Сайфиддин Ҳайдаров, сокини 44-солаи ноҳияи Балҷувон, ки дар як тирандозӣ аз сараш захмӣ ва маъюб шуд, аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Темурмалик розӣ нест.
Дар ҳоле ки Сайфиддин дар ин ҳодиса Фазлиддин Қурбоновро айбдор медонист, додгоҳ дар аввали моҳи июн ӯро аз ҷавобгарӣ озод намуд. Додрас гуфтааст, Фазлиддин Қурбонов бемори равонист ва бояд дар шифохона муолиҷа гирад. Ин хабар Сайфиддин Ҳайдаров ва наздиконашро ба хашм овард.
"Аз ҳукм розӣ нестам. Шахси номукаллаф чӣ гуна мактаби олиро хатм мекунад? Чӣ гуна ба шахси номукаллаф дар ноҳия сипоснома медиҳанд? Магар шахси номукаллаф дар ҷойи ҳодиса ва баъди парондан дар сарам, боз маро бозпурсӣ мекунад? Аз нигоҳи ман, ӯ номукаллаф нест," – гуфт Сайфиддин Ҳайдаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Фазлиддин Қурбонов моҳи январи имсол дастгир ва ба “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ” гумонзад буд. Пайвандонаш дар додгоҳ гуфтаанд, ӯ дар солҳои 2009 ва 2014 дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ табобат гирифтааст ва аз он замон зери назорати пизишкон аст.
Сафармои Намозалӣ, ҳамсари Сайфиддин Ҳайдаров, мегӯяд, бо ин суханҳо розӣ нест ва барои, ба гуфтааш, тантанаи адолат ба зинаҳои болоии додгоҳ ва мақомоти баландпоя нома фиристодааст.
Вай афзуд: “Ман ҳамчун як зан хоҳиш мекунам, ки қазияи шавҳари маро таҳти назорати худ бигиранд, ҷиддӣ гиранд, чун ягон шароит надорам ва шавҳарам бояд ҷарроҳӣ дорад.”
Ҳодиса моҳи декабри соли 2025 дар ноҳияи Балҷувон рӯй додааст. Сайфиддин Ҳайдаров мегӯяд, дар ҷустуҷӯйи аспҳояш ба заминҳои Файзлиддин Қурбонов ворид шуд ва дувумӣ ӯро дузд гумон карда, аз камони шикорӣ паронд.
Як тарафи бадани Сайфиддин Ҳайдаров фалаҷ шуда, пизишкон ӯро маъюби гурӯҳи якум шумурдаанд. Худаш ва наздиконаш мегӯянд, то сабабгори маъюб шудани ягона ноновари хона ҷазо нагирад, ором нахоҳанд шуд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Маъюбам карданду касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд!"