Аз нишасти НАТО то ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Элизабет Стикни, сухангӯйи Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ натиҷаи нишасти раҳбарони НАТО дар Туркия ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаро хулоса кард.

Ӯ рӯзи 9-уми июл гуфт: "Ба қавли президент Доналд Трамп, нишасти НАТО бисёр муваффақ буд. Мо мехостем, ки кишварҳои узв харҷи дифоиашонро афзоиш бидиҳанд ва ҳамаи онҳо тааҳҳуд карданд, ки ҳазинаҳои дифоиашонро бештар мекунанд."

Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки дар ин ҷаласа, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, дар робита бо ислоҳоти стратегии ояндаи НАТО иттифоқи назаре ба даст омад?

Элизабет Стикни: "Эътилофи НАТО бояд ба ҳар навъ таҳдид омода бошад. Муҳим аст, ки барои расидан ба ин ҳадаф мо бештар ҳамкорӣ кунем. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои узви НАТО ба ин ҳамкорӣ тааҳҳуд карданд."

Радиои Озодӣ: Ҳафтаи гузаша дар Вашингтон ҷаласаи муҳими вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ИМА - Сироҷиддин Муҳриддин ва Марко Рубио барпо шуд. Изҳороти расмиро мо дидем, вале чунин ба назар мерасад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан дар ин гуфтугӯҳо муҳимтарин бахш буд ва аз ҷумла, баъзе матолибе ҳам нашр шуд, ки тарафҳо дар заминаи истихроҷи сурма ба мувофиқате омаданд. То куҷо ин дуруст аст?

Элизабет Стикни: "Вақте дар бораи Тоҷикистону Амрико сӯҳбат мекунем, мо дар бораи фурсатҳои ҳамкорӣ гап мезанем. Ва ҳамон қисме, ки шумо гуфтед, ҳафтае пеш вазири корҳои хориҷӣ оқои Рубио бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Вашингтон дидор кард. Онҳо дар мавриди густариши фурсатҳо сӯҳбат карданд. Кишварҳои мо ба густариши ҳамкории тиҷҷорӣ, ҳамкории амниятӣ ва ҳамкории беҳдоштӣ алоқаманд ҳастанд. Ва ҳам мавзӯи маъданҳо матраҳ шудааст. Вале беҳтар аст, ки дар мавриди ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо сӯҳбат накунам."