишномаҳои тиҷоратӣ ба маблағи 620 миллион доллар

Зимнан, дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбекистон, ки рӯзҳои 9-12 март дар Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуд, аз хурдтарин маҳсулоти саноатии мисли бозии бачагонаву матоъҳои адрас то мошинҳои сохтмониву мусофирбар ҳамчун намунаи моли истеҳсоли ин кишвар намоиш дода шуд. Дар поёни Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон рӯзи 9 март дар Душанбе 16 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 620 миллион доллар имзо шуд. Аксар харидорони тоҷик мегӯянд, ки аз сифат ва арзиши маҳсулоти сохти Узбекистон розӣ ҳастанд. Коршиносон мегӯянд, ки маҳсулоти сохти Узбекистон ҳоло дар бозор ва шеваи тиҷорати соҳибкорони тоҷик таҳрири ҷиддӣ ҷорӣ мекунад.

Неъматулло Мирсаидов, як таҳлилгари масоили иқтисодиву сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки боз шудани марз бо Узбекистон барои муштариву харидор хабари хуш шуд. Сокинон имкон пайдо карданд, ки маҳсулоти арзонтар дар нисбати кишвари худро харидорӣ кунанд.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик.

Ҷаноби Мирсаидов мутмаин аст, ки воридоти маҳсулоти арзони кишоварзӣ аз Узбекистон танҳо ба суди сокинони Тоҷикистон аст. Аммо, тавлидкунандаҳои маҳсулоти содиротӣ ба Узбекистонро зарур аст, дар истеҳсоли худ бознигарӣ кунанд. Вай афзуд, ҳоло аз Узбекистон асосан тухми мурғ, гӯшт, хушкмева ва либос ворид мешавад, ки арзишаш дар муқоиса бо бозори Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза арзонтар аст. Бар ивази онҳо аз Тоҷикистон сементу ашёи рӯзгор мебаранд.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки агар то замони боз шудани марзҳо 30 дона тухми мурғ дар ноҳияҳои ҳаммарзи Узбекистон 8 сомонӣ арзиш дошта бошанд, баъд аз оғози содироти он ба Тоҷикистон нархи он ба 15 сомонӣ расидааст. Зеро, сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бо истифода аз муқаррароти убури бидуни виза ҳамарӯза даҳҳо ҳазор донаи ин навъи ғизоро ба Тоҷикистон ворид месозанд.

"Ҳукумат чора меандешад"

Ба гуфати вай, воридоти маҳсулоти ғизоӣ то ҷое мояи нигаронии тавлидкунандаҳои тухми мурғу ҳасиб дар Тоҷикистон шудааст, зеро, маҳсулоти кишвари ҳамсоя бо арзиши пасти худ бештар харидор дорад. Ба ин далел, соҳибкорони тоҷик бояд ба зудӣ наҳваи тавлидоти худро бознигарӣ кунанд, вагарна варшикаста хоҳанд шуд.

Аммо Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи боз шудани марз бо Узбекистон эҳтимоли боло рафтани қимати сементи тавлиди корхонаҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Зеро агар дар гузашта тоҷирони ҷудогона миқдори на чандон бузурги сементро ба Узбекистон интиқол медоданд, ҳоло сементи тоҷик ба кишвари ҳамсоя бо миқдори бузург тавассути вагонҳои қатор содирот мешавад.

Шариф Раҳимзода.

Ҷаноби Раҳимзода афзуд, Тоҷикистон ба Узбекистон асосан семент содир мекунад ва ба ин далел, дар ояндаи наздик боло рафтани нархи семент дар Тоҷикистон имконпазир аст. Аммо вай гуфт, набояд ин амр боиси нигаронӣ шавад, зеро қоидаи тиҷорати озод ҳамин аст, ки агар миқдори маҳсулоти хушсифат дар бозор зиёд шуд, нархи он пойин меравад ва дар ғайри ин сурат баръакс баланд мешавад.

"Ба ҳар сурат, ҳукумат чораҳое хоҳад андешид, ки нархҳо ба таври бесобиқа боло нараванд. Аммо дар мавриди рақобатпазирии маҳсулоти ниёзи аввалияи дигар, соҳибкорони тоҷикро зарур аст, ки фаъолияти худро бознигарӣ кунанд. Дар акси ин ҳолат, бозори худ дар Тоҷикистонро аз даст хоҳанд дод", - афзуд ҷаноби Раҳимзода.

Чолишҳои дигари истеҳсолкунандаи ватанӣ

Вале коршиносони дигар аз истифода шуданд фишангҳои маъмурӣ дар ин амр ҳушдор медиҳанд. ​Нур Сафаров, як таҳлилгари масоили иқтисодии Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки дар ниҳоят нисбати истеҳсолкунандаҳои тоҷик дар рақобат бо маҳсулоти сохти Узбекистон аз фишангҳои маъмурӣ истифода хоҳад шуд. Вай бар ин назар аст, ки ҳоло тавлидкунандаҳои тоҷик одат кардаанд, ки дар бозор яккатоз бошанд, аммо воридоти маҳсулоти арзони Узбекистон онҳоро дар дуроҳа қарор додааст.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, то ҳол дар бозори Тоҷикистон маҳсулоти қаннодӣ ва гӯштии Русия ҳузур дошт, ки ҳам сифаташ беҳтар буду ҳам нархаш баландтар ва истеҳсолкунандаҳои Тоҷикистон парвое надоштанд, зеро ҳарчанд сифати маҳсулоти онҳо чандон олӣ набошад ҳам, вале нархаш арзонтар буд.

Ба гуфтаи вай, "ҳоло онҳо бо мушкили нав, яъне маҳсулоти ҳам арзон ва ҳам сифаташ хуби Узбекистон рӯбарӯ ҳастанд. Пас, онҳо бояд наҳваи фаъолияти худро тағйир диҳанд, вагарна варшикаста хоҳанд шуд. Аммо, метарсам, ки бо истифода аз сарпарастони худ ба чораҳои маъмурӣ иқдом карда, воридоти бархе аз маҳсулоти кишвари ҳамсояро манъ месозанд. Вале ин амр на иқтисодӣ, балкӣ сиёсӣ хоҳад шуд".

Нур Сафаров гуфт, яке аз тадбирҳои кӯмаккунанда ба истеҳсолкунандаи ватанӣ коҳиши мизони молиёт хоҳад буд: "Шояд Ҳукумати Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз истеҳсолкунандаҳои дохилӣ сатҳи молиёт барои онҳоро коҳиш диҳад, вагарна тавлидкунандаҳои Тоҷикистон дар муқобили маҳсулоти арзону хушсифати Ӯзбакистон оҷиз мемонанд. Дар ғайри ин сурат онҳо муфлис мешаванд".

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ Тоҷикистону Узбекистон расман 10 гузаргоҳи марзиро дар миёни ду кишвар ифтитоҳ карданд ва муқаррароти аз солҳои пеш амалкунандаи убуру мурури бидуни раводид барои сокинони наздимарзӣ, ки ахиран кор намекард, дубора фаъол шуд.

Мақомоти ду кишвар мегӯяд, дар муқоиса бо соли 2015, ки табодули молу колои миёни ду кишвар чизе дар ҳудуди 12 миллион доллар буд, соли 2017 ба беш аз 240 миллион доллар баробар шуд ва тавсеаи ҳамкорӣ бар асоси созишномаҳои нав метавонад тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии байни ҳамсоякишварҳоро боз ҳам густариш диҳад. Дар поёни музокироти баландпояи Тоҷикистону Узбекистон президентони ду кишвар тааҳҳуд карданд, ки дар ояндаи наздик мизони табодули молу коло миёни ду кишварро то 1 миллиард доллар расонанд.