Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико

Юсуф Сиддиқовро ду бор рӯзи 13-уми август ва сипас 3-уми сентябр дастгир кардаанд.

Мақомоти интизомии Амрико мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷиноятҳои гуногун гумонбар аст, боздошт карданд ва мунтазири қарори додгоҳ дар бораи сарнавишти ояндаи ӯ ҳастанд.

Идораи муҳоҷират ва ихроҷи шаҳри Филаделфия дар аёлати Пенсилвания дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери пешин) хабар додааст, ки Юсуф Сиддиқовро рӯзи 3-уми сентябр кормандони Идораи муҳоҷирати Амрико дар маҳаллаи Бенсалем дастгир кардаанд ва ӯ ба дуздӣ, ворид шудани ғайриқонунӣ ба моликияти дигарон, соҳиб шудан ба амволи дуздӣ ва зиён расондан ба амволи дигарон дастгир кардаанд.

Мақомоти Идораи муҳоҷирати Амрико гуфтаанд, ки Юсуф Сиддиқовро пештар аз ин ва рӯзи 13-уми август ва бо айни иттиҳомот дастгир карда ва аз маъмурони пулиси шаҳр хоста буданд, ки ӯро то замони оғози раванди ихроҷ нигаҳ доранд, вале мақомот ин дархостро нодида гирифта, ӯро ҷавоб доданд.

Баъди ин кормандони Идораи муҳоҷирати Амрико Юсуф Сиддиқовро дигарбора дастгир кардаанд ва гуфтаанд, ки сарнавишти ӯро додгоҳ таъйин мекунад. Айни замон ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ иттиҳомот ба зидди шаҳрванди Тоҷикистон фақат иддаои мақомоти интизомӣ аст ва то замоне, ки муфаттишон онро дар додгоҳ онҳоро собит накунанд, фард бегуноҳ дониста мешавад.

Филаделфия, яке аз шаҳрҳои бузурги Амрикост, ки онҷо зодагони Тоҷикистон ва ё тоҷиктаборони Узбекистон зиёд ҳастанд.

Баъди ба сари қудрат баргаштани Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ӯ сиёсати сахтгиронаеро ба зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ оғоз карданд ва аз он замон то кунун даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар Иёлоти Муттаҳида барои риоят накардани қоидаҳои иқомат ва ё ҳузури ғайриқонунӣ боздошт ва ё аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.