Азамат Шамбилов, раиси Маркази байнулмилалии рушд ва адлия, эълони қонуни афв ва озодии ҳазорҳо тан аз зиндону ҷавобгариро дар Тоҷикистон “тасмими хуб”, аммо дар айни замон “ҳалли кӯтоҳмуддати масъала” донист. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои он ки зиндонҳои Тоҷикистон холӣ ё камодам бимонанд, аввал бояд додрасҳо ҳукмҳои дурусту одилона содир кунанд ва дигар ин ки мардуму мақомот муносибати худро бо зиндониёни раҳошуда тағйир диҳанд.
“ДОДГОҲҲО БА ДАСТГОҲЕ ТАБДИЛ ШУДААНД, КИ...”
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон татбиқи қонуни нави афв нисбат ба 18 ҳазор кас, аз ҷумла гурӯҳе аз зиндониён ҷараён дорад. Оё баъд аз ин вазъи маҳбусон беҳбуд хоҳад ёфт?
Кормандони мақомоти иҷроия аз маҳбусони собиқ ҳарос доранд. Ба онҳо чун ба ҷинояткор нигоҳ мекунанд. Намедонанд, ки на ҳамаи онҳо воқеан ҷиноят содир карда, ба маҳбас рафтаанд. Баъзеи онҳо қурбонии мурофиаҳои ноодилона шудаанд.
Азамат Шамбилов: “Таҷрибаи эълони афв дар кишварҳои Осиёи Марказӣ роиҷ аст, аммо дар Тоҷикистон аз ҳама бештар маъракаи афв роҳандозӣ мешавад. Бояд гӯям, ки агар мо мехоҳем шумораи одамонро дар муассисаҳои ислоҳӣ кам кунем, афв дар асл ҳалли кӯтоҳмуддати масъала дониста мешавад. Мо бар асоси таҳқиқоти зиёд машваратҳои худро ба ҳукуматҳо пешкаш мекунем ва мегӯем, ки афв дар дарозмуддат мушкили пур будани зиндонҳоро ҳал намекунад. Чаро афв мешавад? Барои кам кардани хароҷоти муассисаҳои ислоҳӣ ва ҳам барои қабули шумораи зиёди онҳое, ки барои гузаштан аз боздоштгоҳ ба маҳбасҳо мунтазир истодаанд. Чанд омили асосӣ аст, ки ба афв пайванд мегирад. Якум, ин теъдоди зиёди ҳукмҳои айбдоркунӣ аст, ки додгоҳҳо содир мекунанд. Мо медонем, ки Тоҷикистон яке аз он давлатҳое мебошад, ки додгоҳҳояш соли гузашта тақрибан дар 100 дар сади ҳолатҳо ҳукмҳои айбдоркунӣ содир кардаанд. Солҳои аз он пеш теъдоди каме ба истилоҳ “сафед” мешуданд. Ин ба чӣ маъност? Ин ба маънои он аст, ки муассисаҳои ислоҳӣ пур мешаванд. Додгоҳҳо ба дастгоҳ ё мошине табдил шудаанд, ки одамонро рост ба муассисаҳои ислоҳӣ мефиристанд, яъне онҳо барои низоми ислоҳи ҷиноӣ муштарӣ пешкаш мекунанд. Ва омили дуюм ин аст, ки чораҳои алтернативии ҷазо, ба мисли озодии шартӣ, вуҷуд надорад. Дар Тоҷикистон ин низом дар ҳоли такмилшавӣ аст, аммо амалан вуҷуд надорад.”
“ОНҲО ҚУРБОНИИ МУРОФИАҲОИ НООДИЛОНА ШУДААНД”
Радиои Озодӣ: Аз назари одамоне, ки муштоқи ин қонун ҳастанд, бубинед, орзуи деринаи онҳо ҳамин аст. Чаро, ба назари шумо, афв як чораи муваққатӣ асту ба қавле давои масъала нест?
Азамат Шамбилов: “Ҳоло дар Тоҷикистон 18 ҳазор нафарро афв мекунем. Аз инҳо 6-8 ҳазор нафар мавриди тафтиш қарор доранд ва тахминан 10 ҳазор нафар озод ё муҳлати ҳабсашон кам мешавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки баъди 3, 4 ва 5 сол зиндонҳо дубора пур мешаванд. Тахминан нисфи онҳо касоне ҳастанд, ки мавриди афв қарор гирифтаанд. Дар дохили зиндонҳо бояд барномаҳои барқароркунии онҳо роҳандозӣ шаванд. Ин як усули хос аст, ки озодии инсонро аз рӯи рафтораш таъмин мекунад ва шарт нест, ки ҳар сари чанд вақт афв эълон шавад. Аз рӯи ин усул (метод), рафтору кирдори шахс дар зиндон омӯхта ва баҳогузорӣ мешавад, ки то куҷо ӯ барои озод шудан омода аст. То куҷо ин одам барои ҷомеа хатарнок аст ё не ва оё мешавад ӯро озод кард. Ба хона, табобат, санад, гирифтани ҳаққи маъюбӣ ва ҳалли дигар душвориҳояш ниёз дорад ё на?
Бояд як чиз дуруст дарк карда шавад, ки баъзе одамон озод мешаванд, вале дар озодӣ дурудароз истода наметавонанд. Чаро? Чунки мардум дар Осиёи Марказӣ гуноҳи маҳбусони собиқро ба осонӣ намебахшанд. Нисбаташон тафаккури қолабӣ ё стигма вуҷуд дорад, ки ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ меояд. Мисли як доғ аст, ки ин зан ё мард “аз зиндон омадааст” ва инро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунанд ва ӯ тамоми умр дигар ҷои худро дар ҷомеа пайдо карда наметавонад. Ба ҷомеа бояд намунаҳои хубро нишон дод, намунаҳои воқеиро. Агар инсон баъди раҳоӣ аз зиндон ислоҳ шуд ва дар шароите ба сар мебарад, ки дигар даст ба ҷиноят намезанад, на танҳо дар навори телевизионӣ бигӯяд, ки “ман дигар ҷиноят содир намекунам”, балки бо тиҷорату таҳсилаш инро нишон диҳад. Он вақт муносибат дигар мешавад.
Ман бо бисёре аз намояндагони ҳукуматҳо суҳбат мекунам ва медонам, ки барои онҳо расидагӣ ба мушкили зиндониҳои собиқ дар асл дар навбати охир меистад. Дар навбати аввал модарони серфарзанд, шахсони камтавон ё имконияташон маҳдуд, ширкатдорони ҷанг ва муҳтоҷони табобату ёрӣ қарор доранд. Аз сӯи дигар, кормандони мақомоти иҷроия аз маҳбусони собиқ ҳарос доранд. Ба онҳо чун ба ҷинояткор нигоҳ мекунанд. Намедонанд, ки на ҳамаи онҳо воқеан ҷиноят содир карда, ба маҳбас рафтаанд. Баъзеи онҳо қурбонии мурофиаҳои ноодилона шудаанд. Аз ин рӯ, вақте бо ходимони полис ва додситону додрасҳо кор мекунем, таъкид мекунем, ки бо маҳкумшудаҳо бояд ҳамчун бо шахсоне бархӯрд кард, ки як рӯз ба озодӣ мебароянд. Онҳо одамони зинда ҳастанд ва дарду алами худро доранд. Ба низоми додгоҳӣ алам доранд, ба полис, ба хадамоти давлатӣ. Барои ҳадди аксар кам кардани ин аламу норизоиятии онҳо бояд мурофиаҳои одилона барпо шаванд.”
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шамбилов: "Ҷилавгирӣ аз ҷиноят муҳим аст"
“БАРОИ БИСЁРЕ АЗ ОНҲО ҲАДАФ МУБОРИЗА БО НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ АСТ”
Радиои Озодӣ: То куҷо дар маҳбасҳои Тоҷикистон, ки шумо зиёд аз онҳо дидан мекунед, масъалаи нуфуз ё таъсиррасонии шахсони воқеан ҳам ифротгаро ба зиндониҳои дигар доғ мемонад? Чун ин масъала дар робита бо ошӯбҳое, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон сар заданд, матраҳ шуда буд.
Азамат Шамбилов: “Бале, мушкили ифротишавӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоно доғ мемонад. Дар ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд ҳамин масъала калидӣ буд. Нафароне, ки барои узвият ё тарафдорӣ аз созмону ақидаҳои ифротӣ ё ташкилоти террористӣ маҳкум шудаанду дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳам аз ин мавқеи худ даст накашиданд, воқеан ҳам дар дохили маҳбасҳо бо ин ақидаҳои худ ба сар мебаранд. Бояд эътироф кард, ки барои бисёре аз онҳо ҳадафи асосӣ мубориза бо сохторҳои давлатӣ аст ва ин мушкил дар маҳбасҳо воқеан ҳам доғ аст, чун маҳкумшудаҳо барои пайравӣ аз “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ва созмонҳои дигар дар дохил ҳастанд. Онҳо чун омили хатарзо барои ҷалби бештари одамон ба ақидаҳои худ боқӣ мемонанд.
Сатҳи хатарнокии ҳар нафар аввал бояд дуруст ташхис шавад, онгуна ки дар низоми маҳбасҳои Фаронса, Шветсияву Испания вуҷуд дорад.
Дар мисоли маҳбасҳои Осиёи Марказӣ ҳолатҳое ҳам шудааст, ки онҳо ҳатто кормандони зиндонро ба ақидаҳои худ ҷалб карда тавонистаанд. Маоши кам, имтиёзҳои иҷтимоии нокофӣ онҳоро ба туъмаи осони ақидаҳои ифротӣ табдил медиҳад. Дар Тоҷикистон тавонистанд, ки шиддати ин мушкилро кам кунанд. Чун ҷазо барои “лайк”-монӣ дар шабакаҳо бардошта шуд. Вале дар миёни маҳкумшудаҳо барои ифротгароӣ одамоне ҳастанд, ки аз ноогоҳӣ пушти панҷара рафтаанд: масалан ҳаргуна изҳороту барномаҳоро гӯш кардаву чизе навиштаанд. Аксари онҳо ҷавонони то 30-сола ҳастанд. Бояд хатари воқеии ин гурӯҳро омӯхт ва якбора ба 15-20 сол ҳабс накард. Яъне, сатҳи хатарнокии ҳар нафар аввал бояд дуруст ташхис шавад, онгуна ки дар низоми маҳбасҳои Фаронса, Шветсияву Испания вуҷуд дорад. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол муқаррароти ташхиси сатҳи хатарнокии ин гурӯҳи гумонбаршудаҳо вуҷуд надорад. Масалан, методи мудирияти бӯҳрон дар зиндонҳо метавонад барои фаҳмидани заминаву омодагиҳо ва майл ба ошӯбу беназмиҳоро омӯзиш диҳад.”
“ИН АЗ ДАВРОНИ ГУЛАГ-И ШӮРАВӢ ОМАДААСТ”
Радиои Озодӣ: Мақомоти зиндонҳо дар Тоҷикистон аз марги шумори муайяни маҳбусон хабар доданд. Дар миёни онҳо панҷ фаъоли помирӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ҳастанд. Манбаъҳои огоҳ гуфтанд, ки сабаби даргузашти онҳо саривақт фароҳам нашудани ёрии тиббӣ буд. Шумо аз зиндонҳои Тоҷикистон хабар мегиред ва метавонед бигӯед, ки ёрии фаврии пизишкӣ барои маҳбусон дар Тоҷикистон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Азамат Шамбилов: “Ин савол ду бахшро дар бар мегирад. Бахши аввал вобаста ба таҳқиқ ва сабтиноми ҳолатҳои марг дар зиндон аст. Дар маҳбасҳои Тоҷикистон марги маҳбус сабт мешавад. Аз соли 2018, замони шурӯи ислоҳоти зиндонҳо, мо масъалаи сабабҳои марги маҳбусонро ҳам матраҳ кардем. Омор чӣ мегӯяд? Як бахши калони марги маҳбусон дар натиҷаи аз баландӣ афтодан ё истодани кори дил фаро мерасад. Чаро дар зиндон кор то ба он мерасад, ки дили инсон аз кор мемонад? Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бояд идораи додситонӣ ва ваколатдори ҳуқуқи инсон василаҳои худро барои таҳқиқи бетарафонаи сабаби марги одамон дар маҳбас дошта бошанд.
Имрӯз дар ҳеч як кишвари собиқи шӯравӣ чунин муқаррароти омӯзиши мустақилонаи сабабҳои марги маҳбусон амал намекунад. Дар Аврупо вуҷуд дорад. Ба он идораи зиндонҳо, муассисаи бемориҳои равонӣ ва идораҳои дигар дохил мешаванд. Масалан, дар Бритониё кумисюни давлатӣ ҳаст, ки ба он намояндагони чанд вазорат ва ташкилоти иҷтимоӣ дохил мешаванд. Ин кумисюн аз ҳама сохторҳо ҷудо ва мустақил кор карда, сабабҳои марги инсонро бетарафона тафтиш мекунад. Ба ҳама чизи лозима дастрасӣ дорад. Яъне ҳамингуна як сохтор барои зиндонҳои Осиёи Марказӣ ҳам зарур аст. Роҳи дигар дар назди додситонӣ таъсис додани чунин идорае мебошад, ки битавонад мустақилона сабабҳои марги одамонро дар маҳбас тафтиш кунад. Дар сурати кори мустақил ва ҳамаҷонибаи ин ниҳод, мешавад гуфт, ки инсон аз марги маҷбурӣ, бадрафторӣ ва шиканҷа ҷон дод ё аз беморию пиронсолӣ. Ва як чизи муҳими дигар ин сифати низоми тандурустӣ дар маҳбасҳо аст. Соҳаи тиб дар зиндонҳо, ба истиснои Қазоқистон, дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ тобеи Вазорати умури дохилӣ ё адлия мебошад. Ин аз даврони ГУЛАГ-и Иттиҳоди Шӯравӣ омадааст. Дар Қазоқистон ин дар ихтиёри Вазорати беҳдошт аст.”
Азамат Шамбилов шарики муҳими Тоҷикистон дар иҷрои ислоҳот дар низоми маҳбасҳои кишвар аст. Ӯ пайваста аз зиндонҳо дар Тоҷикистон дидан карда, бо мақомот ва ҳам ташкилоти иҷтимоии ширкатдори ин ҷараён ҳамкорӣ мекунад.