Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар як таҳқиқот омори мансабдоронеро нашр кардааст, ки зиёда аз 5 ва ҳатто то 15 сол дар як мақом кор кардаанд. Солҳои тӯлонӣ дар як вазифа кор кардан аз омилҳои фасод дар Тоҷикистон ном бурда мешавад.
Аммо коршиносон мегӯянд, бо тағйири мансабдорон наметавон фасодро дар Тоҷикистон коҳиш дод ва бояд барои хизматчиёни давлатӣ алтернатива муқаррар шавад то онҳоро аз фасод боздорад.
"Беш аз 15 сол дар як курсӣ"
Дар пажӯҳиши Оҷонсӣ, ки рӯзи 15-уми март нашр шуд, омадааст, дар Тоҷикистон наздики панҷсад мақомдор дар мӯҳлати 5 то 15 сол дар як мақом фаъолият доранд. Масъулини оҷонсӣ мегӯянд, ин пажӯҳиш мансабдоронеро, ки дар мақомҳои сиёсӣ кор мекунанд, фаро намегирад.
Таҳлилгарон мегӯянд, таъйину барканории вазиру раисони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дар атрофи як гурӯҳи маҳдуди мансабдорон сурат мегирад.
Ба қавли муаллифони пажӯҳиш, аз инҳо 402 нафарашон беш аз панҷ сол, 41 мақомдор беш аз 10 сол ва ҳудуди 10 мансабдори дигар беш аз 15 сол дар як мансаб кор карда, ба вазифаи дигар нагузаштаанд. Наздики 500 мақомдори тоҷик дар ҳоле беш аз панҷ ва ҳатто то 15 сол дар як мақом боқӣ мондаанд, ки ба қавли масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, онҳо ҳар панҷ сол бояд ба дигар мақом гузаронида мешуданд.
Масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, дар назар аст, ки дар нимаи аввали соли 2018 ротатсия ё ҷойивазкунии ин мақомдорон сурат бигирад. Дар гузориши ин ниҳод номи мансабдороне нашр нашудаст, ки солҳо дар як мақом кор карда кардаанд. Аммо аз рӯи оморҳои Оҷонсӣ бештари онҳо дар мақомотҳои марказӣ фаъолият мекунанд.
"Дарахт дар як ҷо месабзад?"
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳоле аз солҳо боқӣ мондани мансабдорон дар курсиҳои худ интиқод мекунад, ки мухолифони ин андеша мегӯянд, аз тез-тез иваз кардани мақомдорон ҳосиле нест ва бояд гузошт, ки нафаре соҳаи худро хуб омӯхта, роҳҳои пешбурди онро пайдо кунад. Тарафдорони ақидаи солҳо истодан дар як мансаб ба мисоли маъруфи халқӣ таъкид мекунанд, ки “дарахт дар якҷо реша мегирад.”
Ҳасан Мирзоев, ки муддати 15 сол ҳамчун муовини раиси ноҳия кор кардааст, мегӯяд, агар мақомдоре чанд сол дар вазифааш боқӣ монад, ин ба ӯ имконият медиҳад, ки соҳаеро ки сарпарастӣ мекунад, бо ҳама нозукиҳояш азхуд кунад. Аммо ҷаноби Мирзоев мегӯяд, солҳо дар як мақом кор кардан танҳо дар сурате метавонад судовар бошад, ки агар мансабдор дасту дили тоза дошта бошад.
"Агар солҳои зиёд дар як мақом истад, ҳамкориаш бо мақомотҳои болоӣ хуб мешавад, дурнамои ҳамон соҳаро азхуд мекунад ва нақша пешниҳод карда, корбарӣ мекунад. Аммо инҷо чанд шарт аст. Якум, мутахассиси соҳа бошад, дуюмаш - дасту дили пок дошта бошад. Агар дасту дили пок надошта бошад, баъд аз як-ду соли кор, шинос пайдо карда, ошнобозӣ ва ҷӯрабозӣ карда ба дигар корҳои ришвахӯрӣ даст мезанад ва ба ҳамин дигар кор барбод мешавад",- мегӯяд, Ҳасан Мирзоев.
"Алтернативаи фасод бояд пешниҳод шавад"
Тарафдорони солҳо кор кардани як нафар дар мақомоти давлатӣ дар ҳоле ба ақидаи худ пофишорӣ мекунанд, ки ба андешаи муқобилони ин андеша зиёд боқӣ мондани мансабдорон дар як курсӣ роҳро барои фасод ҳамвортар мекунад. Аммо бархе таҳлилгарон мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон бо иваз кардани мансабдорон наметавон фасодро коҳиш дод, балки бояд алтернативаи фасод ба хизматчиёни давлатӣ пешниҳод карда шавад.
Дилшод Муллоев, як муҳаққиқи масоили сиёсӣ мегӯяд, муҳим он аст, ки фасоду ришвахорӣ аз ҷониби хизматчии давлатӣ бояд ҳамчун як мушкили фарҳангӣ дарк шавад. Яъне ба қавли ин коршинос, мансабдор бояд худаш дарк кунад, ки бо фасод машғул шудан куллан қобили қабул нест.
Дилшод Муллоев бо назардошти шароити Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар як вазифа дурудароз истодани як хизматичии давлатӣ омили рақами яки фасод буда наметавонад. Ба қавли ҷаноби Муллоев, мушкили коҳиши фасод дар миёни мансабдорон бояд аз тариқи дигар ҳал шавад.
Вай мегӯяд: "Ҳамингуна назарияҳое вуҷуд дорад, ки як хизматчии давлатӣ, фаразан агар дар як мақом зиёд кор кунад, соҳиби контакту решаҳои зиёде мегардад, ки барои фасод заминасозӣ мекунад. Вақте аз нуқтаи назари маънавӣ як хизматчии давлатӣ тоза аст, вай 15-20 сол ҳам дар якҷо бошад, бо фасод машғул намешавад, ба шарте, ки алтернативаи фасод ба сифати кафолатҳои давлатӣ, маоши баланд ва имтиёзҳое, ки аз ҷониби қонунгузорӣ ба вай пешбинӣ шудааст, барои ӯ бошад",- мегӯяд ин таҳлилгари тоҷик.
Баҳси солҳои зиёд мондан ё иваз кардани мақомдорон дар мансабҳои давлатӣ дар ҳоле дубора доғ мешавад, ки тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон ҳамасола мавриди баҳсу интиқодҳо қарор мегирад.
Таҳлилгарон мегӯянд, таъйину барканории вазиру раисони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дар атрофи як гурӯҳи маҳдуди мансабдорон сурат мегирад. Дар саҳифаҳои матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон аз ин падида чун ҷойивазкунии кадрҳо ё «рокировка» ном мебаранд.
"Роҳи коҳиши фасод боло бурдани маоши милисаву муаллим ва табиб аст"
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон натиҷаи як таҳқиқоти сотсиологии худро нашр кард, ки дар он сокинон роҳҳои коҳиши фасод дар кишварро барои мақомот пешниҳод кардаанд.
Дар ин пурсиш сокинон аз ҷумла гуфтаанд, ки барои коҳиши сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон бояд адолати иҷтимоӣ дар кишвар таъмин шуда, маоши кормандони бахши низомӣ ва маориф то дараҷае боло бурда шавад, ки онҳо мӯҳтоҷи дигар шахсон набошанд.
Ин таҳиқот аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод дар тамоми кишвар гузаронда шуда, дар он наздики 90 ҳазор нафар ширкат карданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот рӯзи 15-уми март эълон шуд.
Масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, дар пурсиши онҳо ҳам кормандони идораҳои давлатӣ ва ҳам сокинони оддӣ иштирок доштанд. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, дар ҷараёни пурсиш аз сокинон ақидаҳои ҷолиб барои коҳиши сатҳи фасод дар кишвар дарёфт кардаанд.
Се роҳи пешниҳодии сокинон барои аз байн бурдани фасод
Аз ҷумла иштирокдорони пурсиш гуфтаанд, барои онки фасодкорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёбад, нахуст бояд сатҳи зиндагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, маориф ва тандурустӣ нисбат ба кормандони дигар соҳаҳо беҳтар карда шаванд. Иштирокдорони пурсиш роҳи беҳтар кардани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи қудратӣ, маориф ва тандурустиро дар мунтазам баланд бардоштани музди меҳнати онҳо арзёбӣ кардаанд.
Роҳи дигари коҳиши фасод дар Тоҷикистонро иштирокдорони пурсиш дар таъини шахсони поквиҷдон, донишманд, босалоҳият ва босавод дар вазифаҳои масъули давлатӣ хондаанд. Муаллифони пурсиш мегӯянд, сокинон ҳамчунин гуфтаанд, агар ҳадаф коҳиши сатҳи фасод дар кишвар бошад, бояд адолати иҷтимоӣ дар кишвар таъмин шуда, ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ андоз барои замин, об ва барқ коҳиш дода шавад.
Муаллифони пурсиш мегӯянд, сокинон ҳамчунин гуфтаанд, дар Тоҷикистон бояд нисбати шахсони фасодкор ҷазо пурзӯртар шуда, муҳокимаи ин афрод тариқи оммавӣ сурат бигирад. Масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, таҳқиқоти онҳо соли гузашта анҷом шуда, дар назар аст, пурсиши навбатӣ соли 2019 гузаронида мешавад.
"Вазирону раисон дар мубориза бо фасод ҷиддӣ нестанд"
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон дар ин гузориш аз иҷрои "Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки на ҳамаи бандҳои ин санад дар кишвар иҷро мешаванд. Масъулини ин ниҳод дар гузориш навиштаанд, роҳбарони аввали вазорату идораҳо масъулияти иҷроиши Стратегияи мубориза бо коррупсияро ба ӯҳда нагирифта, ин корро ба шахсони ғайрисоҳавӣ вогузор кардаанд.
Дар ин мониторинг омадааст, давоми чаҳор соли ахир "дар вазорату идораҳо воҳиди кории алоҳидае, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои зертобеи онро дар самти татбиқи Стратегия ба амал барорад, ҷудо карда нашуда, ин самти фаъолият ба дигар шуъбаҳои ғайрисоҳавӣ вогузор карда шудааст. Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия ба зиммаи шӯъбаҳои ҳуқуқ ва шӯъбаҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ вогузор карда шудааст, ки ин ҳолат хилофи талаботи Нақшаи чорабиниҳои Стратегия буда, аз ҷониби онҳо дар ин самт фаъолият дар сатҳи паст қарор дорад."
Инчунин ба қавли муаллифони гузориш, роҳбарони вазорату идораҳо новобаста аз ирсоли пешниҳодҳо ва дастурҳои хаттии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, масъулияти иҷрои ин стратегиро бар дӯши худ нагирифта, зимни фармону амрҳо, иҷрои онро ба зиммаи муовинони худ, шӯъбаҳои ҳуқуқ ва шӯъбаҳои маъмуриву ҳуқуқӣ вогузор намудаанд.
Дар гузориш омадааст, ин ҳолат боиси аз назорат дур мондан ва ба пуррагӣ иҷро нагардидани бандҳои стратегия мегардад. Масъулини Оҷонсии зидди фасод, аз ниҳодҳои давлатӣ ҳамчунин интиқод кардаанд, ки маълумотҳои ҷамъбастии вазорату идораҳо ҳолати воқеии корро нишон намедиҳанд ва номукаммал мебошанд.
Панҷ соли Стратегияи муқовимат бо коррупсия
Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон соли 2013 қабул шуда, бояд то соли 2020 амалӣ гардад. Ҳадаф аз таҳияи ин санад коҳиш додани сатҳи фасод дар кишвар гуфта мешавад. Фасод дар Тоҷикистонро аз мушкилиҳои умдаи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, ки монеи рушди кишвар шудааст.
Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки "ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад".