Амрико ва Чин “мусолиҳаи тиҷоратӣ”-ро тамдид кардаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Скотт Бессент, вазири молияи Амрико, гуфт, кишвараш ва Чин ба мувофиқа расиданд, ки “мусолиҳаи тиҷоратӣ”, маъруф бо номи “Созишномаи Бусан”-ро то рӯзи 10-уми январи соли 2027 тамдид кунанд. Ин тавофуқнома моҳи октябри соли 2025 имзо шуда, қарор буд, рӯзи 10-уми ноябр ба поён расад.