Модари яке аз гумонбарони асосии ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия, ки ба ҳабси абад маҳкум шуд, ҳукми додгоҳи низомии Маскавро беасос хонд.
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба писараш "туҳмат шудааст".
"Бо шиканҷа ва задану кӯфтан гуноҳро ба сараш бор карданд. Ҳамааш дурӯғ аст. Ягон бор моро даъват накарданд, напурсиданд. Дар ҳаққи бачаам туҳмат аст. Вай ин корҳоро намекард. Худоё, акнун ман ба куҷо муроҷиат кунам, кӣ пушти моро мегирад?" – афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вокуниши Гулракат Мирзоева ба ҳукми писараш
Далерҷон Мирзоев ва 14 нафари дигар рӯзи 12-уми март бо айбномаи тарҳрезӣ ва ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав ба ҳабси якумрӣ маҳкум ва чаҳор тани дигар аз 19 то 22 сол зиндонӣ шуданд.
Як нафари онҳо аз Қирғизистон, ду тан аз Ингушистон ва боқимонда аз Тоҷикистон ҳастанд.
Мавқеи маҳкумшудаҳо ба хулосаи додгоҳ ҳанӯз маълум нест, вале пештар баъзе аз онҳо дар нома ва дархостҳои ҷудогона худро бегуноҳ дониста ё хоҳони дигар кардани парванда шуда буданд. Бархе ҳам, ба қавли вакилони мудофеъ, "ба гуноҳ иқрор карданд", вале маълум нест таҳти чӣ шароите.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора вокуниш накардаанд.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 149 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд.
Ҳодисаи “Крокус”, ки муҳоҷирони тоҷик дар марказаш қарор гирифтанд, ба кору зиндагӣ ва нақшаву нияти даҳҳо ҳазор кас дар Тоҷикистон ва Русия таъсир гузошт. Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия ва боздошту ихроҷи онҳо то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъди он бештар шуд.