Боздошти як додситони баландпояи собиқ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибоваи 23-сола дар ноҳияи Дарвоз алайҳи зердасташ Фирӯз Саидзода парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин духтари ҷавон моҳи апрели имсол дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расида буд.