Шукӯҳ ва сиёсат дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён дар Қирғизистон
Намое аз дохили варзишгоҳи "Бишкек Арена". Канори ғарбии пойтахти Қирғизистон. Рӯзи 31-уми августи 2026.
Ҳунарнамоӣ дар ифтитоҳи шашумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён.
Қирғизистон ҳамзамон мизбони нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст ва раҳбарони чанд кишварро дар Бишкек гирд овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми дидор бо ҳамтои руси худ Владимир Путин. Аз тарафи чап президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев истодааст.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён 30 ҳазор кас ширкат кардааст. Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, қисме аз варзишгоҳи нав, ки бояд моҳи октябр расман боз шавад, ҳанӯз нотамом буданд.
Намояндагони Эрон дар варзишгоҳи "Бишкек Арена"
Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён бори аввал соли 2014 дар Қирғизистон баргузор шуд. Туркия соли 2022 ва Қазоқистон соли 2024 мизбони ин чорабинӣ буданд.
Дастаи Иёлоти Муттаҳида дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён дар пойтахти Қирғизистон.
Муаррифии дастаи Узбекистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён. Бино ба хабарҳо, дар ин бозиҳо беш аз 100 даста иштирок кардааст.
Дастаи Украина. Ин кишвар соли 2024 дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён ширкат накарда буд.
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, ҳангоми дидани Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён
Раҳпаймоии дастаи Русия дар варзишгоҳи "Бишкек Арена".
Намоиши таърих ва асотири қирғизҳо дар ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён
Дастаи Беларус дар "Бишкек Арена". Бино ба хабарҳо, ин кишвар ба Қирғизистон нуҳ варзишгар фиристодааст.
Намое аз "Бишкек Арена" дар рӯзи 31-уми август.
Гуфта мешавад, Русия ба мизбонии Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён дар соли 2028 таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.