Даҳ сол пас аз фоҷиаи Беслан

Сарбозони рус дар атрофи мактаби шумораи 1 шаҳри Беслан, ки аз сӯи мардони мусаллаҳи чечен ба гарав гирифта шуд. 1 сентябри соли 2004.

Занон дар берун аз мактабе, ки аз сӯи мардони мусаллаҳи чечен муҳосира шуд. 1 сентябри соли 2004.

Нерӯҳои вижаи Русия ҳини амалиёти раҳосозии гаравгонон.

Дар рӯзи дувуми бӯҳрон як кӯдак ва 26 аз раҳо шуданд.

Рӯзи савуми бӯҳрон. Довталабон захмиҳоро ба ҷои амн интиқол медиҳанд.

Баъд аз оғози амалиёти нерӯҳои вижаи Русия, як мард ду гаравгонро кӯмак мекунад, то ба ҷои амн бирасонад.

Гаравгонҳои тоза раҳошуда дар берун аз мактаб.

Толибилмони раҳошуда дар паноҳгоҳе дар як худрав пас аз амалиёти наҷот.

Марде як захмиро ба ҷои амн интиқол медиҳад.

Намое аз мактаби харобшуда як рӯз пас аз анҷоми амалиёт.

Модаре дар болини духтарчаи захмиаш дар яке аз бемористонҳои шаҳри Владикавказ, маркази Осетияи Шимолӣ.

Наздикони қурбониён дар талоши шиносоии ҷасадҳои пайвандони худ дар сардхонаи шаҳри Владикавказ.

Хоксупории кушташудагон дар оромгоҳи Беслан.

Аксҳои гаравгонҳое, ки то ду рӯз баъд аз ҳодиса нопадид мебошанд.

Нурпашӣ Кулаев, яке аз гаравгонгирҳо, ки наҷот ёфта буд, дар таърихи 26 майи 2006 ба ҳукми абад маҳкум шуд.

Афроди хонаводаи қурбониён аз ҳукми додгоҳ, ки се пулисро афв намуд, ба хашм омаданд. Афроди пулис ба бетаваҷҷуҳӣ муттаҳам мешуданд.