Баҳси сокинон бо як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон, бавижа дар шаҳри Душанбе, ки сохтмони хонаҳо авҷ гирифтааст, баҳсу кашмакаши ширкатҳои бинокор ва мардум ҳам зиёдтар мешавад. Сокинони биноҳое, ки бояд вайрон шаванд, мегӯянд, ширкатҳо беинсофӣ карда, ба ҷойи хонаҳои калони онҳо хонаҳои хурд медиҳанд.