Баҳои Амрико ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати корҳои хориҷии Амрико навишт, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2023 “бетағйир” мондааст. Гузориши 51-саҳифаӣ рӯзи 23-юми апрел нашр шуд. Муаллифони гузориш аз қудрати Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоду сиёсат; набудани фазои озод, афзоиши маҳбусони сиёсӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.