Ба беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2025 ҷоизаҳо доданд

27-уми декабр дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2025 доир гардид.

Дар ин маросим ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ дар Лигаи олии Тоҷикистон, мусобиқаи ҷавонон ва Лигаи якум эълон шуданд. Дар маҷмуъ дар 18 номинатсия ғолибон қадрдонӣ гардиданд.

Чунончи, ҷоизаи беҳтарин бозигари соли 2025 ба Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон, тақдим гардид. Вай бори аввал ба ин унвон даст ёфт.

Амирбек Ҷурабоев, инчунин, беҳтарин нимҳимоятгари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2025 гардид.

Қобили зикр аст, ки ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Шервонӣ Мабатшоев, ки имсол дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон 7 гол задааст, тақдим шуд.

Ҷоизаи беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ насиби Зариф Усмонов, сармураббии бошгоҳи «Вахш»-и шаҳри Бохтар гардид.

Рӯйхати барандагони ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи ҷамъбасти мавсими соли 2025:

Беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣМуҳаммад Назриев («Истиқлол», Душанбе), 30 тӯб.

Беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ – Ҷамшед Баротов (КМВА, Душанбе).

Беҳтарин бозигари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ – Муҳаммад Назриев («Истиқлол», Душанбе).

Беҳтарин даврвозабони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якумҚурбонали Бобоев («Сардор», Турсунзода).

Беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум – Назрулло Ашурализода («Моҳир», Ёвон), 33 тӯб.

Беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум – Алишер Полвонов («Парвоз», Фурудгоҳи Хуҷанд).

Ҷоизаи вижаи Лигаи футболи Тоҷикистон – Махмадҷон Ҳабибуллоев («Сардор», Турсунзода).

Беҳтарин бозигари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум – Некрӯз Зокиров («Шодмон», Ҳисор).

Беҳтарин бригадаи доварон – Гулмуроди Саъдулло, Ҳасан Каримов, Фарҳод Қуралов.

Беҳтарин дарвозабон – Адам Ковач («Вахш», Бохтар).

Беҳтарин ҳимоятгар – Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол», Душанбе).

Беҳтарин нимҳимоятгар – Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол», Душанбе).

Беҳтарин ҳамлагар – Абдухалил Боронов (КМВА, Душанбе).

Беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ – Шон Пол Камолафе («Истиқлол»/«Хуҷанд»), 12 тӯб.

Беҳтарин легионери мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон – Дмитро Билоног («Вахш», Бохтар).

Беҳтарин мураббӣ – Зариф Усмонов («Вахш», Бохтар).

Ҷоизаи вижаи Лигаи футболи Тоҷикистон - Шервонӣ Мабатшоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода).

Беҳтарин бозигари сол – Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол», Душанбе).