Ба оппозитсия дар Осиёи Марказӣ чӣ шуд?

Коллаж. Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (аз чап ба рост): Шавкат Мирзиёев, Содир Ҷабборов, Қосимҷомарт Тоқаев, Сардор Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз интихоботҳо баргузор мекунанду номи аҳзоби сиёсиро дар варақаҳои раъйдиҳӣ менависанд. Раҳбарони ин кишварҳо низ даъвои интихоботҳои демократӣ доранд, аммо дар асл рақобати воқеии сиёсӣ бисёр кам ба назар мерасад.

  • Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз соли 1992 зимоми кишварро ба даст дорад ва яке аз ҳукуматдорони дарозумртарин дар сайёра аст.
  • Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти пешини Туркманистон, аз соли 2022 раисҷумҳури ин кишвар аст, аммо падараш, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ҳамоно нуфузи зиёдеро ҳифз кардааст.
  • Дар Қазоқистон бо ислоҳи Қонуни асосӣ президенти кунунӣ Қосимҷомарт Тоқаев ҳақ пайдо кард, ки бори дигар барои нишастан ба курсии раёсатҷумҳурӣ номзад шавад. Ин дигаргунӣ, ки имсол сурат гирифт, ислоҳоти гузаштаи Конститутсияи Қазоқистон дар бораи раҳбарии якдафъаинаи ҳафтсоларо барои як шахс аз байн бурд.

Ҳукуматҳо дар саросари Осиёи Марказӣ ба оҳистагӣ бо эҷоди монеаву маҳдудиятҳо ва ҳабсу рондани мунаққидон фазоро барои муборизаҳои сиёсӣ бисёр танг кардаанд. Дар айни замон, набудани мухолифони сиёсӣ (оппозитсия) дар дохили кишварҳо ба маънои аз байн рафтани норизоиятҳои сиёсӣ нест.

Эдвард Лемон

Эдвард Лемон, раиси “Ҷамъияти Оксус барои умури Осиёи Марказӣ”, мегӯяд, “фаъолиятҳои сиёсӣ пурра аз байн нарафтаанд, балки ба тадриҷ шакл иваз мекунанд.”

Ба бовари сиёсатшинос, имрӯз мухолифати сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ мисли пешина несту бештар тавассути маъракаву фаъолиятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, эътирозҳои маҳаллӣ, фаъолияти маданӣ ва кори мухолифон дар хориҷа ифода мегардад. Ҳоло суол ин аст, ки оё рӯзе ин ҷараёнҳо ба фаъолияти воқеии сиёсӣ табдил хоҳанд шуд ё на?

Тафовути фазои сиёсӣ

Фазои имрӯзаи сиёсӣ дар минтақа аз шароите, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлоли ин кишварҳо ба вуҷуд омада буд, фарқ мекунад. Як профессори собиқи донишгоҳе дар Душанбе, ки бо далелҳои амниятӣ номаш нашр намешавад, гуфт, он замон дар чанд кишвари Осиёи Марказӣ як муддат рақобати воқеии сиёсӣ ба мушоҳида мерасид.

“Аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳаракатҳои фаъоли оппозитсионӣ, гурӯҳҳои гуногуни мустақил ва матбуоти воқеан бетараф доштанд,” – шарҳ дод ӯ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Мусоҳиби мо афзуд: “Дар он давраҳо шарт набуд, ки мухолифон дар интихобот баранда шаванд ё мақоми президентӣ ё аксар курсиҳои порлумонро ба даст оваранд. Иштироки онҳо то як андоза интихоботро воқеӣ намоиш медод. Интихобот ба маънои он буд, ки мардум овоз медиҳанд. Ин фазои сиёсӣ ба таври бисёр ҷиддӣ маҳдуд шуд.”

Минтақа дар чорроҳаи рақобатҳои геополитикию геоиқтисодӣ қарор дорад.

Раҳбарони мухолифин аз Узбекистон даҳсолаҳо боз аз кишвар берун ҳастанд. Дар Тоҷикистон соли 2015 мақомот кори Ҳизби наҳзати исломиро манъ ва бо ин қарор нерӯи бузургтарини мухолифонро аз фазои қонунии сиёсӣ берун карданд.

Бисёре аз ҷавонон дар Туркманистон ва Узбекистон дар кишварҳое бузург шудаанд, ки он ҷо ҳеч ҳизби мухолифи сиёсӣ ба таври бозу ошкор фаъолият надошт, то бо ҳузури худ як фазои воқеан ҳам пуррақобате эҷод бикунанд.

Ҳатто Қирғизистон, ки баъд аз чандин шӯришу инқилобҳои мардумии соли 2005 номи “ҷазираи демократия”-ро ба худ гирифта буд, дар солҳои охир тадриҷан фазои сиёсии озодашро аз даст медиҳад. Мунаққидон мегӯянд, дар ин кишвар ҳоло на танҳо фаъолони сиёсӣ, балки рӯзноманигорону блогерҳо ҳам бо фишори афзоянда рӯ ба рӯ ҳастанд ва то кунун чандин нафар ба зиндон андохта шудаанд.

Одил Турдуқулов, хабарнигори қирғиз, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот тадриҷан “майдони сиёсиро тоза карда”, бо ин корашон паёми рӯшане доданд, ки ҳама гуна мухолифат бо ҳукумат зери таъқиб қарор мегирад.

Турдуқулов гуфт, ҳатто мухолифати маҳдуди порлумонӣ метавонад ҳамчун воситаи коҳиши фишори иҷтимоӣ хидмат кунад, чун ба мардум имкон медиҳад, ки дар дохили низом, на берун аз он норизоияти худро баён кунанд.

Бисёре аз ҷавонон дар Туркманистон ҳеч гоҳ фаъолияти ошкорои як ҳизби мухолифро надидаанд

Чаро ҳукуматҳо “боэътимодтар” шудаанд?

Таҳлилгароне, ки фазои сиёсии Осиёи Марказиро мушоҳида мекунанд, мегӯянд, чанд омиле ҳаст, ки назорати сиёсиро аз ҷониби давлат пуршиддат карда, дар айни замон муқовимат ё мухолифатро бисёр камранг намудааст.

Марио Бикарски, таҳлилгари умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ширкати иттилоотии Verisk Maplecroft мегӯяд, “ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ суботи дохилии сиёсиро чун унсури калидии амнияти миллӣ арзёбӣ мекунанд”. Ӯ афзуд, “минтақа дар чорроҳаи рақобатҳои геополитикию геоиқтисодӣ қарор дорад. Ҳама гуна бесуботии дохилӣ метавонад барои бозигарони хориҷӣ чун фурсате барои мудохила ба минтақа хидмат кунад”.

Ба назари Марио Бикарски, бавижа ҳукуматҳои Қазоқистон ва Узбекистон ба рушди иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи зиндагии мардум такя карда, бо ин роҳ ҳама гуна норизоиятҳои оммавиро кам мекунанд ва дар муқобил назорати сиёсиро афзоиш медиҳанд.

Аз сӯи дигар, мегӯяд ӯ, фишори байнулмилалӣ ҳам дигар хеле камтар шудааст: “Солҳои охир дар Осиёи Марказӣ фишори беруна аз шеваи пешбурди ҷараёнҳои демократӣ заифтар шуда, минтақа ҳарчи бештар мавриди таваҷҷӯҳи геополитикӣ ва ба ҳайси сарчашмаи манбаъҳои фоидаовари табиӣ арзёбӣ мешавад”.

Маҳдудидияти фаъолият дар хориҷа

Барои бисёре аз чеҳраҳои оппозитсияи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ хориҷа ягона интихоб барои идомаи фаъолияташон гардидааст. Бархе ба Аврупову Туркия ва иддае ба Амрико рафтаанд, то фаъолияти худро аз он ҷо идома диҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, эътироф мекунад, ки замоне худат дар хориҷа ҳастӣ, ширкат ва таъсиррасонӣ ба таҳаввулоти дохили кишвар мушкил мебошад.

Муҳиддин Кабирӣ

Кабирӣ афзуд, пуштибонии ками сиёсӣ ва маҳдуд будани грант ё кумакҳои билоивази кишварҳои ғарбӣ ҳам тавонмандиҳои мухолифин аз Осиёи Марказиро дар пешбурди кори муассир маҳдуд мекунад.

Вай дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз кишварҳое ба мисли Беларус, Русия, Эрон ва Афғонистон, “барои ҳаракатҳои мухолифони Осиёи Марказӣ чунин як ёрие вуҷуд надорад”.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ҳамзамон барқарор кардани иртибот дар дохили Тоҷикистон торафт мушкил мешавад. Ҳукумат аз таҳдид, ҳабс ва василаҳои дигар истифода мекунад, то мардумро аз тамос бо норозиён дар берун аз кишвар дилсард бидоранд. Ӯ гуфт, барои дар хатар нагузоштани ҷони одамон, талош мекунанд, ки бо мардум дар дохил дар тамос набошанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳои зиёди ба зиндон маҳкум шудани шахсиятҳоро медонад, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё иртибот бо намояндагони мухолифон дар хориҷа ҷазо дидаанд.

Шеваи нави мухолифат

Бо вуҷуди коҳиши расмии шумори ҳизбҳои сиёсии мухолиф, фаъолиятҳои сиёсии онҳо мутобиқ ба воқеиятҳои нав иваз мешаванд. Эдвард Лемон гуфт, “баъд аз интиқоли қудрат дар Қазоқистон дар соли 2019 ё баъди интихоботи соли 2020 дар Қирғизистон мо шоҳиди чанд намуд эътирозҳои миллии сартосарӣ шудем”.

Эътирозҳо ба натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон. Моҳи октябри соли 2020

Вай ба эътирозҳои баъди дигар шудани президент дар Қазоқистон ва ҳам интихоботи баҳсбарангези порлумонӣ дар Қирғизистон ишора кард, ки баъдаш нооромиҳои сиёсӣ сар зад. Ин таҳлилгар мегӯяд, ингуна ҳодисаҳо дар Осиёи Марказӣ имкони такрор шудан доранд, аммо норизоиятҳои шаҳрвандӣ бештар атрофи масоили маҳаллӣ, ба мисли интиқод аз нархи хонаву хароҷоти коммуналӣ ё ҳуқуқ ба моликият ва ғайра, равона мешавад.

“Ингуна фаъолиятҳои муташаккили маданӣ ба ҳукумати марказӣ хатаре надоранд, чунки ба таври мустақим раҳбарияти кишварро ҳадаф қарор намедиҳанд. Чолиши ин ҳолат дар он аст, ки фаъолиятҳои муташаккили маданӣ рӯзе метавонанд ба ҳаракати сиёсии созмонёфтае табдил бишаванд,” -- мегӯяд Лемон.

Субот ё таҳдидҳои пинҳонӣ?

Суст кардани мухолифин метавонад барои эҷоди суботи кӯтоҳмуддати сиёсӣ сабаб шавад, аммо таҳлилгарон дар бораи хатарҳои дарозмуддати саркӯбҳо ҳушдор медиҳанд.

Марио Бикаски дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, “боз доштани ҳаракатҳои расмии оппозитсионӣ ва канор задани баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ дар дарозмуддат боис ба эҷоди норизоиятӣ ва беитоатии хомӯше хоҳад шуд”.

Ӯ ба бесуботиҳои соли 2022 дар Қазоқистону Тоҷикистон ва Узбекистон чун намунаи чунин таҳаввулот ишора кард ва гуфт, як сабабаш дар ҳалношуда мондани мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мардум буд, ки билохира ба беназмиҳову ошӯбҳои дастҷамъӣ овард. Бикаски афзуд, дар асл набудани мухолифони расмӣ барои давлат хуб нест, чун ҳукумат дар бораи эҳсосу нигарониҳои ҷомеа маълумоти кофӣ ва ҳамаҷониба надорад ва ин чиз пайомадҳои ҷиддии дигаре дар пеш дошта метавонад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мухолифони сиёсӣ: Ниме дар берун, ниме хомӯш